logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

18 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон - раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардид.
Мутобиқи моддаи 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифа озод ва барои ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон таъйин намудани Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардидани Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон розигӣ дода шуд.
Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин, дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал бароварда шуд.
Сардорони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳамзамон сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, ба вазифаҳои сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшон аз ҳисоби мутахассисони варзида, кордону поквиҷдон ва содиқ ба давлату миллат ба вазифаҳо таъйин карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябр бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот карда, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ, фаъолияти номукаммали мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмини волоияти қонун ва бартараф намудани ҷинояткории муташаккил ва амалҳои нангин, инчунин дигар камбудиҳо, изҳори нигаронӣ карда буданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳ, убури ғайриқонунии сарҳад, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти мамлакат ба кадрҳое, ки дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, суд ва корҳои дохилӣ таъ-йин гардиданд, вазифаҳои мушаххас гузошта, онҳоро барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти ҳукумати вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдошта, таъмини волоияти қонун ва татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.
- Беҳбудии сатҳи зиндагии ҳар як сокини вилоят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва решакан кардани омилҳои монеи рушду пешрафти вилоят аз фаъолияти шаффоф, матонату ҷасорат ва поквиҷдонии ҳар яки шумо вобастагӣ дорад, - таъкид намуданд Сарвари  давлат  дар ҷамъбасти суҳбат.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 248

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед