logo

Хабарҳо

Иди асал дар Душанбе

Бахшида ба 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ дар майдони маҷмааи савдои «Меҳргон» - и шаҳри Душанбе Иди асал таҷлил гардид. Мақсад аз баргузории Иди асал, ғанӣ гардондани дастархони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар арзёбӣ мешавад.
Дар пайи таваҷҷуҳи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи занбӯрпарварӣ дар кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Сол ба сол шумораи оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асал меафзояд. Кишварҳои хориҷӣ ба асали Тоҷикистон беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Тоҷикистон бо ривоҷ додани соҳаи занбӯрпарварӣ на танҳо аҳолии мамлакатро бо асал таъмин мекунад, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ мондааст.
Дар тибби мардумӣ ва амалӣ асал воситаи беҳтарини табобати касалиҳои гуногун дониста мешавад. Дар тибби муосир аз асал доруҳои зиёд тайёр карда мешаванд. Яъне, тибби муосир низ асалро ғизо не, балки даво мешуморад.
Беҳтарин занбӯрпарварони кишвар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз сӣ навъи асал, занбӯри асал, шириниҳои аз асал омодагардида, асбобу лавозимот барои ба даст овардани асалро ба маърази тамошо ва бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузоштанд.
Ғолибони озмуни «Занбӯриасалпарвари беҳтарин» аз рӯи 4 номинатсия аз тарафи комиссияи тадорукот муайян гардида, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд. Асалкорони вилояти Суғд ҷойи аввал, вилояти Хатлон ҷойи дувум ва шаҳри Ваҳдат ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Иди асал дар шаҳри Душанбе панҷ рӯз идома меёбад.
Шаҳбоз АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 252

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед