logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ЭКСПЕДИТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮҲНАВАРДӢ АНҶОМ ЁФТ

Дар  доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 15 июл то 25  августи соли равон дар ноҳия Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардон барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур 125 кӯҳнавард аз 20 давлат, аз ҷумла кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Испания, Британияи Кабир, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Украина, Олмон, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Фаронса, Шведсия, Дания ва Австрия иштирок намуданд.
Хуршед Икромов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, изҳор дошт, ки меҳмонони хориҷӣ дар давраи баргузории экспедитсия бо шароити хуби будубош  ва хизматрасониҳои дигар таъмин буданд. Зимни рафтуомади меҳмонони хориҷӣ ба макони гузарондани экспедитсия ва ҷойҳои дигари сайёҳии ноҳия онҳоро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, табибон ва варзишгарон  ҳамроҳӣ намуданд. Ҳамчунин, кӯҳнавардон дар ин муддат аз мавзеъҳои таърихию тамошобоби минтақа боздид намуда, бо таъриху маданияти мардум ва сарватҳои нодири табиат ошно гаштанд.  Пас аз анҷоми озмуни мазкур  аксари сайёҳони кӯҳнавард аз табиати нотакрори ҷумҳурӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ намуданд. Ин ҳолат аз ояндадор будани соҳаи сайёҳии кӯҳнавардӣ дар мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
Кӯҳсори азими Тоҷикистон ва шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар барои сайёҳон имконият медиҳад, ки сол аз сол вуруди кӯҳнавардон ба мамлакат афзоиш ёбад. Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин (7495 метр) қуллаи кӯҳӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ном бурда мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, ин қуллаи дар олам машҳур бо зебоию гуногунрангиаш дар ояндаи наздик ба маркази асосии озмоиши кӯҳнавардони ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Бо ин мақсад дар ноҳия имрӯзҳо ҷиҳати бунёди меҳмонхонаҳо дар мавзеъҳои барои сайёҳон писанд, тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2018    №: 171    Мутолиа карданд: 151

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед