logo

фарҳанг

ВАҚТЕ КИ КӮҲ МЕГӮЕМ...

Вақте кӯҳ мегӯед, беихтиёр пеши назар Тоҷикистон, тоҷикони тозадилу хушгӯ ва паҳлавону ранҷбар, пандгӯву тадбирҷӯ ҷилвагар мешаванд. Одамоне пеши назаратон меоянд, ки солҳои зиёд ризқу рӯзии худро аз дили санг мерӯёнанд. Дар сабурӣ аз сангҳо сабуртаранд. «Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст, Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст» гуфтани шоир ҳам, ба ҳамин маънист.
Кӯҳ дар давоми асрҳо ба намоди ҳақиқии халқи мо табдил ёфтааст. Тоҷдорӣ ҳам ба масал хоси кӯҳистониҳост, зеро сарбаландию побарҷоиро кӯҳистониён аз кӯҳсорони хеш меомӯзанд. Устод Лоиқ ҳам навишта буд:
Чу мо фарзанди кӯҳҳои баландем,
Ба мо пастӣ намезебад бародар!
Як силсила ҳикояҳои Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) таҳти унвони «Дар кӯҳистони канора» дар китоби тозанашраш «Саргузашти мисли зиндагӣ пурпеч» (2018) ҳам, айнан ба ҳаёти аҷибу ҳикматбори кӯҳистониён бахшида шудааст. Бавижа, ҳикояҳои «Одамгарӣ аз чӣ оғоз меёбад?», «Се насиҳати падар», «Садоқату вафодории охирин», «Кӯҳиён ба марги худ омодагӣ мегиранд», «Зан се бор мемирад», «Қабристони болои деҳ» аз ҷузъитарин қисматҳои рӯзгори кӯҳистониён, лаҳзаҳои ҳассосу муассир, ҳикмату ҳикматҷӯии онҳо ва то чи андоза дурандеш будани эшон нақл мекунанд.
Вақте хонанда ба мутолиаи ҳикояҳо мепардозад, бори дигар фарзанди кӯҳистон будани худро бо тамоми ҳастӣ эҳсос менамояд. Масалан, ҳикояи «Қабристони болои деҳ» аз ҳамин зовия иншо шудааст. Шераки Ориён шарҳ медиҳад, ки аз ҳама гӯшаву канори деҳа қабристон ба назар мерасад. Сабаб чӣ бошад?
Адиб сабаби дар баландиҳо ҷойгир будани оромгоҳи деҳаро ҷуста, менависад: «Қабристон, ҷузъи ҷудонашавандаи деҳ, огоҳ бикунад: оқибати кор чунин бошад. Балки таъкид бисозад: ту зиндаӣ ҳанӯз, пас ба қадри зиндагӣ бирас, баҳра бардор. Балки барои зиндагӣ талош биварз». Дар зиндагӣ нишонаи нек бигзор ва рӯзе охирин нишона – қабратро бинанду гӯянд: «Аз они туст». Агар манзили охират дар пастӣ мебуд, ба чашм намерасид ва аз он панд намегирифтанд.
Дар ҳикояи «Кӯҳиён ба марги худ омодагӣ мегиранд» як ҷаҳон андарз нуҳуфтааст. Дар ҳақиқат, тоҷикони кӯҳистон маргро ҳамчун атои яздонӣ мепазиранд ва, ҳатто, ба пешвози он омодагӣ мегиранд. Солашон, ки рафт, кафанворӣ харида, як миқдор маблағ барои хароҷоти рӯзи дафн захира мекунанд. Шераки Ориён менависад: «Ҳатто новобаста аз сахт будани зиндагиашон аз нӯги бозёфташон кам - кам маблағ ҷамъ меоваранд, ки мурдапулӣ ном дорад, яъне пуле, ки оянда дар маъракаи мурдаи худашон сарф мешавад; сипас ҷои захиракардаи онро ошкор месозанд ба касе, ки бовар доранд…».
Нависанда ба паҳлуҳои рангини зиндагии мо аз даричаи бадеият менигарад ва вижагиҳои бештар ба чашм ноаёни онро бисёр рӯшану сода нишон медиҳад. Ҳарчанд равандҳои адиб зикркарда маъмулӣ бошанд ҳам, мо камтар ба онҳо таваҷҷуҳ мекунем ва аксари насли ҷавон огоҳ ҳам нестанд. Аз забони кӯҳистониён боз ҳам меафзояд: «Аслан ҳамин гиря кардан дар мотами каси мурда бори вазнин бошаду онро бардоштан осон нест, пас ақаллан хароҷоти мурдаи худатро пешакӣ бардор…».
Воқеан ҳам, ғуруру номуси одамгарии халқи мо чунон баланд аст, ки то вопасин нафас намехоҳад гаронии тану ҷон ва рӯзгораш ба дӯши каси дигаре афтад. Як бурда нони ҷавини худро мехӯранду кабоби миннатии касро не. Ҳатто ин анъанаи нонавиштаро то рӯзи марг идома медиҳанд ва рӯзи дафн хароҷоти гӯру чӯби худро аз ҳисоби худ мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз тамоми неку бади рӯзгор ғофил будан нашояд.
Баъзе аз куҳансолони дунёдидаву ботаҷриба фариштавор қариб омадани маргро мефаҳманд ва фарзандони худро сарҷамъ намуда, аз неку бад суҳбат меороянд. Таъкид мекунанд, ки дӯстиву робитаро бо фалон хонадону шахсиятҳо канда накунед, мо аз онҳо некиҳои зиёд дидаем. Анъанаҳои махсуси оилавиро пос доред ва ба фарзандонатон номи нек боқӣ гузоред.
Суханҳову таъкидҳои азизонамон дар он лаҳзаҳои ҳассос барои мо ҳукми қонунро мегиранд. Зеро мешавад бо як сухан душмании чанд авлодро аз байн бурд.
Нависанда ҳам, айнан ба ҳамин хусусиятҳои куҳансолони мо таваҷҷуҳ мекунад ва аз онҳо риштаҳои маънӣ мекашад. Ин мисли он аст, ки мардуми Қафқоз бештари анъанаву оинҳои кӯҳистонии худро ҳифз кардаанд ва дар ҷаҳон тавассути ҳамин вижагиҳои ҳаёти кӯҳии худ маъруф шудаанд.
Ба андешаи мо, месазад, ки аз рӯи ин ва дигар ҳикояҳои Шераки Ориён филмҳои кӯтоҳмуддат ба навор гирем. Ин, агар аз як тараф пояҳои ахлоқии моро мустаҳкам намояд, аз тарафи дигар, тавассути онҳо урфу одатҳои наҷибу нотакрори мо пешорӯи халқи ҷаҳон гузошта мешаванд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2018    №: 172    Мутолиа карданд: 157

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед