logo

сиёсат

Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатӣ дар шаҳри Душанбе

5   сентябри   соли   2018   Асосгузори   сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе  Рустами  Эмомалӣ  дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» - ро дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти мавҷудаи муассиса баъди навсозӣ шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи неки саромадони адабиёти тоҷик дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд.
Зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки минбаъд боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба номи Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ шавад.
 Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба кори муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону сохтмончиёне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахт заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ мубаддал карданд, баҳои баланд доданд.
Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ҳанӯз солҳои 70-уми қарни гузашта бун-ёд ёфта, ба талаботи замони муосир тамоман ҷавобгӯ набуд.
Дар  доираи  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат,                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ин боғ пурра навсозӣ гардида, ба як макони истироҳату фароғат ва дилфиреби пойтахт табдил дода шуд.
Нахуст Пешвои миллат дар ин муассиса бо иншооти варзишии навбунёд шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар масоҳати беш аз 2 гектар майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷойи нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бун-ёд шудааст.
Иншооти варзишии бунёдгардида дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон дар ин ҷо истироҳату фароғат намоянд ва ҳам ба варзиш машғул шаванд.
Масоҳати умумии Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст.
Боғи фарҳангу фароғатии мазкур аз ду даромадгоҳ – даромадгоҳҳои шимолӣ ва ҷанубӣ иборат буда, аз ҷониби меъморон бо санъати баланди миллӣ бунёд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб месозад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” Маҷмааи фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маҷмааи мазкур дорои 15 намуд аттраксионҳо буда, аз даромадгоҳ то дохили он ба таври муназзам ва диққатҷалбкунанда дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудаанд, ки аз ин пас ба макони дилфиреби истироҳати кӯдакону наврасон ва, дар маҷмӯъ, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт.
Намои зоҳирии аттраксион ва таҷҳизоту дастгоҳҳои истироҳатии ин маҷмаа шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо мебошад. Чароғҳои гуногунранг ва даврзананда намои Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” - ро ниҳоят дилфиребу назаррабо гардондаанд.
Дар идомаи ин маҷмаа, ҳамчунин, дигар намуди майдончаҳои варзишӣ ва дилхушӣ, аз қабили роллердром, скейтбозӣ, толори яхмолакбозӣ мавҷуданд, ки намудҳои муосири варзишу бозиҳои муфид мебошанд.
Дар боғ, ҳамчунин, корҳои ободониву гулзоркунӣ низ анҷом дода шудаанд. То имрӯз майдони 17 гектар майсазор гардида, дар маҷмӯъ беш аз 750 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ шинонда шудаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамоянд.                    
Пешвои миллат ба масъалаи сабзу хуррамгардонӣ диққати махсус зоҳир намуда, ба масъулин дастур доданд, ки дар ободии бештар ва хуррам гардондани боғ талош ба харҷ дода, ин мавзеъро ҳамеша сабз нигоҳ доранд.
Барои таъмини амнияти истироҳаткунандагон дар 60 нуқтаи ин боғ камераҳои мушоҳидавӣ ва таҷҳизоти радиошунавоӣ насб карда шуда, ду адад таваққуфгоҳ барои 250 воситаи нақлиёт низ барои фароғаткунандагон сохта шудаанд.
Ҳамчунин, дар боғи мазкур сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷойи нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаву пайгиронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар давоми наздик ба 2 соли охир боз ҳам зебо гардидани симои зоҳирии пойтахт, беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиву фароғат ба сокинону меҳмонон тадбирҳои амалӣ татбиқ гардида, инфрасохтори боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва маконҳои сайру саёҳати шаҳри Душанбе бамаротиб беҳтар гардонда шуданд.
Дар ин муддат дар шаҳри Душанбе 4 боғи фарҳангу фароғатӣ, 47 гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони пойтахт аз ин шароити муҳаёкардашуда ба таври васеъ истифода мебаранд.
Пешвои миллат ба масъулини Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» супориш доданд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр, ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд ва нуқтаҳои хизматрасониро бо назардошти талабот дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам ба таври замонавӣ бунёд созанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.09.2018    №: 176    Мутолиа карданд: 223

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед