logo

фарҳанг

ТАШАККУЛИ ЗАВҚИ БАДЕӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардад.
Бояд зикр  кард, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ яке аз омилҳои муҳими болоравии иқтисодиёт  ва некуҳолии мардум маҳсуб шуда, бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум  ва муаррификунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахс-ро ғанӣ мегардонад. Лекин бояд аз ҳар гуна омезиш ва азхудкунии нишонаҳои дигар халқу миллат орӣ буда, дорои услуби миллии худ бошад. Устод ё мутахассисро зарур аст, ки дар таълими кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ ва ғайра анъанаҳои миллии халқамонро самаранок истифода кунад. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин, такмили маҳорат мусоидат менамояд. Бояд ҳар як тарроҳ  ва ҳунарманд дар интихоби нишонаҳои миллӣ, нақшу нигор ва гулҳои мушаххас  ба таърих, шеъри шоирон, услуби анъанавии тоҷикон ва аз куҷо сарчашма гирифтани онҳо эътибор диҳад, зеро ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд. Бояд анъанаи гузаштаи тоҷикон, яъне устод - шогирдро идома диҳанд. Ин усул яке аз анъанаҳои қадимаи тоҷикон маҳсуб мешавад ва онро муҳаққиқ П. А Гончаров дар қатори дигар роҳҳои шогирдтайёркунӣ эътироф намудааст. Шогирдон бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд ва аз устод дуруст сабақ гиранд. Беҳтар мебуд, ки тарроҳҳону  ҳунармандон намунаи санъати миллӣ ва ҳунари мардумиро дар осорхонаҳо бубинанд ва ба он эҷодкорона муносибат намуда, ба замони ҷаҳонишавӣ онҳоро мувофиқ созанд. Дар осорхонаҳо намунаи волою нотакрори санъату ҳунарҳои мардумӣ маҳфуз мебошад.  Мавриди таъкид аст, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва созандаи Сарвари давлат аст, ки дар ин сарзамин ҳунару ҳунармандӣ сол аз сол рушд намуда, ҳунармандон бо неруи тоза баҳри сайқал додани маҳораташон саъю кӯшиш мекунанд. Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди фарҳанги миллӣ заминаи воқеӣ гузошт. Имрӯз дар ин диёри тамаддунофари тоҷикон адрасу атласбофӣ, қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ ва ғайра дар хонаҳо ва муассисаҳо, коргоҳҳо ҳамчун дарёфти маблағи иловагӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон марказҳои омӯзишӣ таъсис ёфтаанд. Санъату фарҳанги пурғановати бостонии тоҷикон, ҳунару ҳунармандӣ аз рӯҳияи бузурги эҷодкории онҳо шаҳодат медиҳад. Хушбахтона, ҳунару ҳунарварӣ дар кишвари мо ҷилои тоза гирифта, таъриху фарҳанги қадимаро намоиш медиҳад, симои миллатро бо ҳазор ранг аз қаъри асрҳо равшан месозад.
Кибриёхон АТОЕВА, номзади илмҳои филология,
Манзура САЙДУЛЛОЕВА, номзади илмҳои педагогика

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 304

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед