logo

Хабарҳо

САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Варзишгари наврасу умедбахши тоҷик Сафар Комилов (48 кг) дар мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба самбо, ки дар шаҳри Ганновери Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир гашт, бар ҳама ҳарифонаш ғолиб омада, соҳиби мақоми аввал шуд.

Боиси тазаккур аст, ки Сафар чанде пеш дар шаҳри Ҳейделберги Олмон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Саксония» оид ба самбо, ки дар он беш аз 160 варзишгари Олмон, Русия, Чехия ва Словакия иштирок доштанд, низ медали тилло ба даст оварда буд.
Ӯ ҳамагӣ 13 сол дорад ва ҳоло дар пойтахти Олмон – шаҳри Берлин тамрин мекунад. Чуноне аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба мо иттилоъ доданд, меҳри гӯштигириро дар дили Сафар Комилов паҳлавони маъруфи кишвар  Хуршед Маҷидов, ки соли 2015 дар шаҳри Берлин барандаи медали нуқраи  Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо шуда буд, ҷой додааст.
Пас аз чанде бо хоҳиши Сафар  падараш ӯро ба клуби самбои «SAMBO COMBAT GRYPHON»-и шаҳри Берлин мебарад. Ӯ тӯли се соли машқу тамрин дар риштаи самбо зери роҳбарии Устоди варзиш Андрей Герсен, зимни иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни  Аврупо соҳиби беш аз 30 медал мегардад, ки 10-тояш тилло мебошад. Айни замон дар вазни худ дар ин клуби варзишӣ ғолиби мутлақ дониста мешавад.
Қобили зикр аст, ки ӯ ҳамеша бо ифтихор аз комёбиҳо ва дастовардҳои камназири паҳлавонони маъруфи  тоҷик Саидмуъмин Раҳимов, Расул Боқиев, Беҳрӯз Хоҷазода,  Хуршед Маҷидов ва дигарон ба дӯстони олмониаш ҳикоят мекунад.
Бо бовари комил метавон гуфт, ки қаҳрамони мо ҳам ба монанди ин паҳлавонони шуҳратёр дар оянда дар мусобиқаҳои мухталифи байналмилалӣ парчами Ватани маҳбубамонро боз ҳам боло хоҳад бардошт.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 94

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед