logo

сиёсат

НОМАҲОИ ШОДБОШӢ АЗ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ БА МУНОСИБАТИ 27-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар арафаи Ҷашни умумимиллӣ – бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимиро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон ба анъанаҳои неки дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд. Миёни кишварҳоямон муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ, ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ - техникӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин ҳамгироии созанда дар ҳалли мушкилоти мубрами минтақавӣ, ба роҳ монда шудаанд.
Мутмаинам, ки мо дар оянда низ иттифоқӣ ва шарикии стратегии миёни Русияву Тоҷикистонро ба манфиати халқҳоямон ва ба хотири  суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшем.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз таҳти дил саломатии бардавом ва муваффақиятҳо, ба шаҳрвандони Тоҷикистон  сулҳу некуаҳволӣ таманно дорам».

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
«Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон!
Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин ва шахсан, аз номи худам ба Шумо ва инчунин, мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро изҳор намоям.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи рушдро муваффақона интихоб намуд, ки ин мутобиқ ба махсусиятҳои миллии кишвар мебошад.  Дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди босуръати иқтисодӣ, беҳтаргардии мунтазами некуаҳволии мардум ва тақвияти нуфуз ҳам дар минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ба назар мерасад. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯсти Тоҷикистон аз ин самимона хушҳол аст.
Дар ҷараёни ҳамоиши СҲШ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Синдаои Чин баргузор шуд, мо бо Шумо гуфтушунидҳои самаранок гузаронда, оид ба тақвияти ҳамкорӣ миёни давлатҳоямон дар ҳамаи самтҳо ба тавофуқоти муҳим расидем. Ман ба рушди муносиботи Чину Тоҷикистон аҳамияти калон дода, мехоҳам кӯшишҳои муттасили муштаракамонро якҷоя бо Шумо барои ба даст овардани комёбиҳои нав дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи шарикии стратегӣ ба манфиати давлатҳо ва мардумонамон равона намоям. 
Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву қудрат ва ба мардуми он саодату некуаҳволӣ таманно дорам».

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар номаи табрикотиаш гуфтааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Бо камоли хушнудӣ Шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолият табрик менамоям, ки ин рӯз чун 27-умин солгарди озодию соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Тӯли ин муддат Иёлоти Муттаҳида дар паҳлуи Тоҷикистон ҳамчун шарик баҳри шукуфоӣ ва амният қарор дошт. Алалхусус, дар робита ба ҳамлаи террористӣ, ки тобистони соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм изҳори сипос менамояд. Мо минбаъд низ ҷиҳати тақвияти раванди мубодилаи иттилооти зарурӣ уҳдадориҳоямонро идома хоҳем дод, то ки чунин ҳодисаи нохуш ҳаргиз такрор наёбад.
Дар ин санаи 9-уми сентябр мо барои солҳои сипаришудаи шарикиамон ба Шумо сипосгузорем. Аз номи мардуми Амрико орзуҳои самимиро ҷиҳати идомаи ҳамкориамон ба хотири Тоҷикистони босубот, гулгулшукуфон ва демократӣ иброз менамоям».


Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ман ва тамоми мардуми сермиллати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Ҷашни миллии кишваратон - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед!
Мо дар Ӯзбекистон аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон - ҳамсояи наздиктаринамон дар ҳама соҳаҳо, ки ба шарофати сиёсати дурбинона, ҳикмати давлатдорӣ, меҳнати фидокорона ва маҳорати одамонро муттаҳид намудани Шумо имконпазир гаштаанд, самимона хушҳолем.
 Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар фазои сулҳу осоишта ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона таъмин гардида, нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад.
 Мехоҳам саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва ҳамкории зичи миёни давлатҳо ва мардумонамон махсус зикр намоям.
Вохӯриҳои мунтазам ва эътимоднок ва ташрифҳои мутақобилаи таърихиамон дар сатҳи олӣ, ки соли равон анҷом дода шуданд, инчунин, сафари давлатии аввалини Шумо ба кишвари мо моҳи гузашта, муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд.
Тавофуқҳои бадастомада ва санадҳои рамзии баимзорасида ба тавсеаи ҷиддии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, энергетика, фарҳанг ва санъат, робитаҳои байниминтақавӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок равона гардидаанд. Онҳо, бешубҳа, барои рушди дарозмуддати ҳамгироии созанда ва пурсамар аҳамияти бузург доранд.
Консертҳои бошукӯҳи ходимони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин, табодули фаъолонаи гуманитарӣ, бори дигар умумияти таърихӣ ва фарҳангии моро бармало тасдиқ намуданд.
Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо дар Ӯзбекистон қатъиян ҳавасманди тақвияти минбаъдаи муколамаи ошкоро ва боэътимод буда, омодаем ҳамаи имконотро барои ҳамкории фарохтар истифода барем.
Дӯстӣ миёни мардуми ӯзбек ва тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо побарҷост ва имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки барои ба насли оянда намуна гардидани муносибатҳои ҳақиқии дӯстонаамон тамоми имконотро истифода намоем.
Мутмаинам, ки мо бо талошҳои муштарак татбиқи самарабахши иқтидорҳои шарикии стратегиро ба манфиати кишварҳо, мардумони бародарамон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин хоҳем намуд.
Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи арҷманд, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои нав, инчунин, ба мардуми Тоҷикистон,  сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси сарфарозии инҷониб аст, ки ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии кишваратон ба Шумо - Ҷаноби Олӣ аз номи мардум ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимонатарин табрикот ва таманниёти холисонаи худро изҳор намуда, ба Ҳукумат ва мардуми дӯст пешрафту шукуфоии бештарро таманно дорам.
Салому паёмҳои гарми моро, Ҷаноби Олӣ, бипазиред».

Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати Ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, беҳтаргардонии некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ ба пешрафти назаррас ноил гардид. Дар робита ба ин, мехоҳам ба кишвари Шумо рушди устувор ва расидан ба ҳадафҳои баландро таҳти роҳбарии Шумо таманно намоям.
Мутмаинам, ки муносибатҳои бар дӯстии анъанавӣ ва ҳамраъйии Қазоқистону Тоҷикистон асосёфта минбаъд низ ба манфиати мардумонамон рушд хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломативу неруи бардавом ва муваффақиятҳои бузург дар фаъолияти пурмасъулатон, инчунин, ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ, таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон чунин омадааст:
«Ҷаноби Президент!
Мехоҳам аз номи худ ва аз номи мардуми Франсия Шумо ва мардуми тоҷикро ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саодат ва шукуфоӣ таманно намоям.
Умедворам, ки муносибатҳои неки сиёсӣ миёни кишварҳоямон беш аз пеш таҳким меёбанд. Машваратҳои сиёсии дуҷонибаи дувум, ки миёни вазоратҳои корҳои хориҷиамон моҳи ноябри соли 2017 баргузор шуданд, дастоварде гардиданд ва мехоҳам, ки мо ин раванди некро идома диҳем. Ҳамчунин, ба татбиқи дурнамои умедбахши ҳамкории иқтисодӣ миёни Франсия ва Тоҷикистон умедворам.
Иҷозат фармоед бори дигар ба пайвандони қурбониёни ҳамлаи террористии 29 июл изҳори таслият намоям. Таманно дорам, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот минбаъд низ рушд намояд.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа ибни Зойид оли Наҳён дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:
 «Боиси сарфарозӣ ва хушнудии ман аст, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти тоҷик аз самими қалб табрик намуда, аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш менамоям, ки ба мардуми Тоҷикистон бирасонанд, ки дар ин рӯзи хурсандӣ мардуми Амороти Муттаҳидаи Араб бо онҳо шарик мебошанд.
Ба Ҷаноби Олӣ саломативу саодатмандӣ, комёбиҳои доимӣ ва ба мардуми дӯсти тоҷик некуӣ ва хушрӯзиро орзу менамоям.
Табрикоти самимӣ ва миннатдории маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шумо ва мардуми тоҷикро бо Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош мегӯям.
Бо қаноатмандӣ раванди мусбати таҳкими дӯстӣ ва шарикии бисёрҷонибаи кишварҳоямонро зикр менамоям.
Мутмаинам, ки мо бо нигоҳ доштани ҳадафмандии густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ метавонем иқтидори муносибатҳои дуҷонибаро пурра татбиқ намоем.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодат ва дар маснади олӣ муваффақиятҳои нав, инчунин, ба шаҳрвандони Тоҷикистони бародар, сулҳ, субот ва шукуфоӣ таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар барқияаш навиштааст:
«Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ба мардуми тоҷик аз номи худ ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.
Соли гузашта мо 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Олмон ва Тоҷикистонро таҷлил намудем. Олмон аввалин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки соли 1993 сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Хушҳолам, аз он замон то имрӯз ба мо муяссар гашт, ки муносиботи Олмон ва Тоҷикистонро тақвият бахшем.
Мушовараи сиёсии чанде қабл дар Берлин доиршуда ва сафари Гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба равобит бо Осиёи Марказии Бундестаги Олмон ба Душанбе соли гузашта ба ҳамкории мо такони нав бахшид. Тоҷикистон минбаъд низ метавонад ба дастгирии Ҷумҳурии Федералии Олмон дар таҳкими сохторҳои демократӣ, иқтисоди бозорӣ ва давлати ҳуқуқбунёд эътимод дошта бошад.
Ба муносибати Ҷашни миллӣ ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон тамоми хушиҳо, сулҳ ва некуаҳволӣ таманно дорам».


Рам Натҳ Ковинд, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:
«Ҷаноби муҳтарам!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Ҳиндустон ва аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолиятатон табрику таҳният мегӯям.
Ҳиндустон ва Тоҷикистон бо таърих, забон, анъана, санъат ва фарҳанги муштарак бо якдигар пайванданд. Ин робитаҳо тӯли солҳо муносибатҳои наздик ва дӯстонаро густариш дода, моро ба шарикии стратегӣ оварда расонданд. Ман бовар дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар минбаъд низ густариш ва таҳким хоҳанд ёфт.
Ман умедворам, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар кунам.
Ба Шумо - Ҷаноби Олӣ тамоми хушиҳо ва саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон хушбахтӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно менамоям.
Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба шумо ғанимат медонам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи Истиқлолият самимона табрик менамоям.
Имрӯз Тоҷикистон  дар роҳи рушди устувори иҷтимоию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ собиткорона пеш меравад. Нуфузи байналмилалӣ ва нақши кишвари Шумо дар масоили минтақавӣ рӯз ба рӯз меафзояд.
Робитаҳои Озарбойҷону Тоҷикистон анъанаи бой доранд. Сафари расмии Шумо ба Озарбойҷон моҳи гузашта далели ин анъанаҳост. Мутмаинам, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандамон минбаъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо саломатии бардавом, дар коратон муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳи пойдор ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Полша Анджей Дуда дар барқияаш гуфтааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Полша ва, шахсан, аз номи худам, ба Шумо ва тамоми  мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикот ва таманниёти самимиро изҳор медорам.
Полша ба амалҳои Тоҷикистон оид ба дастгирии амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои ҳамкорӣ ба манфиати рушди давлат иброз медорад.
Ба Ҷаноби Президент ва ҳамаи шаҳрвандон некуаҳволӣ ва дар кори бунёди давлати муосир комёбиҳо таманно дорам».

Дар табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин чунин омадааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Табрикоти самимии маро Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Ман самимона бовар дорам, ки муносибатҳои зичи дӯстона ва ҳамкорӣ, ки дар самтҳои гуногун миёни давлатҳои мо ба роҳ монда шудаанд, минбаъд дар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар, ки ба оянда нигаронда шудаанд,  боз ҳам тақвият меёбанд. Умед дорам, ки ин ба баланд шудани некуаҳволӣ ва хушбахтии шаҳрвандони   ду кишвар, инчунин, таҳкими якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ миёни мардумонамон, мусоидат менамояд.
Ба Шумо, Ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ ва комёбӣ, инчунин, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуфоии бепоён таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи Ҳукумати Туркманистон ва, шахсан, аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрикоти самимӣ ва таманниёти некро ирсол медорам.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, боло бурдани некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Мутмаинам, муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон, ки ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва боварӣ асос ёфтаанд, минбаъд низ ба манфиати мардумони мо рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу некуӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Бо ҷашни миллӣ-Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо самимона табрик менамоям.
Ҷумҳурии Қирғизистон муносиботи дӯстона ва эътимодомезро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунад ва мутмаин бар он аст, ки ҳамкории Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати таҳкими муносибот миёни халқҳои бародари Қирғизистону Тоҷикистон рушд хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Шумо саломатии бардавом, муваффақиятҳо дар фаъолияти давлатӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон чунин омадааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Туркия Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз самими қалб табрик менамоям.
Итминони комил дорам, ки равобити дӯстона ва бародаронаи ду миллат, ки пайванди куҳани таърихӣ ва фарҳангӣ дорад, дар марҳилаи оянда бо ташаббуси муштарак боз ҳам густаришу таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудаҳолӣ таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар барқияаш навиштааст:
«Иҷозат фармоед дар Рӯзи ҷашни миллӣ аз номи худ ва мардуми Ҷумҳурии Италия самимитарин таманниётро ирсол дорам.
Умед бар он дорам, ки риштаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки Душанбе ва Римро бо ҳам мепайванданд, минбаъд низ тақвият ёфта, ба мамлакатҳои мо имкониятҳои навро барои рушд ва ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам меоранд.
Дар ин рӯҳия, барои суханони самимии дастгирона дар робита ба харобшавии пул дар Генуя бори дигар изҳори сипос намуда, ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Покистон Ориф Алвӣ чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо аз номи худ ва аз номи мардум ва Ҳукумати Покистон табрикоти гарму бениҳоят самимонаро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.
Муносибатҳо байни Покистон ва Тоҷикистон бо таърихи муштарак ва мероси умумӣ тавсиф гардидааст. Боиси қаноатмандии бузург аст, ки давоми бисту ҳафт соли охир робитаҳои Покистону Тоҷикистон сабти майлони афзояндаро идома доданд.
Ман барои ҳамкорӣ бо Ҷаноби Олӣ ба хотири рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаамон умедворам.
Бо истифода аз ин фурсат, ҳамзамон, таманниёти беҳтарини худро барои умри дароз, тандурустӣ ва хушнудии Шумо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон рушду рифоҳи ҳамешагиро иброз менамоям.
Ҷаноби Олӣ, ҳамчунин, таҷдиди изҳори ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI  Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудии инҷониб аст, ки ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимитарин табрикот ва таманниёти худро иброз намуда, ба Шумо - Ҷаноби Олӣ, тансиҳатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештарро зери раҳбарии хирадмандонаи Шумо таманно намоям.
Бо дарназардошти муносибатҳои бародарона ва мутақобилан судманд миёни мардумони ду кишвар, ба Шумо - Ҷаноби Олӣ омодагии амиқи хешро барои идомаи муносибот баҳри густариши бештари ҳамкорӣ, ки бар нафъи ҳар ду кишвари дӯст хоҳад буд, иброз медорам».

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг дар номаи шодбошии худ ба унвони Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
«Ҷаноби Олӣ!
Иҷозат фармоед аз номи Давлат ва мардуми Ветнам Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.
Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ рӯйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ менамояд ва бо хушнудӣ мушоҳида намуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар самти рушди кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ветнам ба рушди муносиботи анъанавӣ ва дӯстона бо Тоҷикистон ҳамеша аҳамияти калон медиҳад ва умед дорад, ки ду кишвар барои таҳкими ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардуми ду кишвар, барои сулҳу шукуфоӣ дар минтақа ва тамоми сайёра кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳанд».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Шарафмандам аз номи Шӯрои Федеролии Швейтсария ва, шахсан, аз номи худ ба Шумо - Ҷаноби Олӣ самимитарин табрикотро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям. Ман, ҳамчунин, ба кишвари Шумо сидқан некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Шумо метавонед аз таваҷҷуҳи Швейтсария ба таҳкими эътимоди тарафайн ва дӯстӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаин бошед. Мо хоҳони густариши робитаҳоямон дар солҳои оянда ҳастем.
Ҷаноби Олӣ, лутфан, ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Булғория Румен Радев зимни табрикоти худ овардааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хоҳишмандам табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо омодагӣ ва хоҳиши ҷониби Булғорияро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳоямон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор медорам.
Ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо, инчунин, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.
Хоҳишмандам, муҳтарам Ҷаноби Президент, эҳтиромоти бағояти маро нисбат ба Шумо бипазиред».

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред!
Мутмаинам, ки ҷоннокгардии муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ, татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ба дурнамои дарозмуддат равонагардида ба сатҳи баланди шарики баровардани муносибатҳои Арманистону Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ин, бешубҳа, ба манфиати мардумонамон, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни таваҷҷуҳи самимӣ пайванданд, мебошад.
Ба муколамаи созандаи Арманистону Тоҷикистон дар сиғаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, умед дорам.
Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва некуаҳволӣ, инчунин, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Генерал - губернатори Канада Ҷули Пейетт дар барқияаш навиштааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ман аз номи ҳамаи канадагиҳо Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрику таҳният мекунам.
Тайи зиёда аз 26 соли муносибатҳои дипломатӣ Канада ва Тоҷикистон дар доираи форумҳои мухталиф, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории бомуваффақияти бисёрҷониба доранд. Миёни кишварҳои мо ҳамёрии зич дар соҳаҳои рушд ва амният ба роҳ монда шуда, ҷониби Канада талошҳои байналмилаливу минтақавии Тоҷикистонро дар ин ҷода дастгирӣ менамояд.
Чанде аз ташаббусҳои соли равон робитаҳои моро боз ҳам мустаҳкамтар намуданд. Дар ин росто, Конфронси бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии обро, ки моҳи июн баргузор гардид, зикр карданӣ ҳастам. Мавзӯъҳое, ки зимни он баррасӣ гардиданд, барои Канада хеле муҳим мебошанд ва муҳокимаи онҳо ба рушди муколамаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим саҳми шоён гузошт.
Канада хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар солҳои оянда мебошад.
Хоҳишмандам, таманниёти самимии инҷонибро ба муносибати Ҷашни миллӣ қабул намоед».

Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-о-ча дар барқияаш гуфтааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Мехоҳам аз номи Ҳукумат ва мардуми Шоҳигарии Таиланд ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек изҳор намоям.
Бо хушҳолӣ муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Таиланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр менамоям. Итминон дорам, ки дӯстии мо ва ҳамкории кишварҳову мардумонамон минбаъд низ таҳким меёбанд.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Генерал - губернатори Австралия Петер Косгров дар номаи табрикотии худ навиштааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам ба Шумо самимонатарин табрикотро аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Австралия ирсол намоям.
Австралия муносибатҳояшро бо Тоҷикистон, ки бар манофеи муштарак дар самтҳои муҳим, аз ҷумла амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор асос ёфтаанд, қадр менамояд. Умедвори ҳамкории минбаъдаи кишварҳоямон дар самтҳои мусоидат ба Афғонистон, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва истифодаи устувори захираҳои об мебошам.
Боиси ифтихори Австралия аст, ки ба соҳаи рушди Тоҷикистон тариқи лоиҳаҳои амалӣ дар ҷамоати деҳот мусоидат менамояд. Лоиҳаҳои ахир ба масъалаҳои афзоиши даромади аҳолӣ дар Кӯҳистони Бадахшон ва беҳбуди ҳаёти мардумони дорои имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тамаркуз ёфтаанд.
Мутмаинам, ки равобити дӯстона миёни кишварҳои мо дар соли оянда низ равнақ хоҳанд ёфт».

Ҳасан Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, зимни табрикоти худ овардааст:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Фаро расидани бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.
Боварӣ дорам, ки дар партави кӯшишҳои муштарак, муносибатҳои дуҷониба ҷиҳати таъмини манфиатҳои ду кишвар ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ тавсеа ва тақвият хоҳад ёфт.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он ҷониб ва некуаҳволиву беҳрӯзии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно  дорам».

Дар табрику таҳнияти Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Сарфарозам Шуморо ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният намоям. Аз ин фурсат истифода бурда, ба рушду пешрафти муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо ва халқҳоямон таъкид менамоям.
Ба Ҷаноби Олӣ саодатмандиву саломатии бардавом ва ба давлату мардуми шарифи кишвари Шумо пешрафт ва шукуфоиро таманно менамоям.
Лутфан, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».
Номаҳои табрикотӣ, ҳамчунин, аз Подшоҳи Белгия Филипп, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен, Президенти Руминия Клаус Вернер Йоҳаннис, Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Якуб, Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Матамела Сирил Рамафоса, Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон ва вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров, Подшоҳи Испания Фелипе, Подшоҳи Таиланд Маха Ваҷиралонгкорн, Президенти Ҷумҳурии Филиппин Родриго Роа Дутерте, Раиси Президиуми Босния ва Герсеговина Бокир Изетбекович, Попи Рум Франсиск, ноиби Президент, Сарвазири  Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳокими Дубай Муҳаммад ибни Рошид оли Мактум, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн Ҳамад ибни Исо оли Халифа, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Хорватия Колинда Грабар-Китарович, Президенти Ҷумҳурии Украина Петро Порошенко, Президенти Ҷумҳурии Португалия – Ребело дэ Соуза, ноиби Амири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ ибни Ҳамад оли Сонӣ, муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб-Валиаҳди Абу-Забӣ Шайх Муҳаммад бин Зойид оли Наҳён ва дигарон расиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2018    №: 177-178    Мутолиа карданд: 59

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед