logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. ҲАМКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Дар таърихи равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2018 ҳамчун оғози марҳилаи сифатан нави ҳамкориҳо бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд. Зеро дигаргуниҳое, ки дар таҳкими муносиботи дӯстонаи ду кишвар иттифоқ афтод, арзишҳои дӯстиву ҳамсоядории накуи мардумони тоҷику ӯзбекро ба асли хеш баргардонд.

Қобили зикри хос аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин ҷода таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён оварда, ба муносибатҳои дӯстиву бародарии ду миллат рӯҳи тоза бахшид. Натиҷаи ҳамин сафарҳоро бояд оғози гардиши куллии муносибатҳои  нави ҳамкорӣ миёни ду давлати дӯсту ҳамсоя эътироф кард. Чунки ба шарофати ин рӯйдод, дӯстии ду халқи бародар боз ҳам рушду тавсеа ёфт.
Ҳамин буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иброз доштанд: “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.
Ҳангоми сафарҳои дуҷониба даҳҳо созишномаву аҳдномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, масъалаҳои давоми беш аз 20 сол ҷамъшуда аз ҷониби сарони ҳар ду давлат ҳал гардиданд. Дар байни созишномаҳо санади калидӣ ва заминавӣ Созишнома оид ба шарикии стратегӣ мебошад, ки тағйироти бузурги мусбати муносибатҳои ду кишвар аст.
Рӯйдоди дигари муҳим, ки бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои тантанавӣ ба амал омад, ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг” мебошад. Бешубҳа, ин рӯйдоди муҳим ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар  мусоидат хоҳад кард.
Инчунин, бо саъю кӯшишҳои сарони давлатҳо 16 гузаргоҳи сарҳадӣ, ки беш аз бист сол баста буданд, кушода шуда, мардуми ташнаи дидорро ба висоли ҳам расонд. Акнун ба шарофати ин шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои дӯстию хешутабории онҳо таърихи чандинасра дорад, бемамониат рафтуомад мекунанд.
“Мо бояд барои халқҳоямон фазои дӯстиву самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкориро, тавре ки дар замонҳои Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, фароҳам орем”. Ин ҳарфҳои пурҳикмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи баланд бо ҷониби Ӯзбекистон садо доданд, мавриди истиқболи гарми мардуми тоҷику ӯзбек гардид. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо қаноатмандӣ аз натиҷаҳои бадастомада итминон намуд, ки дарвозаҳои дӯстии ду халқи бародар ҳеҷ гоҳ ба рӯи якдигар баста нахоҳанд шуд.
Ҳамин тариқ, ҳамкории ду кишвар на танҳо эҳё гардид, балки ба сатҳи рушди бесобиқа расид, ки дар ин ҷода саҳми сарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам  Шавкат Мирзиёев ниҳоят бузург аст.
Ҷамшед МУРОДАЛИЗОДА,
ходими илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 405

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед