logo

иҷтимоиёт

МУРҒОБ. САФИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНД МЕАФЗОЯД

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба пешрафти косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ мусоидат кард.

Саломат Турдуқулова зиёда аз 20 сол  боз  дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маркази ноҳия ба толибилмон аз фанни забони англисӣ дарс мегӯяд. Дар  вақти фориғ  аз  кор  ӯ ҳамроҳи ҳамсараш дар мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки  дар бозори марказии ноҳия бо номи «Этно Сайма» кушодааст фаъолият мекунад. Донистани забони англисӣ барои муомила бо мизоҷон, ки асосан сайёҳони хориҷианд, ёрӣ мерасонад.
Саломат  ҳамкориро бо занони ҳунарманди ноҳия ба роҳ монда, маҳсулоти омодакардаи онҳоро дар мағозааш  ба  фурӯш мегузорад.
- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба пешрафти кори мо такони ҷиддӣ бахшид. Дар доираи роҳандозии тадбирҳо оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандон аз пардохти андоз озод гардиданд ва шавқашон ба ҳунармандӣ зиёдтар шуд, - мегӯяд Саломат Турдуқулова.
Харидорони маҳсулоти ҳунармандии ноҳия асосан сайёҳони хориҷианд. Имсол шумораи сайёҳоне, ки аз ноҳия дидан намуданд, бамаротиб афзуд, аз ин рӯ мағозаи «Этно Сайма» низ фоидаи хуб дид. Ба гуфтаи Саломат, онҳо бо мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандии шаҳри Хоруғ низ ҳамкории доимӣ доранд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастии тоҷикон ва қирғизҳои Мурғобро дар  ин  ҷо  низ  хуш меписанданд.
Занони ҳунарманди ноҳия дар нақшунигору зардӯзиҳо кӯшиш менамоянд, ки бештар аз фарҳанги ҳунарҳои аҷдодӣ кор гиранд. Ҳамчунин, онҳо зардӯзиро ба ҷавондухтарон ёд дода, дар ҳифз ва эҳё намудани ҳунарҳои аҷдодӣ саҳм мегузоранд.
Имсол Саломат Турдуқулова барои гранти президентӣ дархост пешниҳод кардааст ва ният дорад, ки фаъолияти мағозаашро васеъ намуда, шумораи бештари занони хонашинро ба кор ҷалб намояд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, Ҷумҳурият 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 190

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед