logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ФАЗОИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ

Тӯли таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳон сари исми Истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо устуворона ҳаракат кардаанд. Истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯи рушду инкишоф ҳидоят менамояд.
Маҳз марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки халқу миллатҳо афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва, билохира, қисматашонро дар мизони ақлу виҷдон баркашанд ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардоранд. Расидан ба марҳилаи Истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадияи сарнавиштӣ пазируфтаанд, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикиро бакуллӣ тағйир дода, ҷиҳати пешрафту тараққӣ уфуқҳои тозаро кушодааст.
Мафҳуми истиқлолият он чи ки барои як инсон ва, дар маҷмӯъ, як ҷомеа зарур аст, дар худ меғунҷонад. Он аз лиҳози луғавӣ ва истилоҳӣ ихтиёру озодиҳои зотӣ, сириштӣ, ботинӣ ва зоҳирии инсонро ифода мекунад.   Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, бо масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ пайвастагӣ дорад ва ҳамин масъулият аст, ки пояҳои иттиҳоду ҳамбастагии мардумиро мустаҳкам мекунад ва ҳастию вуҷуди халқу миллатро дар паҳнои таърих ҳифз менамояд.
Насими тозаи истиқлолияти озодӣ, қабл аз ҳама, бар машоми аҳли зиё ва фарҳанги кишвар мерасад, зеро ки маҳз ин қишр ё ба истилоҳ, институти иҷтимоӣ ва маданӣ нисбат ба ҳар падидаю зуҳурот ҳассосият нишон медиҳад ва алайҳи нодонию ҷаҳолат мешӯрад. Зиёиёну донишмандон хуб медонанд, ки тӯли таърих, пеш аз ҳама, аҳли донишу зиё дар орзу ва талоши истиқлолият будаанд. Аз ин ҷост, ки рисолати зиёӣ ва фарҳангии имрӯз на танҳо огоҳу ҳушёр кардани ҷомеа аст, балки аз дарун, сифатан тағйир додани зеҳну тафаккури иҷтимоъ мебошад. Шароити муосири глобалӣ ва марҳилаи навини Истиқлолияти давлатӣ аз зиёии тоҷик кори фаъоли шабонарӯзиро тақозо менамояд, то сатҳи хатарҳои глобалӣ – фундаментализм, экстремизм, радикализми динӣ ва терроризм, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, коҳиш ёбад ва вирусҳои тафаккури хурофотӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ сироят накунад. Гузаштан аз назария ба амалия ҳадафи асосии кори фикрию фарҳангӣ дар шароити феълӣ мебошад. Дар ҳоле ки мо, аксаран аз назария ба амалия нагузаштаем, раванди тағйироти сифатии ҷомеа сусту заиф ҷараён мегирад. Кор кардан бо ҷомеа, омӯзиши ҳаматарафаи афкори иҷтимоӣ, мушоҳида, таҷриба, дарёфти механизмҳои фаъолсозии иҷтимоӣ, коркарди роҳҳои алтернативӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, равонӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ - мафкуравӣ рисолати зиёии имрӯзӣ маҳсуб меёбад.
Барои мо Истиқлолияти давлатӣ бо дунявият ва низоми давлатдории дунявӣ тавъам аст. Бояд дар назар дошт, ки эътиқоду эътимод ба низоми демократӣ (мардумсолорӣ) ва дунявӣ эътимод ба инсон, қатъи назар аз тааллуқоти нажодӣ, қавмӣ - этникӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ мебошад. Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» низомест, ки дар он инсон ва ҷомеа ба таври ошкору боз худро  меёбад  ва  дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ фаъолона ширкат меварзад. Модели давлат ва ҳукумати дунявӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бар мабнои ин низоми сиёсӣ устувор аст, дар асоси таҷрибаҳои асрҳо ҳосилкардаи инсонӣ фаъолият менамояд. Илова бар ин, аксари кулли мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ –дунявӣ умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи аврупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд ва аз ин сохтори сиёсӣ ва мардумӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Ҷангу низоъҳое, ки бар асари ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ дар Ховари Миёна то ҳол хомӯш нашудаанд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ мавқеъ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият гурӯҳҳои манфиатдор ва рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Дар ин миён зиёиёнанд, ки ба сифати ниҳоди муташаккили фаъол алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ мубориза мебаранд ва рисолати иҷтимоӣ ва фарҳангии худро назди давлату ҷомеа бошарафона иҷро менамоянд.
Ба таври куллӣ, Истиқлолияти давлатӣ дар муҳит ва фазои миллӣ инсиҷом ёфта, бо секуля-ризм – дунёмадорӣ робитаи мазмунӣ, маъноӣ ва, дар маҷмӯъ, органикӣ дорад. Табодули андеша, тафоҳуми миллӣ ва ҳамзистӣ дар миёни табақоти мухталифи иҷтимоӣ дар фазои солими Истиқлолияти давлатӣ имконпазир мегардад, ки мо дар муҳит ва қаламрави худ аз ин шароит бархӯрдорем. Ин аст, ки бояд дар масири Истиқлолияти давлатӣ ҷиддӣ ҳаракат кунем ва дар ҳалли мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ аз фазои рӯҳафзои Истиқлолияти давлатӣ васеъ истифода бубарем.
Нозим НУРЗОДА,
муҳаққиқ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2018    №: 177-178    Мутолиа карданд: 480
22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед