logo

фарҳанг

САДБАРГИ ЗАРИН

Номи нависандаи тавонову машҳуру маҳбуби рус Константин Георгиевич Паустовский (1892 – 1968) ба хонандагону алоқамандони адабиёт ошност. Нигоҳи ӯ ба табиат ва муъҷизаҳову зебоиҳои он аз дигар адибон тафовути зиёд дорад. Ба ҳар як гулу гиёҳ ва дарахтони кишвараш  чун шоиру ошиқи содиқ менигарад. Нозукбаёну дақиқназар мебошад. Барои шинохти истеъдоду шуҳрати нависандагияш ин қадар кофист, зикр бишавад, ки барои дарёфти ҷоизаи Нобел пешбарӣ шуда буд.
«Садбарги зарин» аз ҷумлаи асарҳои беҳтарини ин адиб мебошад, ки дар кишвари муаллиф, яъне Русия ва дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон борҳо ба табъ расида, дастраси хонандагони сершумор гардидааст.
Муаллиф дар мавриди таълифи ин китоб таъкид медорад, ки он «асари тадқиқотии назариявӣ ва хусусан, дастурнома нест. Ман дар ин ҷо қайдҳо ва таҷрибаи эҷодии худро роҷеъ ба кори нависандагӣ фароҳам овардаам… Агар бо ҳамин навиштаҳо ҳам аз ҷавҳари зебои заҳмати нависандагӣ ба хонанда қадре расонда бошам, вазифаи худро дар назди адабиёт анҷомёфта меҳисобам».
«Садбарги зарин» - ро нахустин бор ба забони тоҷикӣ соли 1983 нашриёти «Ирфон» дар тарҷумаи Бахтиёр Муртазо нашр намуд. Нашриёти «Адиб» тасмим гирифт, ки ин китоби ҷолибу хонданиро дар таҳрири нав бори дигар барои дилбастагони адабиёт ва мутахассисони соҳа ба нашр бирасонад.
Мавриди зикр аст, ки асари мазкур дар миёни хонандагони тоҷик солҳои 80 – уми асри гузашта маҳбубияти зиёд пайдо кард ва яке аз асарҳое маҳсуб мешуд, ки мутолиакунандаи бисёр дошт. Албатта, мутарҷим он замон саъю кӯшиш ба харҷ дода буд, то назокати асар дар тарҷумаи тоҷикии он боқӣ бимонад ва ба ин мақсаде, ки дошт ноил гардид. Тавре дар нашри дувуми асар ӯ иброз доштааст: «Мувофиқи талаботи замон тарҷумаи худро аз нав таҳриру тасҳеҳ намуда, боберо, ки аз нашри аввал бо сабабе афтода буд, илова кардам». Дар таҳрири нав бо иловаи як боби дигар асар боз бештар ҷолибу хонданӣ шудааст. Тӯли ин солҳо, бешак, ҳунару истеъдоди адибу мутарҷими шинохтаи тоҷик афзудааст. Ин ҳақиқат дар тарҷумаҳо ва асарҳояш равшан ба назар мерасад.
Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», номзади илмҳои филология, дар сарсухани ин китоб барҳақ таъкид доштааст: «Мутарҷими китоб Бахтиёр Муртазо ҳамон гуна, ки муаллифи «Садбарги зарин» ба забони асари бадеъ муносибати фавқулода бодиққат ва ҳунармандона дорад, ин китобро ба забони сара ва шевою ғанӣ тарҷума кардааст ва маълум аст, ки тарҷума бо илҳоми саршор анҷом гардида, мутарҷим ба ҷаҳони маънавии соҳиби матни асл на танҳо ошноии хуб дорад, балки онро барои худ қарин медонад, ба арзишҳое, ки Константин Паустовский онҳоро васф мекунад, арҷу эҳтиром қоил аст».
Ҳамин тавр, «Садбарги зарин» бо таҳриру такмил падидаи неки адабӣ маҳсуб мешавад ва ҳамзамон, туҳфаи хубест ба ҳаводорону мутахассисони каломи бадеъ ва тарҷумаи адабӣ.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2018    №: 172    Мутолиа карданд: 208

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед