logo

иқтисод

ТАҲЛИЛ. ҲАНӮЗ ҲАМ САНЪАТКОРОНИ АНДОЗГУРЕЗ ҲАСТАНД

Натиҷаи таҳлилҳои кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ҳолати бақайдгирӣ ва андозбандии сарояндагон дар маҳалҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Бо вуҷуди фаъолият доштани навозанда, сарояндаю раққосаҳои зиёд, мутобиқи маълумот, дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 августи соли 2018 дар мақомоти андоз ҳамагӣ 1825 нафар аз рӯи намуди фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, хизматрасониҳои мусиқавӣ ва ғайра ба қайди давлатӣ гирифта шудаанду халос.
Собир Исоев, сардори шуъбаи ташкили андозбандии кумита, ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар доираи гузарондани корҳои назоратӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар давоми 7 моҳи соли равон зиёда аз 300 санъаткор, ки қаблан ҳамчун андозсупоранда дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашуда буданд ва ё фаъолияти худро дар давраҳои гуногун қатъ намудаанд, ба маблағи 252,2 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
- Натиҷаи корҳои назоратии мақомоти андоз нишон дод, ки аз тарафи аксарияти роҳбарони ошхона, тарабхона, қаҳвахона ва марказҳои дилхушии ҳудуди шаҳри Душанбе бар хилофи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи мазкур сарояндагон, мутрибон ва раққосаҳо бидуни бастани шартнома (қарордод) ва бе қайд дар мақомоти андоз шабона ба кор ҷалб карда мешаванд, - гуфт С. Исоев.
Аз натиҷаи санҷишҳо бармеояд, ки ба аксарияти ҳунармандон дар тарабхона ва марказҳои дилхушӣ барои ҳар як рӯзи корӣ аз сарояндагӣ  100 - 200 сомонӣ ва барои навозанда, баранда ва раққоса 70 - 100 сомонӣ (ба истиснои даромадҳое, ки аз мизоҷон ба даст меоранд) ҳаққи хизматрасонӣ дода мешавад.
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар рафти санҷишҳо дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ як қатор қонунвайронкуниҳо ошкор гардид. Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи андоз дар тарабхонаи «Помир Лабиринт» ҳангоми гузарондани санҷиш 5 сароянда, 3 навозанда ва 10 раққоса ба фаъолият машғул буданд. Аз шумораи умумии ҳунармандон 11 нафар тибқи шартномаи меҳнатӣ ҳамчун коргар дар тарабхонаи мазкур ба расмият дароварда шуда, андозҳои онҳо аз ҷониби корфармо пардохт мешаванд. Аммо 3 сароянда ва 4 раққоса бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул буданд. Дар натиҷа нисбати сароянда - роҳбари гурӯҳи эстрадии «Гулшан» Бахтиёр Иброҳимов барои бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул шудан ба маблағи 1500 сомонӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Бояд қайд намуд, ки сароянда Бахтиёр Иброҳимов фаъолияти соҳибкории худро аз рӯи патент 30 декабри соли 2017 қатъ намудааст, аммо ҳар шомгоҳ дар тарабхонаи мазкур ҳунарнамоӣ намуда, даромади муайян ба даст меорад.
Инчунин, дар тарабхонаи зикргардида Қурбонова Ширин ва Шарифова Сайёра ба фаъолияти сарояндагӣ ва Иброҳимова Нилуфар, Табарова Моҳира, Устоҷонова Даря ва Ҷӯраева Зебо бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул мебошанд. Тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати онҳо ҷамъ ба маблағи 7500 сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои шаффоф фаъолият намудан ва дар қайди мақомоти андоз гузоштани фаъолияташон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.
Дар тарабхонаҳои «Дидор»,  «Шаҳрисабз», «Осмон», «Яккачинор», «Миленниум», «Сурхоб», «Арбат», «Ҷавонӣ», «Бухоро», «Шарбат», «9 ВАЛ», «Шен Гентсвале» ва «Перевал охотника» низ чунин қонуншиканиҳо муайян ва ошкор гардида, 13 нафар барои ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидан ба маблағи зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
С. Исоев, гуфт, ки қисми зиёди сарояндагон бо баҳонаҳои фаъолият кардан дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва ғайра аз гирифтани ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ худдорӣ менамоянд, ки ин амал аз маърифати пасти андозсупории онҳо дарак медиҳад. Набояд фаромӯш кард, ки андозсупорӣ ҷузъи таркибии фарҳанги шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мутамаддин аст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 328

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед