logo

иҷтимоиёт

ЭРОДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҒАМХОРОНААНД

Бардошт аз вохӯрии Сарвари давлат бо намояндагони соҳаи тандурустӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил зимни суханронӣ ба ҳамаи самтҳои соҳа дахл намуда, эродҳои бамаврид ва дастуру ҳидоятҳои созанда ироа намуданд.
Дар баробари комёбиҳо Пешвои миллат ба камбудию монеаҳои марбут ба соҳа дахл намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки дар фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ мушкилоте ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо танҳо аз роҳбарону масъулони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста мебошад. Масалан, қисме аз муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо таъмирталаб буда, дар баъзеи онҳо таҷҳизоти муосир намерасад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, баробари дастгирии муассисаҳои тиббиву беморхонаҳои давлатӣ барои рушди муассисаҳои тибби хусусӣ низ ҳамаи заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Лекин, аз рӯи маълумот, дар як қисми ин муассисаҳо таҷҳизоту технологияҳои куҳна, маводи дорувории пастсифат, муҳлатгузашта, бо роҳи қочоқ воридгардида ва аз ташхис нагузашта истифода мешаванд. Баъзе марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои муштарак низ ба чунин камбудиҳо роҳ медиҳанд.
Сарвари давлат вобаста аз сифати маводи доруӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд ва дар ин самт далелҳо оварда, изҳор доштанд, ки агар соли 2000 - ум ба кишвар ба маблағи 25 миллион сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардида бошад, ин рақам дар соли сипаришуда қариб ба 450 миллион сомонӣ расидааст.
Танҳо дар шаш моҳи соли равон 92 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишиву гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шуданд. Аз гузоришҳо маълум мегардад, ки қисме аз чунин маводи доруворӣ ба тариқи қочоқ ворид ва дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Воқеан ҳам, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҳангоми санҷишҳо маҳсулоти зиёди пастсифат ва қалбакиро дарёфт ва мусодира мекунанд. Ин амали номатлубро ҳангоми ворид намудан дар гузаргоҳҳои гумрукӣ пешгирӣ кардан осонтар аст. Пас аз ворид шудан назорати он хеле душвор мегардад.
Ҳамчунин, солҳои охир бархилофи талаботи қонунгузорӣ, бе иҷозатнома, шаҳодатномаи сифат, бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ ва аттестатсияи фаъолияти фармасевтӣ, яъне ғайриқонунӣ ба воридот, содирот, коркард, тайёр намудан, озмоиш ва фурӯши маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набуда машғул шудани шахсони алоҳидаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мушоҳида мерасад.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ саривақтӣ ва хеле муҳим мешуморам, зеро ворид намудан, истеҳсол ва фурӯши дорувории пастсифатро суиқасд ба генофонди миллат ном бурдан месазад.
Эродҳои Пешвои миллат ғамхоронаанд. Дар ҳақиқат, дар кишвар барои бунёди корхонаҳои дорусозӣ тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Ҳарчанд мо аз гиёҳҳои шифобахш баъзе намудҳои дорувориро омода карда истодаем, вале имконоту захираҳои Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифоӣ мавҷуданд, ҳоло ҳам самарабахш истифода намешаванд. Яъне, иҷрои вазифаҳои муҳим моро интизоранд.
Султон БЕКМУРОДЗОДА,
сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2018    №: 180    Мутолиа карданд: 316
06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед