logo

фарҳанг

"ФАРАҲ - 2018". ЗУЛАЙХО ТИЛЛОЗОДА БЕҲТАРИН БОНУИ СОҲИБКОР

Тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолияти соҳибкорони ватанӣ дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди миллӣ доман густурда, баробари мардон сафи бонувони лаёқатманд низ дар ин ҷода меафзояд. Дар заминаи имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ҳамасола фаъолияти занони соҳибкор дар доираи баргузории озмуни «Бонуи соҳибкори сол» натиҷагирӣ мешавад, ки ин иқдом ҳавасмандии бонувонро ба  соҳибкорӣ такон мебахшад. 
Имсол зимни баргузории озмуни «Фараҳ - 2018» Зулайхо Тиллозода, сокини ноҳияи Ёвон, сазовори унвони «Беҳтарин бонуи соҳибкор» гардид.
Дар озмун аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бонувони соҳибкор иштирок намуда, ғолибон аз рӯи 6 номгӯйи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ  мукофотонда шуданд.
Зулайхо Тиллозода дар номгӯи «Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ» бо беҳтарин маҳсулоти соҳа ғолиб омада, бо туҳфаи хотиравӣ, шаҳодатнома, инчунин,  ба андозаи 100 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шуд.
-  Ман   барои  ноил  шудан   ба   ин  дастовард дар фаъолияти соҳибкориям, пеш аз ҳама, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоиди  рушди соҳибкорӣ хусусан, баҳри бонувон, миннатдорам. Дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат ба мо - занҳо баробари зиндагии осудаҳолона барои пешравиҳои бесобиқаи фаъолияти ҷудогона имконият фароҳам овард, - изҳор дошт Зулайхо Тиллозода.
Дар бахшҳои «Тандурустӣ ва маориф» Умеда Гадобоева,   «Маҳсулот» Лутфия Мамадкаримова, «Ҳунарпешаи халқӣ» Каромат Ашӯрмадова, «Соҳибкории нав start-up» Мавҷуда Ҷумъаева  ва «Хизматрасонӣ дар соҳаи хӯроки умумӣ»  Муборак Фатҳуллоева аз рӯйи сифати маҳсулоту хизматрасонӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаҳо ғолиби озмун гардиданд.
Иштирокдорони озмун соҳиби шаҳодатнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ шуда, барои иштирок дар  форуми тиҷоратии  шаҳри Тошкент роҳхат гирифтанд.
Озмуни «Бонуи соҳибкори сол» бо мақсади рушди соҳибкорӣ байни бонувони кишвар аз соли 2014 инҷониб ба роҳ монда шудааст.
Бино ба иттилои Малика Мирзобаҳодурова, директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, имсол беш аз 400 зани соҳибкор  аз гӯшаю канори мамлакат  дар  озмун иштирок намуданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 147

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед