logo

сиёсат

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ

1 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт парда аз руйи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино бардошта, дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2017 Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санги асос гузошта буданд.
Тибқи лоиҳа шаҳраки нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар масоҳати наздики 11 гектар таҳия шудааст.
Дар асоси нақшаи кулл, дар ҳудуди иншоот хонаҳои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорон, биноҳои хобгоҳ барои донишҷӯён, толори варзиш, ҳавзи шиноварии пӯшида бо ҷойи нишасти тамошобинон, биноҳои озмоишгоҳҳо, ошхона, 3 бинои таълимии иловагӣ, майдони варзишӣ, бинои баландошёнаи маъмурию таълимӣ бо маҷлисгоҳ ва муҷассамаи шоиру олими барҷаста ва нобиғаи ҷаҳонӣ Абуалӣ ибни Сино ҷойгир шудааст.
Агар ба таърихи таъсиси донишгоҳ ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ назар созем, ин даргоҳи илм ҳамчун яке аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ дар кишвар, рушди илми тиб ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа, мақоми хоса дорад.
Соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба фаъолият оғоз карда, соли 1992 баъди соҳибистиқлол гардидан, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ табдил дода шудааст.
Донишгоҳ 79 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар донишгоҳ 3 академик, 4 узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 83 доктори илм, профессор, 229 номзади илм, дотсент ва 325 муаллими калон ва ассистент фаъолият мекунад. Донишгоҳ дар давраи фаъолияташ зиёда аз 42 ҳазор нафар табиб тайёр кардааст, ки 1500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд. Айни замон дар донишгоҳ 790 муҳассилини хориҷӣ аз 13 мамлакат, аз қабили Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Латвия, Озарбойҷон, Афғонистон, Яман, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, таҳсил доранд. Имсол бошад, тибқи квота донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар 10 соли охир ба донишгоҳ 1445 нафар донишҷӯён тибқи Квотаи президентӣ қабул карда шудааст.
Дар донишгоҳ тибқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факултет - тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва фармасевтӣ мавҷуд аст. Аз рӯйи 39 ихтисоси таҳсилоти баъдидипломӣ - таҳсил дар зинаи ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар сохтори донишгоҳ, ҳамчунин, 10 шуъба, 11 марказ, 11 шӯро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият карда истодааст. Дар сохтори донишгоҳ дар 10 соли охир 11 марказ, 5 шуъбаи алоҳида ва 1 озмоишгоҳ таъсис дода шудааст, ки самаранок гардидани раванди таҳсилот ва фаъолияти донишгоҳро таъмин менамоянд.
26 декабри соли 2007 дар натиҷаи сӯхтори шадид, масоҳати зиёда аз 9 ҳазор метри мураббаи биноҳои марказии донишгоҳ пурра корношоям гардид. Бинои асосӣ бар асари ин ҳодиса валангор гардида, толорҳо ва синфхонаҳо вайрон шуданд.
Дар натиҷаи чораҳои фаврии андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар зарфи камтар аз 11 моҳ биноҳои донишгоҳ пурра барқарор ва аз пештара дида хеле ободу зебо ва бо таҷҳизот муҷаҳҳаз шуданд. Танҳо барои сохтмону барқарорсозии биноҳо бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 14 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сарф шудааст.
25 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои марказии донишгоҳ пас аз барқарорсозии баъдисӯхторӣ дубора ба истифода супурда шуд. Ҳамон рӯз баъди ба истифодадиҳии бинои навтаъмири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Сарвари давлат бо шароити нави таълим дар донишгоҳ шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир карданд.
Имрӯз баъди пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, аҳли зиёи кишвар ва кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии ҷумҳурӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ донишҷӯён ва устодон, аз ҷумла Маликабону Наимзода, Набиҷон Ҳамидов, Нуралӣ Зарифзода, Сабрина Садирова, Гулнора Хоҷиева ва Фурӯғ Ҳайдарова, суханронӣ карда, ба Сарвари давлат барои таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил, якпорчагии кишвар, талошҳову тадбирҳо барои зиндагии шоистаи мардум, пешрафти илму маориф, рушди соҳаи тандурустии мамлакат изҳори сипос карданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниро ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷамъбаст карда, оид ба ҳалли баъзе масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаронӣ ва дар назди вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, аҳли ҷомеа, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти мамлакат аз вазъи ногувори гирифторшавӣ ба нашъамандӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ изҳори нигаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ яке аз мушкилоти замони муосир маҳсуб ёфта, дар қатори дигар касалиҳои ҷанбаи иҷтимоидошта на танҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иҷтимоиёту иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон хисорот ворид месозад. Вобаста ба ин, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар вазифадор шуданд, ки барои пешгирии ин бемориҳо, ки ба обрую эътибори мамлакат таъсир мерасонанд, чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат зимни баромади худ вобаста ба ҳолатҳои истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои буҷетӣ дар як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, даст ба ҷиноят задани кормандони соҳа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамаи муассисаҳои тиббиро вазифадор карданд, ки барои решакан кардани чунин кирдорҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд.
Мавриди зикр аст, ки Рӯзи дониш ва дарси сулҳ тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии радио ва телевизион мустақиман пахш карда шуд ва тамоми мардуми кишвар имкон пайдо карданд, ки суханронии Пешвои миллатро дар як вақт бо иштирокчиёни мулоқот тамошо намоянд.

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2018    №: 173    Мутолиа карданд: 145

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед