logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ АСЛӢ ВА СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатӣ пурарзиштарин дастоварди миллати тамаддунсози тоҷик аст, ки бисту ҳафт сол муқаддам, аввали моҳи сентябри соли 1991, ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Истиқлолият барои тоҷикистониён пойдевори воқеӣ фароҳам овард, ки дурнамои имрӯзу ояндаи миллат ва рушди кишвари азизамонро ба самти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Аммо, мутаассифона, бояд тазаккур дод, ки дар ҷомеаи тоҷик, на ҳама ҷонибдори он буданд, ки соҳибихтиёрии кишвар пойдор бимонад. Як гурӯҳи хурди ифротгароёни динӣ дар Тоҷикистон бо дастури хоҷагони хориҷии худ кӯшиш менамуданд, ки миллати тоҷикро аз давлати миллӣ маҳрум кунанд.
Дар он давраи ниҳоят мураккаб сиёсатмадори дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши Тоҷикистон дар фазои сиёсии ҷомеаи тоҷик ба фаъолияти сулҳпарастонаи худ шурӯъ намуд.
Таҷрибаи давлатдории навини тоҷик бармало нишон дод, ки бо фаъолияти пурсамари сиёсӣ ва байналмилалии худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меъмори аслӣ ва сипари боэътимоди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.
Президенти азизу маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин, Роҳбари давлат интихоб гардиданд ва аз рӯзҳои нахустин дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ роҳеро пеш гирифтанд, ки тавассути он қадам ба қадам кишварро аз ҳолати буҳронӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ берун карда, ба маҷрои сулҳу ваҳдат ва пешрафт роҳнамо сохтанд. Ин нуктаро бори дигар бояд таъкид кард, ки дар дифои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузоштанд.
Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки таҳкими Истиқлолияти давлатии тоҷикон бевосита ба ташаккули институти президентӣ вобастагии амиқ дорад. Зеро маҳз ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буҳрони шадиди солҳои аввали истиқлолият бартараф гардид.
Хусусиятҳои фавқулодаи сарварӣ ба Пешвои муаззами миллат имкон доданд, ки чунин як низоми сиёсие дар Тоҷикистон ташкил гардад, ки он дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ба тамоми хатару таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ муқовимат карда тавонад. Чуноне ки дар боло зикр гардид, асоси ин низомро институти президентӣ ташкил медиҳад. Дар моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Аҳамияти таърихии ташаккули институти президентӣ, пеш аз ҳама, аз он иборат мебошад, ки он дар сарзамини тоҷикон сулҳу суботро пойдор сохта, кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ қадамҳои устувор  мегузорад.  Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад…
Давраи навини давлтасозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии инро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозаргонӣ ва пайвастани низоми иқтисодии Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Баъд аз он ки дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба миён омад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъда се ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатисонӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро муайян намуд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Чунки дар шароити имрӯза инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, то имрӯз бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат чандин лоиҳаи бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар ин давра неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда - 1» ва «Сангтӯда - 2» бунёд гашта, хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Ҷануб - Шимол, Лолазор - Хатлон, Лолазор - Сангтӯда - 1, Лолазор - Сангтӯда - 2 ба истифода дода шуданд.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бошад,  шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ - Мурғоб, Душанбе - Рашт - Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон ва Озодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Боиси зикри хос аст, ки бо шарофати истиқлолият имрӯз Тоҷикистон дар олам чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар эътироф шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ифтихори ҳар тоҷикистонӣ аст. Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон, ки бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, саҳми бузурги кишвар дар рушди демократия дар арсаи ҷаҳон аст ва аз он наслҳои имрӯзу оянда сабақ хоҳанд гирифт.
Бо таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду тавсеа бахшидан ба робитаҳои берунӣ, сиёсати бисёрсамтаро, ки онро сиёсати «дарҳои кушода» низ мегӯянд, пеш гирифта, ҳудуд ва самтҳои ҳамкориро хеле вусъат доданд. Ба воситаи чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар баробари шарикони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба доираи ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи геополитикӣ ва геостратегии ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузургеро анҷом дод. То имрӯз қариб 150 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо 130-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҳамзамон, Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон муомилоти иқтисодӣ ба роҳ мондааст.
Ин ҳама комёбиҳову муваффақиятҳо, ки  дар зарфи бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, натиҷаи заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат мебошанд. Таърих гувоҳ аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон буда, он дар асоси мардумсолорӣ ва беҳтарин арзишҳои демократияи муосири ҷаҳонӣ ва бо такя бо суннат ва анъанаҳои миллии мо бунёд ёфтааст. Ин мавқеи принсипиалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва имрӯз тоҷики ватандору ватанпараст комилан ин мавқеи сиёсии Роҳбари давлатро дастгирӣ менамояд. Зеро муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат кафили рушди Тоҷикистон мебошад.

Рустам ҲАЙДАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дилшод ДАВЛАТЗОДА,
корманди  Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 276

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед