logo

иқтисод

РАШТ. ДАР ҲОЛИ РУШДУ ШУКУФОӢ

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Рашт корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуданд. Дар доираи тадбирҳо оид ба омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ бунёди 120 иншоот тарҳрезӣ гардида,  ҳоло дар 36 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтаанд.
Тавре Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, тайи чор соли охир корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ноҳия босуръат ҷараён гирифта, дар ҳошияи сохтмони иншооте, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар роҳандозӣ гардиданд, соҳибкорон низ дар пешрафту шукуфоии ноҳия саҳми назаррас мегиранд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бо ибтикору маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш намудани роҳҳои байни деҳаҳо ва маҳаллаҳо идома дорад. Таъмири роҳҳои байни маҳалҳои аҳолинишин, бунёди ҳаммому сатарошхона, кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои намоишу фурӯши ҳунарҳои дастӣ  дар ҳар як деҳа ва марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки дар доираи ҳамин нақшаи тадбирҳо ба роҳ монда шудааст, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад.
Соҳаи саноат низ рӯ ба пешравӣ дорад. Дар ноҳия тайи солҳои охир 12 корхонаи саноатӣ таъсис ёфтааст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳ 13 миллиону 865 ҳазор сомониро ташкил дод.
Кишоварзӣ низ асоси рушди иқтисодиёти ноҳия маҳсуб меёбад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 61 миллиону 576 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 697 ҳазору 430 сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия дар майдони 2317 гектар ғалладона, 2007 гектар картошка, 557 гектар сабзавот ва 637 гектар зироатҳои техникӣ кошта, боғпарварон дар майдони 70 гектар боғҳои нав бунёд карданд.
Ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дастгирии ниёзмандон ҳамеша авлавият дода мешавад. Соли таҳсили гузашта дар 112 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 26 ҳазору 685 нафар хонанда, ки аз ин 1779 нафарашон хатмкунандагони синфи 11 буданд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Тибқи Квотаи президентӣ 22 нафар хатмкунандагони болаёқат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил гардиданд.
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҳоло сохтмони 5 бинои таълимӣ ва 30 синфхонаи иловагӣ идома дорад.
Таъмиру азнавсозии биноҳои тандурустӣ низ  вусъат ёфтааст. Аз ҳисоби соҳибкорон то имрӯз ду бинои бунгоҳи саломатӣ дар деҳаҳои Сияҳлояк ва Кӯлоба, инчунин, дар назди беморхонаи марказии ноҳия бинои маркази будубоши кӯдакони имконияташон маҳдуд сохта ба истифода дода шуд.
Боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳракҳои Ғарм ва Навобод азнавсозӣ гардида, дар онҳо гулу дарахтони ҳамешасабз шинонда шуданд.
Бахшида ба Соли нави мелодӣ, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ, идҳои Ғалаба ва Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои хотирмони фарҳангию фароғатӣ доир гардиданд.
Масъалаи тарбияи ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Варзишгарони ноҳия имсол дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ 13 медали тилло, 9 нуқра ва 26 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин давра дар ноҳия 15 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 100 мусобиқаи ноҳиявӣ баргузор гардид.
Масъалаи танзими расму маросим низ батадриҷ роҳи ҳалли худро меёбад. Сарфу харҷи маъракаҳо кам шуда, мардум бештар ба бунёдкориву созандагӣ даст мезананд. Чанде пеш 2 ҳолати риоя накардани талаботи қонуни миллӣ ошкор гардид ва қонуншиканҳо мувофиқи кирдорашон ҷазо гирифтанд.
Аз байни ҷавонон сафи онҳое, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, рӯз то рӯз меафзояд. Дар даъвати баҳорӣ 109 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, ки аксари онҳоро ихтиёриён ташкил медиҳанд.
Ҷиҳати бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва ноил шудан ба сатҳи баланди хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳои мукаммал таҳия гардидааст ва татбиқи ин нақша идома дорад. Ҳоло дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавӣ, аз қабили «Соҳили Сурхоб», «Шоми Рашт» ва меҳмонхонаи ҷамъияти матлуботи ноҳия, ки ба тамоми талаботи замон ҷавобгӯанд, ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
- Тадбирҳо оид ба пешрафту шукуфоии ноҳия пайгирона роҳандозӣ мешаванд. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат низ ба рушди минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи мо, хос аст. Дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пай дар пай биноҳои наву замонавӣ қомат меафрозанд. Итминони комил дорем, ки то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ симои Рашт боз ҳам зеботар мешавад ва сатҳи зиндагии мардум низ боло меравад, - гуфт раиси ноҳия.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»  

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 348

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед