logo

сиёсат

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. ДАР ПАРТАВИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ӮЗБЕКИСТОН

Инак, аз сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дӯсту ҳамсоя - Ӯзбекистон чанд рӯз гузашт. Тибқи мушоҳидаи мардумшиносии ман, аз ҳамон истиқболи пурмуҳаббат ва «Шоми дӯстӣ» то имрӯз ҳазорон - ҳазоронро дидам, ки аз ин сафар бениҳоят шоданд. Аз хабарҳо, телефонҳо, паёмакҳо, навиштаҳои интернет, дар донишгоҳҳо, мактабҳо,  гуфтугӯҳои кӯчаҳову бозорҳо, суҳбатҳои меҳмонӣ дар ҳама ҷо гап дар бораи ҳамин пайванди дӯстии абадии ин ду кишвару ин ду миллат аст. Ман худ дидам, ки одамони зиёд ашки шодӣ мерехтанд ва ҳоло низ аз он лаҳзаҳои неку гуворо ёд мекунанду мегӯянд, ки «аҷабо, дар хобем ё бедорем!».
Дар «Шоми дӯстӣ», ки Пешвои миллат сухан гуфтанд ва онро миллионҳо одамон аз тариқи телевизион диданд, баъдан чанд бор ба такрор тамошо намуданд ва ин гуфтаҳои Президенти Тоҷикистонро ба ёд меоранду шодмонӣ менамоянд:
«Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад. Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Яъне, халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд.
Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории  тоҷику ӯзбек мебошанд».
Бале, аз он рӯзе, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарварии кишварро бар дӯш гирифтанд, мақсадашон ба ҳамсоягон меҳру муҳаббат доштан, ба ҳамдигар дар ҳар мушкилот мадад расондан, аз аҳволи якдигар бохабар будан аст. Дар ин маврид тоҷикон беҳуда нагуфтаанд, ки «ҳамсояи наздик, беҳ аз бародари дур». Ҳамин маъноро ӯзбекҳо низ дар як зарбулмасали худ чунин гуфтаанд: «Ён қӯшни, ҷон қӯшни» (ҳамсояи паҳлу - ҳамсояи ҷонӣ).
Ман ҳамон Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор шуд ва аз 19 ноябри он сол Сарварии кишварро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд, он лаҳзаҳоро, ки аз тариқи телевизион медидам, ҳеҷ фаромӯш накардаам. Балки ҳамеша ҳам аз тариқи матбуот ва ҳам дар суҳбатҳо ин гуфтаҳои Пешвои миллатро такрор ба такрор ёдовар мешавам: «Халқи тоҷик, давлати тоҷик, миллати тоҷик намемирад!». Ҳамеша ободӣ ва пешрафти мардум ва давлати тоҷиконро дар канори ҳамсоягон мебинанд. Пешвои миллат дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» (12 декабри соли 1992) ба ҳамсоягон таваҷҷуҳи махсус дода гуфта буданд:
«Мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои муштаракулманофеъ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон барои Тоҷикистон зарур аст».
Пешвои миллат доимо ба кишвари Ӯзбекистон ва миллати ӯзбек таваҷҷуҳи махсус медоданд. Дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ соле нест, ки  аз кишвари Ӯзбекистон ва миллати ӯзбек чун ҳамсояи қаринтарин ёд накарда бошанд. Аммо, сарнавишт чунин шуд, ки талошҳои Пешвои миллат, дар васлу пайванди дӯстӣ, на дар он сатҳе, ки мехостанд, амалӣ мешуд.
Афсӯс, ки солҳо  писар падарро, бобою бибӣ набераро, модар ҷигарбандашро намедид ё бо азобҳои зиёд, ё бо раводид медид. Ба рӯзҳои шодию ғами ҳамдигар шарик шудан мушкил буд. Чӣ нек аст, ки ин ду Сарвари кишварҳо ҳамаро бо якдигар зуд пайваст намуданд. Ҳоло миллионҳо пирамарду пиразан дуо менамоянд, ки «Худо роҳбарони мардумдӯстро дар паноҳаш нигоҳ дорад».
Таърих дар тӯли чандсадсол миллати тоҷику ӯзбекро чунон пайванд намудааст, ки онҳоро ҷудо кардан мушкил аст. Мардумоне, ки дар ҳар ду кишвар дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд, ҳамеша ба ғаму шодии якдигар ҳамроҳ буданд. Ҳоло фурсате расидааст, ки пажӯҳандагон ба таърихи гузаштаи ин ду миллат, бунёди аслии ин пайванди амиқи он, ба таври одилона ва оқилона ва мантиқона машғул шаванд. Ба гуфтаи Пешвои миллат бо дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ чунин фарҳанге ба вуҷуд омад, ки он водор менамояд, то тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша дар канори ҳам бошанд ва аз он ибрат гиранд:
«Ниёгони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавие буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем. Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошад. Дар садри ин бузургон, албатта, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд. Роҳи ҳаёти ин ду шоиру мутафаккири бузург, ки дар фаъолияти эҷодии онҳо  инъикос ёфтааст, намунаи олии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳои мо мебошад».
Бале, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар тӯли таърих бузургони миллати мо доимо ин дӯстии беназирро ёд кардаанд ва аз он ибрат гирифтаанд ва омӯхтанро талқин намудаанд. Аз ҷумла, устод Мирзо Турсунзода соли 1965 гуфта буданд: «Дар асри ХV Ҳирот ба маркази илму маданият ва санъату адабиёти ҳамон замон табдил ёфта буд. Дар он ҷо олимон ва файласуфон, адибон ва наққошони шаҳир зиндагӣ ба сар мебурданд, лекин дар миёни онҳо ду симои бузург, ду адиби ба ҳамаи забонҳо матлуб, шоири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ ва шоири форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ шукӯҳи Машриқи куҳанро меафзуданд. Ин ду суханвар, ду уқоби баландпарвоз, яке ба забони туркии қадимӣ ва дигаре ба забони форсӣ доди суханро медоданд, китоб - китоб достону ғазал ва фалсафаву ахлоқ менавиштанд. «Хамса»-и Навоӣ ва «Ҳафтавранг»-и Ҷомӣ монанди дурдонаҳои камёфт ба хазинаи маданияти ҷаҳонӣ дохил шуданд. Навоӣ ва Ҷомӣ бо ҳамдигар, чунон ки тоҷикон мегӯянд, дӯстони нонӣ не, балки дӯстони ҷонӣ гардиданд. Онҳоро шеър ба ҳамдигар маҳкам пайваст, фикру ақидаи ягона, чи дар назария ва чи дар бардоштани обрую эътибори назм, чи дар инкишофи илму маданият яктан ва якҷоя намуд».
Воқеан, дар таърихи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли 2018 чун соли фаромӯшношуданӣ ва беназир ворид шуд. Пас аз сафари давлатии Пешвои миллат, ки ба идомаи сафари Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд, роҳ барои ҳамаи корҳои фардию муштарак боз шуд. Акнун сиёсатмадорон, иқтисодчиён, бахусус пажӯҳандагони фарҳанги ин ду миллат метавонанд дар бораи омезиши ин ду забон, таърих, фарҳанг, маросим, ҷашнҳо, фолклори ин ду миллат, адабиёти гузаштаю имрӯз ва даҳҳо расму оинҳо рисолаҳои илмӣ нависанд. Ҳамоишҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар созмон ва пайванди дӯстии ҷонии ин ду миллатро нишон диҳанд. Инчунин, барои рушду пойдории ин дӯстӣ талош варзанд.
Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 131

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед