logo

иқтисод

ЛАХШ. ФАЗОИ МУСОИДИ САРМОЯГУЗОРӢ МУҲАЙЁСТ

Дар ноҳияи Лахш ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ ва  мусоидат ба рушди бахши  хусусӣ, хусусан соҳибкории хурду миёна, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Тибқи иттилои Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, дар нимсолаи аввали соли равон шумораи соҳибкорони  хурду миёна 9,5 дарсад афзуда, ба 590 нафар расид. 112 нафари онҳо бонувонанд.
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018-2020» 140 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии лоиҳаҳо 82,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 46 лоиҳа ба маблағи 17,5 млн. сомонӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ, 48 лоиҳа ба маблағи 32,7 млн. сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 6 лоиҳа ба маблағи 1 млн. сомонӣ ба соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода, 35 лоиҳа ба маблағи 30,2 млн. сомонӣ ба рушди инфрасохтор ва 5 лоиҳа ба маблағи 0,7 млн. сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд.
Айни ҳол аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, шарикони рушд ва соҳибкорон татбиқи 12 лоиҳа ҷараён дорад. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо 523,5 ҳазор сомониро ташкил менамояд.
Ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои   ҳавасмандгардонии  фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ  аз ҳисоби  кормандони   масъули  мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти   давлатӣ,   нозироти    андоз, шуъбаи Агентии меҳнат  ва шуғли  аҳолӣ дар ноҳия,  аъзои шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани  фазои  соҳибкорӣ   ва сармоягузории   назди  раиси  ноҳия гурӯҳи махсуси корӣ таъсис ёфта, тибқи  ҷадвали  тасдиқшуда  дар   маҳалҳо   бо    соҳибкорон   суҳбату     вохӯриҳо  доир    мегарданд.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ба воситаи филиали муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”   дар    ноҳияи   Тоҷикобод    ташкил намудани курсҳои    омӯзиши    ҳунарҳои    мардумӣ  дар 5 ҷамоати деҳа ба нақша гирифта, дар ин ҷамоатҳо тибқи “Барномаи маҳаллии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2018 - 2019” шаш курси кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, дӯзандагӣ, намадрезӣ, гулдӯзӣ ва кандакориро ташкил кард. 120 нафар, аз ҷумла 100 нафар занону духтарон, дар ин курсҳо соҳиби касбу ҳунар ва ҷои кор гардиданд. Дастрасии  соҳибкорон ба қарзҳои бонкӣ  дар нимсолаи якуми соли равон аз тарафи шуъбаҳои  бонкӣ ва қарзии  ҳудуди ноҳия, назири ҶСП « Аввалин бонки молиявии хурд», ФҚХ «Эҳёи кӯҳистон»,  “Амонатбонк”, ФҚХ “Бошуд” хеле беҳбудӣ ёфт. Дар маҷмӯъ ба соҳибкорон барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ ба маблағи 3 391 142 сомонӣ қарзи бонкӣ дода шудааст. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ба 44 нафар соҳибкор, кишоварзон ва ҳунармандон ба маблағи 147800 сомонӣ қарзи имтиёзнок, ба 47 нафар, аз ҷумла  40 нафар ҷавони аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба маблағи 46467 сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии  ноҳия  мақсад дорад, ки  давоми соли  2018 ҳамкориро бо муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» - и назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон хубтар  ба роҳ монда, якчанд лоиҳа, аз  ҷумла лоиҳаҳои   фароҳам овардани инфрасохтори мусоид ва ташкили  минтақаҳои сайёҳӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои  мардумӣ, ба истифода додани марказҳои савдову хизматрасониро амалӣ намояд. Аъзои шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории назди раиси ноҳия ва кормандони бахши сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳия якҷо бо мақомоту идораҳои дигари дахлдор бо соҳибкорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  ҷиҳати густариш додани иқдомоти бунёдкорӣ ва ободгароӣ ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани   маърифати ҳуқуқиву молиявии  соҳибкорон семинару вохӯрӣ ва корҳои  фаҳмондадиҳӣ  гузаронда, онҳоро ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ даъват намуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои соҳибкороне, ки дар амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия,  ташкили ҷойҳои кории нав ва маблағгузории лоиҳаҳо саҳм мегиранд, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кор тадбирҳои амалӣ меандешад, аз ҷумла дар самти  фаъолгардонии сармоягузории хусусӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуҷҷатгузории саривақтӣ ва бемамониати  фаъолияти соҳибкорӣ дар доираи имконияту ваколатҳои худ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки барои бартараф кардани мушкилиҳои соҳа ва боло бурдани савияи касбии соҳибкорон курсҳои омӯзиширо бештар ба роҳ моҳ монад.                               
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 384
01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.06.2020


ХУШХАБАР. 72,4 ДАРСАДИ СИРОЯТШУДАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

ҚУБОДИЁН. БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. АВВАЛИН БОХТҲОИ "ФАЙЗКАНД" ВА "ХАТЛОН"

СУТ: «МО ШОҲИДИ ҚАҲРАМОНӢ ВА ФИДОКОРИИ ПИЗИШКОНИ ТОҶИК БУДЕМ»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 71,2 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУДАНД

НУРОБОД. МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ТАВСЕА МЕЁБАД

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. ДАСТАҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ВА (U-19) БА КАДОМ ГУРӮҲ ШОМИЛ ШУДАНД?

18.06.2020


ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР КАРДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед