logo

иҷтимоиёт

АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ ХОҲАД ШУД

3 сентябри соли 1924 нахустин ҳавопаймо дар Душанбе фуруд омад. Аз ҳамон рӯз ин сана ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар остонаи ҷашни касбӣ бо хоҳиши хабарнигори рӯзнома директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода вазъ ва дурнамои соҳаро шарҳ дод.
Авиатсияи тоҷик дар амалисозии се ҳадафи асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамчун яке аз соҳаҳои нақлиёт нақши муайян ва ҳиссаи арзандаи худро гузошт ва Тоҷикистонро бо қитъаҳою давлатҳои ҷаҳон пайваст. Айни ҳол авиатсияи граждании кишвар сол ба сол рушд меёбад. Домони  ҷуғрофияи парвозҳо аз Тоҷикистон ба давлатҳои манотиқи гуногун васеъ гардида, сатҳи хизматрасонӣ ба стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ расонда шудааст. Айни замон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ кишвари мо бо 26 давлати хориҷи дуру наздик, аз ҷумла 9 кишвари ИДМ (Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон), 5 кишвари Аврупо (Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия ва Латвия) ва 12 кишвари Осиё (Туркия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт ва Кореяи Ҷанубӣ) оид ба алоқаи ҳавоӣ созишномаҳо ба имзо расондааст. Лоиҳаи созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоии Тоҷикистон бо Финляндия, Фаронса, Шри - Ланка, Ветнам, Малайзия, Гурҷистон, Молдова, Амороти Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи баррасӣ қарор дорад.
Баъд аз танаффуси 26 - сола бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав алоқаи ҳавоӣ бо давлати дӯсту ҳамсоя - Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардид. Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самтҳои Душанбе - Тошканд - Душанбе, Душанбе - Самарқанд - Душанбе ва Душанбе - Бухоро - Душанбе  хатсайрҳо фаъол гаштанд.
Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 декабри соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, фаъ-олияти хешро маҳз ба рушди соҳа ва фаъолияти самараноки корхонаву ширкатҳои авиатсионӣ равона намудааст. Яке аз вазифаҳои асосии агентӣ ин танзиму назорати соҳа, таъмини амният ва  бехатарии  парвозҳо  мебошад. Ба фаъолият пардохтани терминали боркашонии муосири ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (25 июни соли 2018), ки дар таърихи авиатсияи граждании кишварамон нахустин мебошад, ба хеле беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти ҳавоӣ, ҳамчунин, оғози парвозҳои транзитии ҳавопаймоҳои боркаши ширкатҳои хориҷӣ тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву  иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе сохтмони толори нави пешвозу гусели намояндагони расмӣ (толори ВИП) оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир ва стандартҳои нави байналмилалӣ барои таъмини амнияти парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва муътадил нигоҳ доштани ҳавасмандии мусофирон ба парвоз тавассути нақлиёти ҳавоӣ ворид намудани ҳавопаймоҳои миёнаҳаҷми муосир, технологияҳои нав-тарин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори фурудгоҳ, аз ҷумла сохтмони манораи назоратӣ - диспетчерии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», азнавсозии парки ҳавопаймоҳҳо ва дастгоҳҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия», сохтмони толорҳои транзитӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд ҷараён доранд.
Чун Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи кормандони соҳаи авиатсияро бо фарорасии иди касбӣ ва кулли мардуми кишварро бо 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2018    №: 173    Мутолиа карданд: 354

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед