logo

фарҳанг

КИТОБ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар зимни маросими ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ дар суханронии пурмуҳтавои худ, аз ҷумла аз фарҳанги волои китобдориву китобнависии аҷдодон, китобхонаҳои бузурги фарҳангистони “Гунди Шопур” - и даврони Сосонӣ ва “Сивон-ул-ҳикма” - и даврони Сомонӣ, инчунин  аз китобсӯзиҳову тороҷгариҳои аҷнабиён дар давраҳои гуногуни таърих, ёдовар шуда, ибрози эътимод намуданд, ки он ҳама китобҳои сӯхта, китобхонаҳои оташгирифта, ёдгориҳои барбодрафтаи таърихии халқи тоҷик имрӯз дар симои Китобхонаи миллии мо аз сари нав эҳё гардида, дар роҳи боло бурдани ҷаҳони маънавии халқамон нақши арзанда мебозанд.
Ин суханҳои  илҳомбахши Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияти ин кохи илму маърифат сармашқи фаъолияти кормандон қарор гирифта, дар ҳама самтҳои фаъолият дастовардҳои зиёде ба назар мерасад.
Айни ҳол дар Китобхонаи миллӣ, ки бо 28 махзан барои нигаҳдории 10 миллион китоб пешбинӣ шудааст, 5,5 - 6 млн. нусха адабиёт маҳфуз буда, теъдоди аъзои он ба беш аз 160 ҳазор расидааст. Толорҳои хизматрасонӣ аз соати 08:00 то 20:00 ва аз рӯйи мавсимҳои сол, инчунин, то соати 22:00 кору фаъолият менамоянд. Китоби дархостгардида аз ҷониби кормандон дар муддати 10 - 15 дақиқа дастраси хонанда мегардад. Соле ду маротиба доир ба сифати хизматрасонӣ дар Китобхонаи миллӣ байни хонандагон назарсанҷиҳо гузаронда мешавад. Хушбахтона, назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ин муассисаи бонуфузи фарҳангӣ сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён хуб ба роҳ  монда шудааст. Китобхона  бо дош- тани 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст ҳамарӯза, ба ҳисоби миёна, ба 1450 хонанда  хизмат мерасонад. Баргузории  конфронсҳо, вохӯриву симпозиумҳо, чорабиниҳои фарҳангиву маҳфилҳои адабӣ  яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса мебошад.
Бахшида ба Рӯзи китоб ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Китобхонаи миллӣ нақшаи чорабиниҳо  қабул гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд  таҷлил намудани ин санаҳои муҳими ҷашнӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла:
- Ташкили намоиши китобҳо ва дастовардҳои КМТ - Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Роҳҳои татбиқи инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 85 - солагии Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  ва Рӯзи китоб;
- Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи китоб бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ;
- Чорабинии фарҳангии маҳфили «Ҳамешабаҳор» таҳти унвони «Ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ», ки ба дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон бахшида шудааст;
- Рӯзи «Дарҳои боз» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои дар шаҳри Душанбебуда;
- Мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши китоб дар ташаккули фарҳанги маънавӣ» дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон;
- Ҳамоиши илмӣ - оммавӣ таҳти унвони «Китобхонаи миллӣ ва таҳкими арзишҳои Истиқлолият» дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
- Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамо ва ҳалли мушкилоти таъмини китобҳои брайлӣ ба забони тоҷикӣ» дар ҳамкорӣ бо ассотсиатсия ва ҷамъиятҳои махсус, маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баргузории чорабиниҳои мазкур дар таҳкими раванди китобдорӣ, ташвиқи бештари китобу китобхонӣ миёни аҳли ҷомеа ва ҳамин тавр, дар сайқалёбии андешаи миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдориямон аҳамияти бузург хоҳад дошт.
На танҳо худи мо, балки тамоми миллати мутамаддини ҷаҳон аз ин ҳақиқати бебаҳс огоҳанд, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдорӣ буда, таъриху тақдирашон ба килку қалам ва девону дафтар алоқаи ногусастанӣ дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши давраи бостонӣ, хираду заковати халқҳо ва наслҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Абдусалом МИРАЛИЗОДА, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,
профессор

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 249

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед