logo

сиёсат

Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Субҳи 6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти саноатӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзию мулоқот бо мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон нахуст дар корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ дар як шабонарӯз 72 метр қубурҳои қутрашон аз 500 то 2000 миллиметриро ташкил медиҳад.
Талабот ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур дар мамлакат зиёд буда, он бештар дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмони иншооти обёрӣ истифода мегардад.
Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ тавассути он босифат ва мутобиқ ба талаботи муосир анҷом дода мешавад.
Дар коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ номгӯи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла якчанд намуд сафолак, сутунпояи ҳимоявии шафати роҳ ва болопӯши бетонӣ истеҳсол мешавад. Масъулини коргоҳ азм доранд, ки оянда истеҳсоли пояҳои оҳану бетониро, ки барои интиқоли неруи барқ истифода мегарданд, ба роҳ монанд.
Баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи мазкур зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин хоҳанд гашт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ баҳои баланд дода, барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик”, ки дар назди корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” ҷойгир мебошад, шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик” – ро масъулини корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 бунёд намуданд.
Коргоҳи мазкур бо назардошти талаботи корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент ба халтаҳои полупропиленӣ  ба истифода дода шудааст, ки ҳамзамон, аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба ғайр аз корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” дигар корхонаҳои азими истеҳсоли семент истифода менамоянд. Дар корхона муосиртарин таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот тариқи дастгоҳҳои электронӣ танзим ва назорат карда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик” дар як шабонарӯз 119 ҳазор ва солона 40 миллион дона халтаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳи мазкур зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд, ки шумораи зиёди онҳо занону духтарон мебошанд.
Фаъолияти коргарону мутахассисон дар коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик” дар се баст сурат гирифта, барои онҳо шароити мусоид фароҳам мебошад.
Бунёди чунин коргоҳҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо хати технологии муосир имкон фароҳам меорад, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, инчунин, даҳҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардад.

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Даҳана боздид намуданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳия, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полизӣ, навъҳои гуногуни пахта ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ намоиш дода шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ноҳияи Ёвон маҷмӯан дорои беш аз 25 ҳазор гектар заминҳои корам буда, 22 ҳазору 142 гектарро заминҳои обӣ ва боқимондаро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди ноҳия ба 4 ҳазору 443 адад расида, 2 ҳазору 620-тои он дар самти кишту кори пахта фаъолият мекунанд. Аз масоҳати умумии 25 ҳазору 142 гектар заминҳои корам 6 ҳазору 969 гектарро зироати донагӣ, 1017 гектарро полизӣ, 2015 гектарро сабзавот, 11 ҳазору 500 гектарро кишти пахта ва боқимондаро кишти дигар навъи зироат ташкил менамояд.
Аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хос ба соҳаи кишоварзӣ бо тавсияи олимони соҳа ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам сатҳи зиндагии хешро беҳтар менамоянду ҳам дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ мусоидат мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо намунаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ соҳаи кишоварзиро яке аз самтҳои муҳим дар такон бахшидани рушди иқтисоди миллӣ ва омили расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ маънидод карда, заҳмати кишоварзони ноҳияро шоистаи таҳсин гуфтанд ва ба онҳо барои боз ҳам васеъ намудани майдони кишти зироат ва ба даст овардани ҳосили фаровон маслиҳатҳои муфид доданд.
Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат» шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур соли 2003 таъсис ёфта, дар он заминҳои кишт маҷмӯан 13 гектарро ташкил медиҳанд. Хоҷагии мазкур баробари саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, инчунин, барои бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон саҳми назаррас дорад. Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии «Баракат» 25 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо маоши хуб таъминанд.
Масъулин нақша доранд, ки бо васеъ намудани майдони кишт ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, шумораи коргаронро низ бештар намоянд. Ҳоло дар хоҷагӣ 7,5 гектар кишти пахта, 1,3 гектар кишти сабзавот ва 4,2 гектар хӯроки чорво, аз қабили юнучқа кишт карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асил ва роҳбарияти ноҳияро ба афзун кардани нишондиҳандаҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани майдони кишти пахта ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80
6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маблағи 17 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои 1500 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Бинои хуштарҳу замонавии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 30 синфхонаи фаннӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхона, хонаи муаллимон ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир шудаанд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассиса таълиму тадрис бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифта, баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва забономӯзии онҳо аз Федератсияи Русия омӯзгорон ҷалб гардидаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот  24 августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, бино бо назардошти талаботи  меъмории муосир ва сатҳу сифати баланд бунёд шудааст.
Синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир ва аёнияти фаннӣ таъмин гардидаанд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассисаи таълимӣ дар масоҳати 123 гектар бунёд шуда, дар он  қариб 40 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзида ба хонандагон таълим медиҳанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80, ҳамчунин, дорои синфхонаҳои алоҳида ва муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосир барои гузарондани дарсҳои физика, химия, биология ва омӯзиши касбу ҳунар буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёнияти дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд.
Барои касбомӯзии толибилмон дар муассисаи мазкур синфхонаҳои таълими меҳнат бунёд ёфтаанд. Бо истифода аз шароити мусоид онҳо метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва ғайра машғул шаванд.
Хонандагон бо дарки баланди моҳияти омӯзиши касбу ҳунар ва муҳим будани чунин ҳунарҳо дар зиндагӣ, ба Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити муосири таълиму омӯзиш арзи сипос карданд. 
Ҳамчунин, дар таълимгоҳ синфхонаи омӯзиши информатика ва техникаи компютерӣ бо 29 компютер муҷаҳҳаз буда, 5 адад тахтаи электронӣ дар синфхонаҳо насб карда шудаанд. Шароити фароҳамовардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон бо компютеру дигар дастгоҳҳои замонавӣ ҳамаҷониба илмҳои муосирро омӯзанд.
Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар, махсусан Сарвари давлат дар рӯзҳои аввали соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори сипос намуданд.
Маҷлисгоҳи муассиса дорои 140 ҷои нишаст буда, бо шароити муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ошхонаи муассисаи таълимӣ барои 64 нафар пешбинӣ шуда, бо яхдон, мизу курсӣ ва зарфу лавозимоти зарурӣ таъмин шудааст.
Таълимгоҳ дорои 1 утоқ барои омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ ва нуқтаи тиббӣ буда, барои толибилмон китобхона бо феҳристи зиёди китобҳои фанниву бадеӣ ва осори пурарзиши фарзандони фарзонаи миллат бунёд ёфтааст.
Толори варзишии муассиса барои баргузории тамоми бозиҳои варзишӣ, тамрин ва обутоби бадан нигаронда шуда, дар он ба хонандагон навъҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ, аз қабили гӯштии миллӣ, волейбол, футбол, теннис ва ғайраро мутахассисони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд. Ҳамзамон, дар толори варзиш ду ҳуҷраи оббозӣ ва ду утоқ барои ивазкунии либос бунёд ёфтааст.
Дар шафати муассисаи таълимӣ майдонча барои бозии футбол сохта шуда, атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ сабзазор карда шудааст.
Барои таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ бо гармӣ системаи махсуси гармитаъминкунӣ бо таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамчунин, муассиса бо як адад трансформатор таъмин мебошад.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо, бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи Коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистон
6 сентябри соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳраки Ёвон дар вазъияти тантанавӣ бинои коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муҳими соҳаҳои маорифу тандурустӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов дар доираи дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 23 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Коллеҷ аз ду бинои 5 - ошёна иборат буда, дар он 60 синфхонаи таълимӣ, 8 утоқи корӣ барои омӯзгорон, 8 утоқи кории мудирони кафедра, 8 маҷлисгоҳи хурду калон, 6 озмоишгоҳ, 2 китобхона, ошхона, бойгонӣ ва майдончаи варзишии тобистонаю зимистона сохта шудаанд.
Айни ҳол қабули омӯзгорон ва донишҷӯён ба коллеҷ идома дорад. Дар ин ҷо 1440 нафар донишҷӯ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2016 дар доираи сафари кории Президенти мамлакат дар ноҳияи Ёвон ва зимни ба истифода супурдани корхонаи истеҳсоли гаҷкартон, бинобар сабаби зиёд шудани корхонаҳои азими саноатӣ зарурати бунёди коллеҷи техникӣ-технологӣ пеш омад.
Ҳамон вақт, Сарвари давлат соҳибкоронро ба бунёди коллеҷи муосир ва дар ин замина, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй барои корхонаҳои саноатии кишвар ҳидоят карда буданд.
Ҳамин тавр, бо ҳидояти Пешвои миллат корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, августи соли 2018 анҷом ёфтанд.
Дар вақти бунёди коллеҷ аксари масолеҳи сохтмонӣ аз худи корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр” таъмин карда шуда, таҷҳизот ва лавозимоти таълимӣ барои муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ шудааст.
Коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр” нақша доранд, ки оянда барои мукаммал кардани пойгоҳи коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистон дар шафати он бо бунёди коргоҳи замонавӣ техника ва таҷҳизоти дорусозӣ ворид намоянд.
Баъди ифтитоҳи коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии  ин муассисаи таълимӣ бо устодону донишҷӯёни коллеҷ ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Оғози навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон
Рӯзи 6 сентябр дар доираи вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи Ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон оғоз гардид.
Бунёду навсозии роҳу пулҳои мошингард ва таҷдиди як қатор инфрасохтори муҳими мамлакат, дар заминаи дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо рӯҳия ва ҳисси баланди  миллӣ анҷом дода мешаванд.
Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки ноҳияи Ёвон мувофиқи меъёрҳои  муосир амалӣ гардида, тибқи лоиҳа 16 километрро дар бар мегирад.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳҳо  иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон солҳои 70 - 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди  шиносоӣ бо лоиҳаи  навсозии роҳҳо дар  кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвон ба корҳои таҷдиди навсозӣ расман оғоз бахшиданд.
Дастур дода шуд, ки зимни татбиқи лоиҳаи навсозии роҳҳо тамоми нозукиҳои роҳсозӣ, хосса инфрасохтори зарурии он ба инобат гирифта шуда, таҷдиди роҳ бо сифати баланд анҷом дода  шавад.
Тавре маълум гардид, бо назардошти зарурати навсозӣ, дар маҷмӯъ 16 километр роҳҳои шаҳраки Ёвон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ таҷдид мегарданд ва он бояд  то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Дар асоси тарҳи навсозии 16 километр роҳи ҳудуди шаҳраки Ёвон паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метрро дар бар гирифта, он мутобиқ ба меъёри муосири шаҳрсозӣ амалӣ мешавад.
Таъмири куллӣ ва мумфаршсозии сифатноки роҳҳо аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои ватании роҳсозӣ, аз ҷумла  “Ғаюр-1” иҷро шуда, дар ҷараёни он техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҷалб мегарданд.

Мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи замонавӣ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 6 сентябри соли 2018 дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави меҳмонхонаи замонавиро  мавриди истифода қарор доданд.
Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Акбар Ғуломов бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, тамоми утоқҳои он бо лавозимоти муосиру зарурии истироҳату фароғат таъмин мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар  ошёнаи якуми бино бо шароити ҳуҷраҳои махсус, аз ҷумла ҳуҷраҳои оилавии истироҳату хоб  шинос шуданд. Дар қабати якуми меҳмонхона, ҳамчунин, ҳаммом, ҳавзи шиноварӣ бо услуби хизматрасониҳои муосир, аз ҷумла толори машқу тамрини бадан низ бунёд  карда шудааст. Имконоти хизматрасонии меҳмонхона дар як вақт барои 20 нафар пешбинӣ шуда, бошандагони он метавонанд дар худи бино аз хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла ошхона ва дигар шароити хобу  истироҳат  истифода намоянд.
 Меҳмонхона аз 12 ҳуҷраи махсус иборат буда, дар қабати дуюми он  8 ҳуҷра ва нуқтаи алоҳидаи ошпазӣ, қабулгоҳ барои меҳмонон ва толори мулоқотҳои расмӣ ҷойгир  шудааст.
Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки давоми 1,5 сол идома ёфт, беш аз 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконот ва шароити хизматрасонии маҷмааи тозабунёд, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, шинос гардида, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Дар саҳни меҳмонхонаи тозабунёд шаршара сохта шуда,  атрофи онро гулу буттаҳои ороишиву сояафкан, аз ҷумла ниҳоли дарахтони мевадиҳанда оро медиҳанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.09.2018    №: 176    Мутолиа карданд: 72

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед