logo

фарҳанг

ҲИКМАТИ РӮЗГОР

Бо ин ном чанде пеш 50 – умин китоби барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи маориф Ҳабиб Искандаров ба табъ расид.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви пайвастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дар сарсухани китоб барҳақ ёдовар мешавад, ки гумон намеравад, ки номи ӯро, яъне муаллифро нафаре аз аҳли маориф нашунида бошад. Пас аз он таъкид медорад: «Инро ба он хотир бо эътимод ба забон меорам, ки ӯ воқеан ҳам устоди ҳамаи омӯзгорони ҷумҳурист. Устоде, ки аз шодиву ифтихори омӯзгорон меболад, ҳама ҷо ва дар ҳар замон истеъдодҳоро меҷӯяд, онҳоро ба ҳадди имкон дастгирӣ мекунад».
Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, бо зикри хидматҳои арзишманд ва сифатҳои неки Ҳабиб Искандаров, аз ҷумла изҳор медорад:
«Ӯро барҳақ муаллими муаллимон номидаанд. Дарвоқеъ, вақте дар ҳаштоду ҳаштсолагӣ пайи навиштан қалам ба даст мегирад, аз омӯзгорон аҳвол мепурсад, бевосита рӯзномаву маҷалла мехонад, чаро ба бузургияш қоил нашавем?... Ин китоби устод, метавон гуфт, ки рӯзгору фаъолият ва муваффақиятҳои ӯро дар соҳаи маориф, матбуот ва мактабшиносӣ ифода менамояд».
Дар ҳақиқат, ӯ тамоми умри пурбаракаташро танҳо ба ин соҳа бахшида, донишу таҷрибаи зиёд андӯхтааст. Мавсуф чун зиёӣ ва омӯзгори асил бештар ба василаи матбуоти соҳавии дохиливу хориҷӣ бо навтарин дастовардҳову усулҳои таълиму тарбия ошноӣ пайдо карда, онҳоро ба  хотири рушди маорифи кишвар шарҳу тавзеҳ медиҳаду дастрас менамояд.
Нашри китоби мазкур, ки дар он матлабҳои гуногуни муаллиф ва дигарон дар бораи ӯ ҷой дода шудаанд, барои омӯзгорону мутахассисон чун дастуру раҳнамост. Ҳамзамон, ба ҳалли мушкилоти соҳа ва низ муаллимони ҷавон мусоидат мекунад.
Китоб аз 5 қисм: «Сиёсат, маориф ва замон», «Ҳуҷҷатгузорӣ – шарти муҳим», «Масъулият дар таълим ва мавқеи масъулин», «Шинохти чеҳраҳо» ва «Шинохти устод» иборат мебошад.
Дар арафаи соли нави хониш он туҳфаи хубест барои аҳли маорифи кишвар ва шахсоне, ки ба ин соҳа дар иртиботанду дилбастагӣ доранд.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»  

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 206

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед