logo

сиёсат

ГАРДИ ДОМАНИ МАРД. БАРДОШТ АЗ САФАРИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

2 - 3 августи соли 2018 ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар доштем. Мулоқоту вохӯриҳои бисёре бо мардуми сарбаланди деҳоти кӯҳистон баргузор шуданд ва бо таассуроти бою рангин баргаштем. Нияти навиштани таассуроти сафар баъди бозгашт пайдо шуд, зеро рӯҳияи мардум водорам намуд, ки қалам ба даст бигирам, то аз хизматҳои бузург ва эҳёгари ҷонҳо будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, сипосномаи аҳли заҳмати на танҳо Мастчоҳи бостонӣ, балки навоҳии Айнию Шаҳристон ва Истаравшану Деваштичро рӯи коғаз оварам.
Тирамоҳи заррин буд ва боғоти пурмева ба баргистони зарварақ табдил ёфт. Устоди шодравон Лоиқ Шералӣ ба Хуҷанд омаданд ва гуфтанд, ки дар чунин айём соҳиби набера шудаанд. Азми хабаргирии бобо моро ҳамсафари эшон гардонд. Бо автомашинаи тамғаи «Волга» (ГАЗ-24) сӯи Панҷакенти бостонӣ роҳ гирифтем.
Вазъи роҳҳои байнишаҳрию байниноҳиявии ҳамонвақта чи гуна буд, ҳамсолони мо медонанд ва бо азобе қариби нисфирӯзӣ ба домани арчазорони Шаҳристон расидем. Азбаски дар пеш убур кардани ағба буд, бо таклифи ронанда дар себзори канори роҳ, дар ҷои мувофиқе барои дам додани мошину кӯфти роҳро андаке баровардан нишеман гирифтем. Соҳиби боғ амаки Абдукарим дар як табақи калони тунукагин себҳои сурху зардро бо дуто нони аз орди омехтаи гандуму ҷав пухтаро рӯи дастархон гузошта, ба чеҳраҳои мо зеҳн монд.
- Ҳамин боғро  давлати Эмомалӣ Раҳмон ба ман ҳадия кард, писарам,– гуфт ӯ бо фахр.
Дар фурсати на чандон зиёде, ки меҳмони амаки боғпарвар будем, дар роҳ якбора «маслиҳат кардагӣ барин» се мошини боркаш паиҳам истоданду ронандаи яке копоти мошинашро бардошта, байни буғи аз мотор хеста «гум шуд» - у ронандаи дигаре сари балони кафида сарашро мехорид ва сеюмӣ атрофи мошинаш давр мезад.
Аз ағбаи Шаҳристон бо азобе гузашта, роҳҳои вайрону морпечи байни Айнию Панҷакентро сипарда, баъди 16 соат, қариби саҳар ба ҳавлии меросии Диловар расидем.
Ин лавҳа вазъи зиндагӣ, роҳ, ҳолати рӯҳонию равонии одамони касбу кори гуногунро равшан нишон медиҳад, ки солҳои навадум чи аҳвол доштанд.
Акнун мо бо раиси шӯрои уламои дини вилоят, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мошини хориҷӣ бо шоҳроҳи чун шиша тахту ҳамвор ба сӯи ноҳияи Айнӣ сафар мекардем. Дар маркази ноҳияи Шаҳристон, ки ҳоло ба шаҳраки зебои афсонавӣ табдил ёфтааст, каме таваққуф кардем. Хабар расид, ки дар шоҳроҳ садама шудааст. Мошинҳои нави ёрии таъҷилӣ паиҳам шитофтанд ва лаҳзае нагузашта, боз садокунон баргаштанд.
Ин навбат хабар омад, ки ба шарофати беморхонаи нав таҷҳизонидаю бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз ба истифодадода ҳама дар офиятанд.
- Шукри Худо, акнун табибон ҷони маҷрӯҳонро аз қабзаи марг мерабоянд, – гуфтанд мӯйсафедони дар чойхонаи маркази ноҳия нишаста даст ба рӯ кашидаю Сарвари давлатро дуои нек дода.
Вақте мошини сабукрави мо аз нақби Шаҳристон гузашта, аз роҳи пурпечутоби ағба поён мефуромад, офтоби дурахшони тобистонро қуллаҳои баланди кӯҳҳои Зарафшон пушти сари худ гирифта, ба мо соя меафканданд.
Агар дирӯз аз роҳҳои чун пушти уштур шебу фароз ва пурчангу лойи касногузар ягон-ягон мошинҳои куҳнаю шалақ бо ронандагони хастаю дилгир равуо мекарданду мусофирони мондашудаи дилгазон ба умед ба ҳар воситаи нақлиёт менигаристанд, имрӯз сафи мошинҳои хориҷӣ, мусофирони хушлибоси хушвақту хандон, нишемангоҳҳои ободу тарабхонаю чойхонаҳои сари роҳ касро ба сафар, ба истироҳату осоиш, дамгирию шиносоӣ бо мардуми кӯҳистон илқо мекунанд. Ин аст расидан ба сояи шукӯҳи давлатдории навин ва ба пойгоҳи Истиқлолияти давлатӣ.
Чун ба маркази ноҳияи Айнӣ расидем, гуфтанд, ки дар гулбоғи шоири шаҳир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ каме истироҳат бикунем. Баъд сӯи Кӯҳистони Мастчоҳ раҳсипор мешавем…
Деҳаи Зосунро имрӯз метавон бо гулгашти зебои шаҳри Душанбе қиёс кард. Бо ибтикору дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон то тирамоҳи соли 2015 ҳам мақбараи «султони авранги сухан» аз нав бунёд шуду ҳам осорхонааш таъмиру тармим гардид, ҳам пайкараи зебояш қад афрохту ҳам «Девон» - аш интишор ёфт. Роҳи калони ба маркази ноҳия пайвасту сӯи Мастчоҳи домани гардун баранда пурра мумфарш шуд.
Бояд зикр кард, ки волотарин иқдоми Пешвои мо - ин қадр кардани бузургони миллат буда, дар ин самт бо раҳнамоии ин зубдаи даврон номи даҳҳо нафар алломагон вирди забонҳо шуда, корҳои бузурге анҷом ёфтанд ва идома доранд. Дар як соати дар гулбоғи меросии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ будану бо наберагони ӯ ва аҳли деҳ суҳбат кардан мушоҳида намудем, ки гурӯҳ - гурӯҳ сайёҳон ба ин мавзеи зебо ва қадамгоҳи азизони замон омада, мафтун мешуданд, ки дар як гӯшаи кӯҳистон чунин зиёратгоҳ ва гулгашту истироҳатгоҳи назаррабою дилкушое мавҷуд будааст.
– Бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мо зеристгоҳи барқии 110 - киловатта сохта шуд, мақбараҳои азизони халқ ва бузургони миллат бунёд ва таъмиру тармим гаштанд, шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент навсозӣ гардид, хуллас, на танҳо деҳоти мо обод мешавад, балки афкору андешаи миллӣ ташаккул меёбад.
Субҳи рӯзи дигар дар гулбоғи атрофи мақбараи шоири халқ Юсуф Вафо, дар деҳаи Пастиғав намоиши ҳунарҳои мардуми деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид, гӯё ҳар рустоӣ чун дастагуле дар домани теппаҳо шукуфон дар намуди нону кулча, лочураю фатир, анвои гуногуни таому шириниҳо, адрасу чамангул, қуроқу захмисуман, гилемчаю риштабоф - намунаи даҳҳо ҳунари худро ба маъраз гузошта буданд.
Дар шаҳраки Меҳрон – маркази ноҳия намояндагони тамоми соҳаҳо ва деҳаҳо ҷамъ омада буданд. Садҳо нафар собиқадорон, пешқадамони истеҳсолот, кишоварзони номдор ва ҷавонон саф кашида, маросими санги асосгузорӣ ба иншоотро ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизорӣ мекашиданд. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки техникаю технологияи иттилоотии замони муосир дурдасттарин гӯшаҳоро низ фаро гирифтааст.
Биноҳои беморхонаи марказии ноҳия барои 40 кат, варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст, биноҳои маъмурии шуъбаи амнияти давлатӣ, комиҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон, идора ва муассисаҳои гуногуни фарҳангию маъмуриро санги асос гузошта, ба бунёди онҳо оғоз бахшиданд.
- Панҷоҳ сол чӯпон будам, лекин ягон бор роҳбарони давлату вилоят он тараф истанд, ноҳияро рӯ ба рӯ надида будем. Ду сол пеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон омаданду бо мо суҳбат доштанд, ки мани мӯйсафед гӯё аз нав ҷавон шудам, - мегӯяд Нормаҳмад Шоеви ҳаштодсола.
– Ба ҳаштоду шаш даромадам, – вақти ба бинои беморхона санги асос гузоштан гуфт духтури собиқадор Сафар Саидов.  – Зиёда аз шаст сол агар кор карда бошам, ҳамин қадар дар орзуи чунин беморхона будам. Бо дастури Пешвои миллат корҳо сар шуданд. Мо дуогӯяшон…
Ободии рӯзгор, хотирҷамъию фаровонӣ ба рӯҳияи мардум таъсири неку  амиқ мебахшанд. Баробари ин, ризо будан аз Сарвари худ, ҳис кардани меҳрубонию ғамхории ҳамарӯзаашон мардумро умри бардавом эҳдо мекунанд.
Меҳмони бошандагони собиқ Қалъаи мири Оббурдон шудем ва бо чашмони худ дидем, ки инсонҳои бонангу номус ва сарбаланд дили шахро нарм мекунанд, сангро аз синаи теппаҳо мекананд, доман-доман резасанг мечинанду регу хокро бехта, замин мекушоянд ва манзилу зиндагии обод доранд.
…Ҳангоми бозгашт дар тани баландтарин қуллаи кӯҳистон, ки дарёи Зарафшон домани онро шуста мерафт, чунин суханҳоро  хонда, болида гардидам ва ба навиштани манзумае оғоз бахшидам: «Салом, эй беҳтарин Инсони дунё». Оре, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар ҳастанд.
Аҳмадҷони РАҲМАТЗОД, Шоири халқии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 149

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед