logo

туризм

РОМИТ – МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИРОҲАТ

Дараи Ромит бо табиати зебо, обу ҳавои мусоид, рӯду дарёҳои пуртуғён, мавзеъҳои зиёди истироҳатӣ, парваришгоҳ - резервати «Ромит» дер боз чун минтақаи сайёҳӣ шуҳрат дорад.

Ҷангалзори он бо дарахтони тӯс, сафедор, себи ёбоӣ, нок, ангат ва ҳайвоноти нодири ба Китоби сурхи Тоҷикистон воридшуда – ҷадии сибирӣ, хирси малла ва бабри барфӣ машҳур гаштааст. Зери нишебиҳои кӯҳ ва аз тарафи рости дарёи Ромит миқдори зиёди истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои кӯдакона қомат афрохтаанд.
Тибқи арзёбии мутахассисони соҳа, дараи Ромит барои рушди сайёҳии кӯҳӣ, велосипедронӣ ва қаиқронӣ мувофиқ мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз минтақаи Канаски дараи Ромит то шаҳри Ваҳдат хатсайри обӣ вуҷуд дошт, ки хоҳишмандон дар он  қаиқронӣ мекарданд. Вале, айни замон, барои ташкили ин навъҳои сайёҳӣ инфрасохтори зарурии муосир намерасад.
Бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои истироҳатӣ, табиӣ  ва  таърихӣ,  моҳи  сентябри соли 2000 - ум Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаи истироҳат ва туризм» эълон кардани дараи Ромит ба тасвиб расида буд. Ҳоло ҳамасола дар фаслҳои баҳору тобистон сокинони кишвар ва меҳмонон баҳри сайру саёҳат ва фароғат ба истироҳатгоҳҳо, лагерҳои мактабӣ, боғҳои таҷрибавӣ , коргоҳи гулмоҳипарварӣ, осоишгоҳи «Зайрон» ва базаи сайёҳии Ромит сафар мекунанд. Боиси тазаккур аст, ки  обҳои  осоишгоҳи «Зайрон» шифобахш буда, дар он бемориҳои миёну пой ва буғумҳо  табобат карда мешаванд. Осоишгоҳ метавонад дар як вақт то  200  нафарро қабул намояд. Дар лагерҳои «Ҳамсафар», «Булбулакон», «Коргарҷавонон», «Афсонаи кӯҳӣ», «Академияи илмҳо», «Садбарг», «Мағов», «Явроз», «Роҳи оҳан» ва «Кишоварз» ҳар сол наздики 2800  кӯдаку наврас  истироҳат менамояд.
Дар масофаи 80 км дуртар  аз шаҳри Душанбе, байни дарёҳои  Сардаи Миёна ва Сорбо, дар масоҳати 16 100 гектар Парваришгоҳ-резервати «Ромит» доман паҳн кардааст. Мамнӯъгоҳ бо мақсади ҳифз ва омӯзиши олами ҳайвоноту наботот, маҳдудсозии таъсирҳои антропогенӣ, гузарондани чорабиниҳои барқарорсозии объектҳои табиӣ соли 1959 бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС   Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Роҳ ба сӯи мамнӯъгоҳи «Ромит» сайргоҳи ҳақиқиро мемонад. Аз як тараф кӯҳҳои баланду сарзабз ва аз сӯйи дигар дарёи сертуғёни Кофарниҳон касро ба олами табиии рангорангу зебо ворид месозанд.
Табиат дар Ромит тамоми шоҳкориҳоро ба вуҷуд овардааст. Обу ҳавои муаттар, чашмаҳои обҳои зулол ва гӯшаҳои то ҳанӯз дар ҳолати табиӣ боқимонда сайёҳони зиёди дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, масоҳати резервати биосферӣ якчанд маротиба зиёд карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки сайёҳии экологӣ ва пиёдагардии кӯҳӣ дар он рушд ёбад.  Мамнӯъгоҳ,  ҳамчунин, аз он ҷиҳат аҷибу диданӣ аст, ки дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ ёдгориҳои таърихӣ – қалъаи посбонҳо дар даромадгоҳи мамнӯъгоҳ дар деҳаи Хушон, қалъаи Ҳисорак дар деҳаи Коху ва қарияи калони Шаҳидон пайдо гаштаанд, ки ба асрҳои X – XII тааллуқ доранд.  Тафдонҳои оҳанобкунӣ ва асбобҳои аз филиз сохташуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки аҳолии гирду атрофи қалъа ғайр аз олоти муҳофизатӣ ба тайёр кардани асбобҳои рӯзгор ва истеҳсолӣ низ машғул мешуданд. Мутаассифона, баъзе ёдгориҳои таърихии дар деҳаи Сорбо ҷойгирбуда, то ҳанӯз омӯхта нашудаанд. Ҳамчунин, дар ин ҷо шаршараи «Қайсар» ва чинори куҳани беш аз дуҳазорсола мавҷуданд.
Дар мамнӯъгоҳ метавон  ёдгориҳои сангинро вохӯрд,  ки ба  муҷассамаҳои бузургҷуссаи Хоҷаи Ғор ва Чилдухтарон шабоҳат доранд. Мамнӯъгоҳ дорои осорхона мебошад, ки дар он маҷмӯи  рустаниҳои хушк  (гербарий)  нигоҳ дошта мешаванд.
Олами набототи мамнӯъгоҳ ғанӣ ва рангин буда, то имрӯз пурра омӯхта нашудааст. Зарранг ва арча дарахтони асосии ҷангалзори мамнӯъгоҳ ба шумор мераванд. Ғайр аз ин, дар мамнӯъгоҳ дарахтони чормағз, бодоми талхдона, тӯс, бед, сафедор, себ, олуча, тут, зирк, хуч васеъ паҳн гардидаанд. Хурмои қафқозӣ, ангури ҳисорӣ, чинор, ҷавқосун, холмон аз намудҳое мебошанд, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар ҷангалзори он то 32 навъи ҳайвонот, аз ҷумла савсор, мири мушон, силовсин, бабри барфӣ, хирси малла, гург, рӯбоҳ, маскан гирифтаанд. Дар Китоби сурхи Тоҷикистон 18 намуди ҳайвоноти ширхӯр, ба монанди хирси маллаи тиёншонӣ, ҷайра, бабри барфӣ,  дохил шудаанд.
Вале бо вуҷуди доштани чунин имкониятҳо, шумораи ками сайёҳони хориҷӣ ба дараи Ромит меоянд. Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи мутахассисони соҳа, минтақа ба   ташвиқу тарғиби бештар ниёз дорад. Дар баробари ин, ташкили нуқтаҳои пешниҳоди муваққатии велосипед, хаймаву қаиқ ва либосҳои махсус барои густариши туризм дар ин мавзеъ муҳим мебошад. Ҳамзамон, ҷалби сармоя, таъсиси намояндагиҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва таъминоти кадрӣ аз афзалиятҳое мебошанд, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи масъулон қарор бигиранд. 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2018    №: 180    Мутолиа карданд: 294

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед