logo

иқтисод

ҶАШНИ ХАРБУЗА ШАҲОДАТИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Ҳамасола дар гӯшаю канори мамлакат аз оғози моҳи август то рӯзҳои аввали фасли тирамоҳи заррин чун анъана аз ҷониби кишоварзон  Ҷашни харбуза доир мегардад.  Ба ин муносибат дар арафаи таҷлили 27 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 4 сентябри соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар маҷмааи  савдои «Меҳргон»  полизикорони кишвар  чорабинии бошукӯҳ  барпо намуданд.  Дар ҷойи баргузории ҷашн се манораи 6 – метра -  дуто бо  харбуза ва яке  бо тарбуз  ба шакли  пирамида оро дода шуданд. Ҳамчунин, ғурфаҳои намоишии кишоварзони шаҳру навоҳии мамлакат бо рангу намои хос таваҷҷуҳи тамошобинону харидоронро ба худ ҷалб менамуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, дар ин намоиш хоҷагиҳои деҳқонии пешқадами ҷумҳурӣ  навъҳои беҳтарини харбузаи ватанӣ ва маҳсулоти аз он омодашударо бо нархҳои дастрас пешкаши иштирокдорон гардонданд. Тибқи ҳисоботи омори  кишоварзӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш меёбад. Дар чорабинӣ бештар аз ҳама  навъҳои хушмаззаи   «Амирӣ», «Андархонӣ», «Аробакаш», «Барги най», «Оби набот», «Гулобии норанҷӣ», «Гулобии сабз», «Гулобии зард», «Сиёҳ», «Зартур», «Барафшонӣ», «Мирзочулӣ», «Парсилдоқ», «Сиёҳпучоқ», «Ҷурақанд», «Наботи сафед», «Ширинпучоқ», «Шакарпалак», «Шакарпора»  бо нархи арзон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Зикр гардид, ки имсол дар ҷумҳурӣ дар 17 ҳазор гектар зироати полизӣ кишт шудааст. 
Аз  рафти намоиши маҳсулоти полизӣ аён гардид, ки сифату таъми  харбузаи маҳаллӣ сокинону меҳмонони пойтахтро ба худ ҷалб намудааст ва онҳо ба маҳсулоти кишоварзон баҳои баланд доданд. Аз ҳар тараф нидои «Биёед, арзонию фаровонӣ!» шунида мешуд.
Кишоварзон зимни ба намоиш гузоштани маҳсулоти полизӣ изҳор доштанд, ки  истифодаи шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар ба фаровонии маҳсулоти баландсифати ватанӣ такон бахшидааст. Имрӯзҳо баробари таъмини бозорҳои дохилӣ харбузаю тарбуз  ба мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо содирот мешаванд.
Комилҷон Ҳоҷимуродов, кишоварз аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, гуфт, ки иштироки  кишоварзон дар Ҷашни  харбуза ҳамасола ба пайдо намудани харидорон  ва шарикони ҳамкор мусоидат менамояд.
-  Ҳар  сол аз ҳисоби ҳосили 50 гектар майдони харбузаю  тарбуз фоидаи зиёд ба даст меорам. Қисми  бештари маҳсулотро харидорон аз ҷумҳуриҳои дигар омада мебаранд, - гуфт ӯ.
Дар охири намоиш  озмунҳои «Гӯшаи беҳтарини намоишӣ», «Сифати беҳтарин» ва  «Полизкори беҳтарин»  ҷамъбаст гардида, ғолибон  ва  беҳтарин барзгарони ҷумҳурӣ бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ шуданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 226

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед