logo

фарҳанг

РАНГИНКАМОНИ ПИРОҲАНИ ТОҶИКӢ

Либос рукни чеҳрасози ҳар як миллат аст ва халқиятҳои гуногун тавассути либосҳои анъанавии худ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мешаванд. Аз ҷумла, тоҷиконро бо пироҳанҳои атлас, чакан, тоқиҳои гуногунранг ва либосҳои озодаву вижаи бадахшонӣ мешиносанд.
Дар Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент либосҳои анъанавии тоҷикони водии Зарафшон гирдоварӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд. Намоиши либосҳои мансуб ба асрҳои гуногун аз  соли 1958 роҳандозӣ гардид. Дар хазинаи осорхона беш аз 300 намуди либос нигоҳдорӣ мешавад.
Ин ҷо либосҳои тоҷикони Самарқанду Бухоро, Ургуту Панҷакент ва қисмати кӯҳистони водии Фалғару Мастчоҳ ҷамъ оварда шудаанд, ки қимати баланди илмӣ - фарҳангӣ доранд. Бештари ин либосҳо аз матоъҳое дӯхта шудаанд, ки имрӯз бисёр нодиранд. Онҳо дар гузашта бо дастгоҳҳои бофандагӣ истеҳсол мешуданд.
Либосҳои мардуми шаҳру навоҳии вилояти Суғд бештар аз матои атлас буда, бо либоспӯшии мардумони Самарқанду Бухоро қаробат дорад. Коллексияи либосҳои занонаи тоҷик дар осорхона рангоранг буда, аз ҷиҳати  дӯхт низ гуногунанд.
Имрӯз ҳам мардум расму оини аҷдодии моро гум накарда, ба дӯхтани пироҳану ҷомаҳои миллӣ машғуланд. То ҳол занону духтарон, мардону ҷавонон либоси миллӣ дар бар доранд. Хусусан, арӯсҳои Зарафшон дар вақти тӯй ва дигар маъракаҳо ба сар тӯр, пӯпак дар мӯй, кафш ба по ва ба каф дастрӯймол гирифта, латофату назокати арӯсии худро меафзоянд. Ҳоло оини либоспӯшии арӯсӣ аз байн нарафта,  баръакс он бо ороишоти замонавӣ боз ҳам зеботар гаштааст.
Бахши либосҳои захиравии осорхона як қисмати басо муҳим ва пурқимати мероси давраҳои пешина ва имрӯзаи тоҷикони водии Зарафшон аст, ки онро пурра кардан ва нигоҳ доштан вазифаи муҳими мо кормандони осорхона мебошад.
Мардум то имрӯз либосҳои қадимаи хешро, ки солиёни зиёд дар хазинаи оилавӣ нигаҳдорӣ шудаанду меросӣ мебошанд, ба осорхона пешниҳод менамоянд. Ҳоло дар хазина зиёда аз 20 намуди ҷомаҳои мардона, 40 намуди ҷома ва куртаҳои занона, 180 намуди ороишоти занона, 18 намуди фаранҷиҳои қадима, 15 намуди пӯпакҳо барои ороишоти мӯй ва ғайра маҳфузанд.
Шаҳноза ҚОДИРОВА,корманди Осорхонаи
ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2018    №: 171    Мутолиа карданд: 256

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед