logo

номаҳо

ИНСОФИ МО КУҶО ШУД?

Бешак, ҳар меҳмоне, ки дастикам 2 соли охир ба пойтахт наомадааст, баробари ворид шудан ба аввалин кӯча ангушти ҳайрат мегазад. Хоҳ аз Шарқу Ҷануб ва ё Шимолу Ғарби кишвар. Зеро пеши чашми мо дар шаҳри Душанбе солҳои охир бунёдкориҳо бо суръат ва сифати баланд идома дошта, симои шаҳр аз як моҳ то моҳи дигар тағйир ёфта, зеботару назарработар шуда истодааст.

Аммо мутаассифона, дар муддати на чандон тӯлонӣ аҳволи баъзе аз боғчаҳо, гулгаштҳо ва варзишгоҳҳои хурди пойтахт рӯ ба вайронӣ оварда, фарҳанги нокифояи шаҳрнишинии моро бозгӯ менамоянд.
Махсусан, дар ноҳияи Сино ҳоли баъзе аз боғчаҳои бачагон ташвишовар аст. Аз назди бозори «Сафариён» то пули маҳаллаи 103 зиёда аз даҳ боғчаю майдончаҳо ба мардум хизмат мерасонанд. Онҳоро ҳунармандону устоҳои чирадаст бо санъати баланд оро дода, бо ҳайкалчаву симоҳои ба кӯдакон наздик зеб додаанд. Вале муносибати хунукназарона ба ашёву асбоби боғча, варзишгоҳ ва гулзорони он дили касро сард мекунанд.
Нишастгоҳҳои майдончаи футболро кандаанд, сабади тӯбпартоии баскетболро бо тахтааш канда, зери по афкандаанд, арғунчакҳо ҳама шикаставу пора, дар ҳар тараф партовҳои гуногун пароканда, реги тозае, ки кӯдакон рӯи он бояд бозӣ кунанд, бо пӯсти офтобпарасту боқимондаҳои сигор омехта шудааст ва ҳатто сатилҳои махсуси партовро бо пояшон зада ҳамвор карда, як сӯе ҳаво додаанд, ки кас ангушти таассуф мегазад.
Дар чунин боғчаҳо ба асбоби бозиҳои кӯдакона марду занҳои калонсол ҳам сарукор гирифта, арғунчакбозӣ мекунанд, ба самти дилхоҳашон тӯб мезананд ва бо ин роҳ ба тифлонашон гӯё шодӣ мебахшанд. Ҳол он ки онҳо намунаи ибрат бояд мешуданд.
Мо кай моли ҷамъиятиро моли худамон медонем? Ин саволест, ки касро ба андеша вомедорад. Мо ҳанӯз ҳам дарк накардаем, ки истгоҳ, нақлиёт, варзшгоҳ, боғу хиёбон, чароғҳои сари роҳ ва дигар ашёи атроф дороии ҳамин кишваранд, дороии падару  модар ва худи мо ҳастанд.
Ҳайратовар аст, ки байни садҳо калонсолони атроф касе пайдо намешавад, то беадабонро сарзаниш намуда, аз моли ҷамъиятӣ дифоъ намояд. Аз дилсӯзӣ бо баъзе онҳо тезу тунд ҳам шудем вале бесуд. Чаро, ки касе бо шумо ҳамовозӣ намекунад ва баръакс шуморо шум мебинанд, ки аз ҷои лозиму нолозим сар мехалонӣ. Ин бетарафии сокинон, бавижа калонсолон хуб нест ва ба масал, теша ба решаи худ задан аст.
Вале бо вуҷуди ин, аз масъулон хоҳиш мекардем, ки назди боғчаю варзишгоҳҳо посбон таъйин намоянд ё худ камераи назоратӣ насб гардад ва касони бепарвою беадаб мувофиқи кирдорашон ҷазо бубинанд. Чунин тарзи ҳифзи ҷойҳои ҷамъиятӣ дар баъзе аз гӯшаҳои шаҳр ҷорӣ шудааст ва амалкарди онҳо дар ин маврид ҳам судманд хоҳад буд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  сокини Душанбешаҳр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 453

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед