logo

иҷтимоиёт

ДЕВАШТИЧ. ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимию табобатӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, соҳибкорон ва фаъолони ноҳия  ҷаласаи  ситоди доимамалкунанда оид  ба  истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода зимни баромади хеш иттилоъ дод, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30 - солагии Ҷашни бузурги миллӣ сохтмони 41 муассисаи соҳаи маориф, 16 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 24 муассисаи соҳаи хизматрасонӣ, 2 пул, 33,4 км хати оби полизӣ, 16,7 км хати оби нӯшокӣ, 3 бинои маъмурӣ, 4 коргоҳи истеҳсолӣ, 16,5 гектар боғ, 20 маркази ҳунарҳои мардумӣ, 20 ҳуҷраи хатнасур, 25 майдончаи варзишӣ, 14 ҳаммом, 20 сартарошхона, 40 толори ҳусн ва таъмиру навсозии 200 километр роҳ оғоз гардидааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ 260 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Хоҷазода Ориф доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, таъкид кард, ки ҳадафи ҳидоятҳои Сарвари давлат  ободию шукуфоии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Аз роҳбарони ташкилоту идораҳо ва соҳибкорон барои вусъат додани корҳои созандагӣ ва дастгирии ниёзмандон даъват ба амал оварда шуд.
Лоиқ ТӮЙЧИЕВ, мутахассиси шуъбаи
таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 129

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед