logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. ИСТИХРОҶ ДАР РУШДИ ИҚТИСОД НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД

Мувофиқи  арзёбии олимону мутахассисони байналмилалӣ, аз ҳисоби истихроҷи сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон то 50 дарсади даромади Буҷети давлатиро таъмин кардан имконпазир аст. Айни ҳол даромади Буҷети  давлатӣ аз ҳисоби истихроҷи захираҳои табиӣ 7 дарсадро  ташкил медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз захираҳои фаровони табиии кишвар ва ба ин васила зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ фазои мусоиди сармоягузориро муҳайё намудааст. Соли 2012 Тоҷикистон узви Созмони байналмилалии иқтисодии “Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ” гардид ва бо он ҳамкории зичро ба роҳ монд.
Ҷаҳонгир Неъматов, намояндаи созмони номбурда дар Тоҷикистон, изҳор дошт, ки иқдомҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи истихроҷ мусоидат менамоянд. Узвият дар ин созмони байналмилалӣ яке аз нишондодҳои фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷодаи истихроҷи канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ  ва фаъолияти соҳибкорист. Пеш аз ҳама, бо роҳи истихроҷи канданиҳои фоиданок ворид намудани маблағи зиёд ба буҷети давлат имконпазир мегардад. Тоҷикистон, хусусан аз лиҳози захираҳои табиии нуқраю ангишт, дар ҷаҳон  мақоми намоёнро соҳиб аст.  
Тибқи иттилои оморӣ,  дар ҳудуди ҷумҳурӣ  конҳои тилло кашф шудаанд. Кишвари  мо дар дунё аз рӯи захираи нуқра ҷойи 2 - юмро  ишғол мекунад. Бар асоси таҳлили коршиносони соҳа,  Тоҷикистон имкон дорад, ки давоми беш аз 150  сол  бо иқтидори солонаи 50 тонна нуқра истихроҷ намояд. “Кони Мансур” яке аз конҳои азими  нуқраи мамлакат  аст.
Аз ҳисоби захираи сурма Тоҷикистон миёни мамлакатҳои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил  мақоми аввалро касб мекунад. Дар кони аз ҳама калонтарини сурмаи  кишвар  50 дарсади захираи сурмаи ҳудуди ИДМ мавҷуд аст. Сурмаи дар Тоҷикистон нуҳуфта агар ҳар сол 800 - тоннаӣ истихроҷ гардад, барои 45 соли оянда басанда мебошад.
- Захираи ангишт низ дар қаламрави мамлакат зиёд буда, 4,5 миллиард тонна ё 22 дарсади захираи ангишти  Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Ҳаҷми зиёди ин маҳсулот дар конҳои “Шӯроб”, “Фон - Яғноб”, “Моғиён”, “Зиддӣ”, “Назар-Айлоқ”, “Миёнадеҳ - Ҳайрон” ҷойгир аст.  Аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон пас аз Русия миёни давлатҳои ИДМ ҷойи дуюмро мегирад ва ҳаҷми захираи он 527 миллиард киловат - соатро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд барои баҳрагирӣ аз имкониятҳои фаровони табиӣ дар мамлакат шароити зарурӣ ва низоми дурусти  қонунгузорӣ муҳайёст, вале баъзе мушкилиҳои ҷузъӣ садди афзоиши истихроҷи канданиҳои фоиданок гардидаанд.
Ҷаҳонгир Неъматов баъзе мушкилиҳо дар таҳияи санадҳо, ба таъхир гузоштани иҷозатномадиҳӣ, пардохти андозҳои дукарата ва кам будани тендерҳоро аз монеаҳои асосии рушди бахши истихроҷ ва фаъолияти корхонаҳои соҳа дар кишвар медонад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин сабабҳо ба татбиқи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ халал мерасонанд ва ба коҳиш ёфтани иқтидори истеҳсолии бархе аз корхонаҳо оварда расондаанд. 
Олимҷон Бобоев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар ин маврид чунин иброз дошт:
-  Масъалаи беҳтар намудани қонунгузории бахши истихроҷи захираҳои табиии мамлакат ва ҷалби бештари ширкатҳои ба ин самт ҳамеша мавриди баррасӣ ва таваҷҷуҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар ин ҷода, хусусан мушкили ҳаҷми зиёди маблағи пешпардохт барои ширкатҳои истихроҷкунанда ва содагардонии иҷозатномаҳо ҳалталаб аст. Ин масъаларо Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати рафъи  муаммоҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намояд. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 245

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед