logo

сиёсат

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНА

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки сокинони шаҳри Душанбе ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон - бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушҳолӣ карданд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони пойтахт минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар мебахшанд ва шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу карданд.
Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмуҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон идома ёфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2018    №: 177-178    Мутолиа карданд: 129

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед