logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. Бунёди боз 10 маркази саломатӣ дар деҳот

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб кардаанд.
Қурбоналӣ Қурбонов, масъули бахши кор бо ҷомеаи раёсати тандурустии вилоят, иброз дошт, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати кишвар ва Бонки ҷаҳонӣ дар ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ таъмиру азнавсозии 9 бинои маркази саломатии деҳот ба анҷом расид. Биноҳои навсохт бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, мизу курсӣ, ҷевону яхдон, дастгоҳҳои огоҳкунанда аз сар задани сӯхтор, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, генератору панелҳои офтобӣ ва утоқҳои корию хизматрасонӣ бо дастгоҳи таъминкунандаи гармию хунукӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд.
Дар марҳилаи дуюм сохтмони 10 маркази саломатии дигар дар деҳоти вилоят шурӯъ гардида, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ то соли 2021 марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Баъди анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ, шумораи кормандони ҳар як маркази саломатӣ ба 16 нафар расонда мешавад.
Азизулло Холов, менеҷери шуъбаи тандурустии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, зимни суҳбат зикр кард, ки бо сохта ба истифода додани марказҳои саломатӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ имкон фароҳам меояд, ки ташхиси бемориҳои занона, фишор, гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, муайян намудани миқдори қанд дар хун ва корҳои озмоишӣ дар маҳалҳо анҷом дода шаванд.
Ин бунёдкориҳо аз як тараф симои шаҳру ноҳияҳоро дигаргун намоянд, аз ҷониби дигар сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардида, нафарони зиёди бешуғл бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1774

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед