logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ДАШТИ САРТАЛО ОБШОР МЕШАВАД

Дар ноҳияи Лахш ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок ва оқилона истифода бурдани замин, зиёд намудани майдони кишти картошка, ҷалби соҳибкорон ба ободонию бунёдкориҳо дар маҳалҳо тадбирҳои муҳим  роҳандозӣ мешаванд.
Садҳо гектар замини дашти Сарталои Ҷамоати деҳоти Сарталои ноҳия асрҳо аз беобӣ бекор хобида буд ва мардуми ин ҷо тӯли 40 – 50 соли охир кӯшиши обёрии онро менамуданд, аммо корёб намешуданд. Соли 2017 раиси ноҳия Баротзода Файзулло  Раҷаб таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллиро ба ин самт равона ва онҳоро барои обёрии дашт даъват намуд. Нахустин бор ба дашти сӯзони Сартало аз дарёи  шӯхи Мук ба воситаи насосҳои обкаш ба масофаи қариб  2 километр баландӣ об бароварда шуд ва дар майдони 12 гектар  картошка кишт гардид. Ба иттилои мутахассисон, аз ин замин ҳосили хуби картошка ба даст омад. Баҳори соли ҷорӣ бародарон Сиддиқовҳо  - сокинони деҳаи Қазоқон ташаббуси раиси ноҳияро дастгирӣ намуда, насосҳои боз ҳам пуриқтидорро истифода бурданд ва майдони кишти картошкаро ба 34 гектар расонданд. Ҳоло бародарон назди худ  мақсади наҷиб  гузоштаанд, ки соли оянда  50 гектар замини  ташналаби дашти Сарталоро ба  заминҳои  корами обӣ табдил медиҳанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бартараф намудани норасоии оби полизӣ - мушкилии асосии кишоварзони ноҳия пайваста тадбирҳо меандешад. Тайи ду соли охир бобати таъмиру  васеъкунии каналҳои Пиёзӣ, Қашқатерак ва Ғулама корҳои зиёде  ба анҷом расонда шудаанд. Ҷустуҷӯи роҳу воситаҳо барои обёрӣ намудани заминҳои  беоби дашти Сартало идома дорад.
Баҳори соли 2018  даъвати  раиси ноҳияро бобати обшор гардондани  заминҳои  бекорхобида  сокини шаҳри Душанбе Алишер Азимов пазируфт ва барои обёрӣ  намудани 200 гектар замини дашти Сартало  камари ҳиммат баст. Дар як муддати кӯтоҳ  таҷҳизоти  зарурӣ барои кашидани об насб карда, аз дарёи Мук ба масофаи беш аз 2 километр ба дашти Сартало об  бароварда шуд. Ин ҷавонмардони баландҳиммат тавонистаанд, ки як гӯшаи  ноободро обод ва дашти ташналабро сабзу хуррам гардонанд. Акнун ҳамагон бовар доранд, ки чанде пас ин ҷои нообод ба боғу бӯстон, ба макони нави зисти мардум табдил меёбад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 177

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед