logo

иҷтимоиёт

РАШТ. НОМУСИ СОҲИБКОРОН БОЛО МЕГИРАД

Тайи солҳои охир дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ  вусъати тоза гирифта, саҳми тоҷирону соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва бартараф намудани мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ зиёд ба назар мерасад.
Роҳи мошингарди шаҳраки Ғарм – Ҷамоати деҳоти Навобод солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошт. Ронандагону мусофирон ҳамарӯза дар рафтуомад байни маркази ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти Тагоба, Оби Меҳнат, Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум ва Навобод ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешуданд.
Соҳибкорони ноҳия бо назардошти мушкилии аҳолӣ  аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонию бунёдкорӣ илҳом гирифта, роҳи мазкурро, ки дарозиаш 8 километрро ташкил медиҳад,  таъмир ва асфалтпӯш намуданд. Айни ҳол, бо ҳиммати соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш кардани 5 км роҳи байни шаҳраки Навобод ва деҳаи Поҷеи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода шурӯъ гардидааст.
Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат зикр кард, ки  таъмири  роҳи  мазкур  дар  доираи нақшаи чорабиниҳо  оид  ба  амалӣ   намудани   дастуру   супоришҳои  Сарвари давлат ва супориши протоколии маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳон ҷиҳати рафтуомади онҳо ба дараи Камароби Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода мусоидат мекунад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 137

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед