logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МТМУ № 55 ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи майи соли 2017 оғоз ёфта, дар зарфи бештар аз 1 сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд ёфта, синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ ва аёниятҳои фаннӣ таъмин гардидаанд. Муассисаи таълимӣ дар масоҳати наздик ба 2 гектар бунёд ёфтааст. Иншоот аз ду бино иборат буда, бинои якум аз 3 қисмати 4 - 5 - ошёнагӣ ва бинои 2 - юм аз 1 қисмат иборат мебошад.
Муассиса дорои синфхонаҳои алоҳида барои гузарондани дарсҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин, дар таълимгоҳ 4 синфхонаи лингафонӣ бо муосиртарин техникаи омӯзишӣ ва 4 синфхонаи компютерӣ мавҷуданд. Шароити фароҳамовардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон нозукиҳои дарсро бо компютеру дигар дастгоҳҳои насли нав ҳамаҷониба омӯзанд.
Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Барои касбомӯзии хонандагон дар муассисаи мазкур синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона бунёд ёфтаанд. Бо истифода аз шароит онҳо метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ машғул шаванд. Маҷлисгоҳ дорои 240 ҷойи нишаст буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ошхонаи муассисаи таълимӣ барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, таълимгоҳ дорои 4 ҳуҷра барои омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ ва ҳуҷраи табибон буда, барои хонандагон китобхонаи электронӣ бунёд ёфтааст.
Муассисаи таълимӣ дорои майдонча барои бозиҳои футбол ва волейбол буда, гирду атрофи иншоот бо дарахтони мавсимӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ сабзкорӣ шудааст.
Таҷҳизоти гармидиҳии синфхонаҳо ба шабакаи гармидиҳии мутамарказондашуда пайваст мебошад, ҳамчунин, истгоҳи барқии муассиса бо 2 адад трансформатор таъмин гардидааст.
Зимни суҳбат Пешвои миллат хонандагонро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои гуногун бахусус, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, ба омӯзгорон дастур доданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ бошанд.
Пас аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маориф, омӯзгорону хонандагони шаҳри Душанбе сухан ронда, вазъи имрӯзаи соҳа ва нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакатро дар самти рушди минбаъдаи мактабу маориф таҳлилу баррасӣ намуданд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 129

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед