logo

сиёсат

АЪМОЛИ НАҲЗАТИЁН ЗИДДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИСТ

Барои мардуми фурӯхташудаву хоин, ки асли арзиши онҳоро пул ташкил медиҳад, ҳеҷ гуна муқаддасот ва арзиш вуҷуд надорад. Онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, фақат ба роҳи тавтеаву дурӯғпардозӣ бо мафҳумҳое, ки арзишҳои баланди инсониро ифодагаранд, бозӣ мекунанд. Ин нукта бевосита ба фирориёни дар хориҷ паноҳбурдаи ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ марбут аст.
Ин гурӯҳи авомфиреб, ки бозичаи дасти бегонагонанд, барои таъсир расондан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд. Ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оварданд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор одамон гардид. Кишварро харобу валангор намуда, давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд. Барои ин гурӯҳ на истиқлолият, на давлат ва на миллат арзиш надоранд. Барои инҳо танҳо як арзиш - ба нархи ҷони дигарҳо ва ба нархи давлату миллат ба даст овардани сармоя ва иҷро кардани ҳадафҳои сармоягузор аст. Ҳарчанд дар расонаҳои хеш ин гурӯҳ даъво доранд, ки гӯё инсонҳои озода ва аз ҳеҷ кас вобаста нестанд  ва танҳо ба хотири дифоъ аз арзишҳои миллӣ корҳоеро анҷом медиҳанд, аммо ин танҳо сароб, дурӯғ ва тавтеа асту бас. Пушти даъвои ҳангомаҳои ин гурӯҳи шайёд пулу манфиатҳои бегона қарор мегирад.
Дастандаркорони фирории ҳизби террористӣ ва мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, тариқи роҳандозии хабару мақолоти муғризона сиёҳ кардани давлату миллати тоҷикро ҳадафи хеш қарор додаанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд. Ҳол он ки воқеияти талхи рӯзгори ахир нишон додааст, ки вопасгароии ҷомеа ва таассубу хурофотзадагии он аз назариёти ақибафтодаи онҳо маншаъ мегирад. Наҳзатиҳо даъво доранд, ки ҳизбашон аз солҳои 70 - уми қарни гузашта ба фаъолият шурӯъ намуда, дар солҳои 90 - уми асри гузашта, яъне ҳанӯз дар замони побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси ҳизби сиёсии динии расмӣ пазируфта шудааст. Агар ба воқеияти ҳамин аснод такя кунем, воқеан сабаби таассубзадаву хурофотӣ шудани ҷомеа аз солҳои бозсозии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ гардида, дар аввали солҳои истиқлол бархӯрди шадиди ақидатӣ мунҷар ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Яъне, ин ташаккулаи сиёсӣ азбаски дар Тоҷикистон, ки нуқтаи осебпазири Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва бо кишварҳои мусалмоннишине аз қабили Афғонистон ҳаммарз буд, хадамоти ҷосусии хориҷӣ бо назардошти манофеи хеш тавонистанд ҳамин гуна ташаккулаи сиёсию мазҳабиро бо роҳи мағзшӯӣ ва маблағгузорӣ ба вуҷуд оваранд. Чун дар дигар минтақаҳои мусалмоннишини шӯравӣ чунин навъи ҳизб вуҷуд надошт, дар онҳо ҷанги шаҳрвандӣ низ ба вуқӯъ напайваст. Даъвогарони имрӯзаи фирорие, ки дар хориҷи кишвар ба суди бегонагон фаъолият менамоянд, оё ба худ суол мекарда бошанд, ки омили аслии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – уми асри гузашта маҳз онҳо буданд. Ҳамчунин, шикастан ва ба тороҷ рафтани сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ба ғорати фарогир табдил ёфтани кишвар аз «баракати» ҷанги роҳандозинамудаи онҳо ва хоҷагони хориҷиашон будааст. Имрӯз даъвои онҳо оид ба  ягона ҳизби динии дар охирин марҳилаи вуҷуди шӯравӣ ба тарзи расмӣ ва қонунӣ амалкунанда будани ҲНИ суоли дигареро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад, ки чаро ҷанги шаҳрвандӣ дар дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бо чунин тарз ба вуқӯъ напайваст? Зеро дар онҳо чунин навъи ҳизб, ки хусусияти террористию экстремистӣ дошта даст ба силоҳу қатли ом занад ва миллати хешро ба кофиру муслим ҷудо намояд, вуҷуд надошт.
Ҳанӯз дар оғози истиқлолият ин гурӯҳи хоину беномус ба ҷойи ҳимоят аз истиқлолияти сиёсии кишвар ва соҳибӣ кардани мероси аз шӯравии собиқ бозмонда мардуми ноогоҳро аз минтақаҳо ба пойитахти кишвар кашонданд. Мардуми аз сиёсат дурро бо роҳи мағзшӯӣ ва ваъдаҳои осмонӣ аз деҳоту минтақаҳо ба майдонҳои сиёсӣ оварданд. Ҳадаф як буд, яъне бо ҳар роҳе, ки набошад, расидан ба қудрат. Воқеияти солҳои навадум бозгӯи онанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз шеваҳои мухталифи муборизаи хашин истифода намуда, тамоми неруҳои демократии вақтро бо мақсади ҳадафҳои сиёсӣ истифода карда, дар нимароҳ онҳоро тарк ва ба гирдоби фалокат партоб кард. Мисоли равшани онро метавон дар муносибати хунсардонаи ҳизби мазкур бо неруҳои сиёсии он замон, аз қабили ҳизби демократӣ, созмони мардумии Растохез ва соири иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ёдовар шуд, ки ҳарчанд идеяҳои хубу созанда ҳам доштанд, вале аз ҷониби сиёсатҳои хашин ва худхоҳонаи сарони вақти ТТЭ ҲНИ нодида гирифта, баръакс, ба ҳошия ронда шуданд. Чунин навъи бархӯрд, пеш аз ҳама, аз сиёсӣ кардани имону эътиқод сарчашма мегирад.
Агарчи зоҳиран роҳбарияти ин ташаккулаи террористӣ вонамуд менамоянд, ки гӯё дар расидан ба истиқлолият саҳми арзандае дошта бошанд, вале ин фиреби назаре беш нест, зеро онҳо ба хотири ба қудрат расидан аз дуруштарин ва ноҷавонмардонатарин шеваҳо истифода намуда, аз се методи  хатарбори миллаткуш истифода намудаанд, ки яке  аз он  ба  тарзи гус- турда ҷудоиандозӣ дар байни минтақаҳои кишвар буд. Тавассути ин шева омили маҳалро дар манотиқи кишвар мутлақ намуда, мардумони ҳар водиро ба муқобили ҳамдигар гузоштанд, ки сабаби кушта шудани ҳазорон нафар ва кинаву кудурати маҳаллӣ дар минтақаҳои кишвар гардид. Шеваи дигар, аз арзишҳои исломӣ истифода намуда, барчаспи «кофир» - ро бар алайҳи нафароне, ки ақидаи вопасгарову вайронгари онҳоро қабул  надоштанд  ва  рӯҳияи  секулор доштанд, махсусан, нисбат ба омӯзгорону табибон ва дигар қишри рӯшангари ҷомеа истифода намуданд. Ноҷавонмардони фошистмаоби наҳзатӣ фатвои қатли «кофар» - ро ба зердастони аз хирад дури хеш ҳукм карданд ва ҳазорон нафар мардуми мусалмони кишварро бо ин «ҷурм» ба қатл расонданд. Шеваи савуми фаслкунандаи ин палидон миллатҳои ғайри тоҷик буд, ки сабабгори қатли ҳазорон нафар аз ақаллиятҳои миллӣ гардид. Ин даҳшат то ҷойе муассир буд, ки дар як муддати кӯтоҳ миллатҳои аврупоии сокини Тоҷикистон, кишварро ба тарзи дастаҷамъона тарк карданд ва барои қисмате аз онҳо танҳо солим берун бурдани ҷони худ муҳим буд, на молу ашёи дигар. Аз тарафи дигар, ҳамин тарзи дастаҷамъона тарк кардани миллатҳои аврупоӣ таносуби гуногунии тамаддунии пойтахти кишварро халалдор намуд. 
Шеваҳои истифоданамудаи ин ташаккулаи террористӣ на танҳо истиқлолият, балки вуҷуди миллат ва кишварро ба ҳайси як қаламрави воҳид зери савол бурда буд. Аз ин рӯ, ҳар даъвое агар ин гурӯҳҳои худбохтаи беҳувият пеш меоваранд, танҳо ҳарфи популистие беш нест. Онҳо аз ҳар чизе манфиат мехоҳанд, на чизи дигар. Ин ташаккула аз бунёд зиддимиллӣ, зиддимардумӣ, вопасгарову хурофотзада буд ва дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ҳеҷ амали хуберо дар қиболи миллату давлат анҷом надодааст. Аз ин тӯдаи худбохтаи беҳувияти пастфитрат танҳо зиллату бадбахтӣ ва сарафкандагӣ бар миллат расидааст. Лиҳозо ин ташаккулаи террористӣ на танҳо дар истиқлолият саҳмгир нест, балки тамоми аъмоли он зидди Истиқлолияти миллӣ ва давлати миллӣ аст.   
Эҳсони ИЛҲОМ

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 282

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед