logo

Хабарҳо

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар вилояти Хатлон дар доираи марҳилаи аввали амалиёти «Кӯкнор - 2018», ки аз 20 май то 31 августи соли ҷорӣ идома дошт, 78 ҳолати муомилаи ғайриқонунии маводи нашъадорро ошкор карданд. Дар ин давра аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 550 килогарамм маводи нашъаовар ва 29 бех растаниҳои таркибашон нашъадор дарёфту мусодира шуд.
Дар ин бора намояндаи раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни  ҷаласаи Ситод оид ба амалиёти “Кӯкнор - 2018” иттилоъ дод.
Дар ҷаласа фаъолияти сохтору идораҳои дахлдор дар марҳилаи аввали амалиёт қаноатбахш арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки дар ин давра сарраё-сати кишоварзӣ, раёсатҳои фарҳанг, телевизион ва радиои вилоят корҳои судманд ба анҷом расонданд.
Аз ҷониби роҳбарияти раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пешниҳод шуд, ки дар марҳилаи дуюми амалиёт баҳри дарёфту ошкорсозӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷавонону наврасон ва кишоварзону дигар шаҳрвандон низ ҷалб карда шаванд.
Зокир ҲАСАН, ”Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 206

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед