logo

иҷтимоиёт

ЭСТАКАДА. СОХТМОНИ КАМНАЗИР ДАР МИНТАҚА

Дар доираи омодагиҳо ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ даҳаи аввали моҳи сентябр дар роҳи ҳалқавии маҳаллаи 82 - и пойтахт эстакада (чорсӯи нақлиётии сесатҳа) мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳоло тибқи нақша 26 август дар назди маркази савдои «Саодат» таваққуфгоҳ барои мошинҳои сабукрав ба кор шурӯъ кард. Қабати аввали эстакада ҳанӯз аз 30 майи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дорад.
- То имрӯз ҳамаи иншооти барои мукаммалсозии эстакадаи буриши хиёбони Бобоҷон Ғафуров бо хиёбони Нусратулло Махсум сохта ба истифода дода шуданд, - иброз дошт Аброр Музаффаров, менеҷери лоиҳа аз тарафи фармоишгар.
Ба гуфтаи ӯ, таваққуфгоҳи назди маркази савдои «Саодат» аз ҷумлаи иншоотҳое мебошад, ки алҳол аз он мошинҳои сабукрав истифода мебаранд. Ғайр аз ин, ҳамаи системаҳои муҳандисии зеризаминии мавҷуда мавриди корбарӣ  қарор доранд.
Бояд гуфт, ки дар Душанбе бори аввал эстакада сохта шуд. Чорсӯи нав аз се сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров ҷой гирифтааст. Тибқи  лоиҳа, дар сатҳи дувуми эстакада роҳи давродавр бо радиуси 30 метр бунёд гаштааст, ки  ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пули 125 - метра мегузарад, ки танҳо рӯйпӯш намудани қабати болоии он бо асфалт боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти Аброр Музаффаров, барои ба итмом расидани иншооти мазкур, ки калонтарин дар минтақа ба ҳисоб меравад, рӯзҳои башумор мондаанд.
Аз ҷумла, сохтмони иншооти зеризаминӣ ба охир расид. Аз самтҳои шимол, ҷануб, шарқ ва ғарб роҳҳои зеризаминӣ бунёд ёфтанд. Гузаргоҳҳои зеризаминии самтҳои шарқу ғарб 72 - метрӣ ва самти ҷанубу шимол 54 - метрӣ мебошанд.
Корҳои сабзкорӣ, шинондани дарахтони ороишӣ, таъмини об, равшанидиҳӣ пурра ба анҷом расида, кашидани хатҳои нави троллейбус ва шаҳраки бехатар идома дорад. 
Тибқи лоиҳа, инчунин, сохтмони  роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳ дар назар аст. Бинобар ин, баистифодадиҳии роҳҳои маҳаллаҳои 91 ва 102 - и пойтахт то ба итмом расидани марҳилаи дуюми иншоот тамдид меёбад. Сохтмони пулҳо ба марҳилаи дуюми эстакада дохил мешаванд.
Дар ҳамин радиф, тавре иттилоъ дода будем, дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе эстакадаи дуюм бунёд меёбад. Сохтмони он аз 26 феврали соли ҷорӣ оғоз гашта буд. Он бояд давоми ду сол сохта шавад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 163

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед