logo

фарҳанг

ДАР СУРОҒИ ШОИРИ ДАРДОШНО

Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№145, 24. 07. 2018 с.) мақолаи рӯзноманигор Ҷумъахон Темурзода таҳти унвони «Аз қаламроҳ то қадамҷо» (андешаҳо перомуни китоби «Хоки баланд» - и шоир Тӯлқин Хоҷа) ба табъ расид, ки равиши вижаи пажӯҳиш дорад.  Муаллиф дар баробари таҳлили ашъор кӯшиш намудааст, ки сабабу восита, ҳолату шароит ва гардишҳои рӯзгори шоирро, ки боиси ба арсаи эҷод омадан ва тавфиқ ёфтани ӯ гардидаанд, баррасӣ намуда, аз онҳо натиҷагирӣ намояд.
Муҳаққиқ бар ин ақида аст, ки ҳарчанд Тӯлқин Хоҷа шоири дард-ошнову меҳандӯст ва саршор аз дардномаи миллати тоҷик бо сабабҳои маълуму номаълум дар зиндагӣ ба авҷи шуҳрат нарасид, бояд «шеъри аз шамими атрогин ва накҳати муаттари гулу гиёҳ, абру борон  ва Хуршеду ситоразори самои бекаронаи деҳаи Пушинг нумӯъгирифтааш» дар радифи ашъори адибони муваффақи охири садаи гузашта ва даврони истиқлол зикр ёбад. Барои исботи ин даъво муҳаққиқ ашъори Тӯлқин Хоҷа «Русто», «Омӯзгор», «Ҳасад», «Арӯс» ва ғайраро ном мебарад ва шеърҳои «Тоҷикистон бошад», «Кӯлоб», «Модари кампири ман», «Арвоҳ» - ро таҳлилу баррасӣ мекунад.
Муаллиф ӯро намунаи шоирони деҳотии хушбовару поктинате медонад, ки дар ҳама давру замон аз дӯстони риёӣ бар дилу ҷон захми корӣ хӯрдаанд. Таскинбахши ин гурӯҳ ва дуркунандаи дарду доғи онҳо мардуми хайрхоҳе мебошанд, ки ин мардони шарифро беғараз ва самимона дӯст медоранд. Дар ин зимн муҳаққиқ аз меҳру муҳаббат ва эҳтироми бепоёни Асадулло Раҳмон нисбат ба устодаш Тӯлқин Хоҷа ёдовар шуда, аз ҷумла қайд мекунад, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии ин марди фарҳангпарвар китоби «Хоки баланд» ба нашр расид.
Муҳаққиқ бар ин андеша аст, ки дар ташаккули шахсияти Тӯлқин Хоҷа ва такомули эҷодии ӯ дар баробари арзишҳои мусбат (модар, зодгоҳ, Меҳан, башардӯстӣ, ватанпарварӣ ва ғайра.) арзишҳои манфие, аз қабили бухлу кинаву ҳасад, нотавонбинию риёкорӣ ва мунофиқии баъзе аз дӯстону наздикон таъсири зиёд доранд. Маҳз ҳамин омилҳои дардзо тану рӯҳи шоир-ро обутоб дода, боиси эҷоди як қатор шеърҳои таъсирпазиру ибратомӯз гардидаанд.
Дар матни ин пажӯҳиши начандон калон Ҷумъахон Темурзода, инчунин, ба масоили ҳалталаби адабиёт дахл намуда, аз коҳиш ёфтани нақди адабӣ, таблиғу ташвиқ нашудани ашъори шоирони рустоӣ ва чанд масъалаи дигар андешаҳои ҷолиб иброз намудааст.
Алишери МУҲАММАДӢ, узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 196

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед