logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, 9 сентябри соли 2018, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони сокинони пойтахт!
Ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва сокинони пойтахти азизамон - шаҳри зебои Душанберо ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон - бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту ҳафт соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардонданд.
Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Хусусан, ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об пайваста ҷонибдорӣ мегарданд.
Соли 2018 барои кишвари мо соли воқеан таърихӣ мебошад. Зеро бо қарори Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардидани ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз шуд, ки ин иқдом саҳми арзишманди кишвари мо дар самти ҳалли яке аз мушкилоти мубрами аҳли башар, яъне масъалаи об, мебошад.
Ҳозирини арҷманд!
Боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ ҳоло боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардида истодаанд. Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшидааст.
Итминони комил дорам, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар пойтахти азизамон вусъати бештар мебахшанд, шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд ва собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.
Ман ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи мардуми шарифи кишвар ва сокинони соҳибмаърифату сарбаланди пойтахт эътимоди комил дорам. Ва хуб медонам, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Бори дигар ҳамаи сокинони кишвар ва шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва муваффақияту комёбиҳо орзумандам.
Бигзор, ба шарофати истиқлолият маркази сиёсӣ ва илмиву фарҳангии давлати тоҷикон - пойтахти азизамон боз ҳам ободу зебо гардад!
Бигзор, Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва шаҳри Душанбе ҳамчун меҳвари сулҳу субот абадан боиси ифтихори тамоми тоҷикон бошад!
Ҷашни фархундаи истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2018    №: 177-178    Мутолиа карданд: 218

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед