Хабарҳо
ҶОМ НАСИБИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ШУД
Дар Корти тенниси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мусобиқаи IX байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон ба анҷом расид.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, миёни писарон мақоми аввалро Шодмон Қурбонов ишғол кард. Ӯ дар финал Иссам Шарифовро бо натиҷаи 3:0 (7:6, 7:6, 6:2) шикаст дод. Аминҷон Абдуллоев ҷои сеюмро сазовор гашт.
Миёни духтарон теннисбози рақами яки кишвар Анастасия Турсунова дар финал бар Наргиза Яҳёева бо натиҷаи 2:0 (6:4, 6:4) ғолиб омада, соҳиби ҷои якум шуд. Мақоми сеюмро дастпарвари мактаби тенниси шаҳри Кӯлоб Диана Иванихина ишғол намуд.
Натиҷаи рақобати ҷуфтӣ байни бонувон:
1. Анастасия Турсунова (Тоҷикистон), Кристалович Полина (Ӯзбекистон).
2. Наргиза Яҳёева (Тоҷикистон), Мария Никитюк (Украина).
3. Диана Иванихина (Тоҷикистон), Сумайя Тухтаева (Тоҷикистон).
Натиҷаи рақобати ҷуфтӣ байни писарон:
1. Хушбахт Каримов, Бахтиёр Исроилов (Тоҷикистон).
2. Шодмон Қурбонов, Иссам Шарифов (Тоҷикистон).
3. Аминҷон Абдуллоев, Мансур Мирзоев (Тоҷикистон).
Варзишгароне, ки ҷои аввалро ишғол намуданд, соҳиби 1000 доллар, ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллар гардиданд. Барои мақомҳои якум, дуюм ва сеюми сабқати ҷуфтӣ бошад, 500, 400 ва 250 - долларӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ғолибони мусобиқа бо Ҷом, «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ мушарраф гаштанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 189