logo

маориф

Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов узви ассотсиатсияи байналмилалӣ гардид

Чанде пеш бо даъвати Академияи варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато Кунгураи 13-уми байналмилалии олимон, ректорони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, раисони кумитаҳои миллии олимпӣ ва дигар кормандони воломақоми федератсияҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Варзиши муосири олимпӣ ва варзиш барои ҳама» баргузор гардид. Дар ин кунгура кишвари моро Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи давлатии  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов намояндагӣ кард. Мухбирамон  Абдулқодири Раҳим бо ӯ дар ин хусус ҳамсӯҳбат шуд.

-Фикр мекунам, ки бори аввал намояндаи кишвари мо дар чунин як кунгура ширкат варзид. Албатта, аз рӯи номи чорабинӣ дарёфтан мушкил нест, ки ҳадаф аз ин ҳамоиш чӣ буд, аммо шарҳу тафсилоти Шумо мақсудро рӯшантар месозад.
-Воқеан, бори нахуст намояндаи кишвари мо дар чунин як чорабинии муҳими сиёсию варзишии байналмилалӣ иштирок дошт. 7 октябри соли равон донишкадаи мо ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷаҳон якдилона пазируфта шуд. Ба ин ассотсиатсия олимони маъруфу шинохтаи соҳаи тарзи ҳаёти солими 53 кишвари дунё низ шомиланд. Аввалин кунгураи ассотсиатсия соли 1993 баргузор шуда буд. Ва мувофиқи низомнома ҳуқуқи иштирок дар кунгура пас аз шомил гардидан ба ассотсиатсия ба вуҷуд меояд.
-Ва чаро то ин муддат донишкада узви ассотсиатсия нашуд?  Умуман, узвият ба пешрафти таълиму тарбия ва сайқал додани маҳорат мусоидат карда метавонад?
-Албатта. Ва ба ин хотир зарур шумурдем, ки узви  ассотсиатсияи бонуфузи дунёӣ бошем.
Дуруст аст, ки аз оғоз, яъне аз соли 1993 мо бояд ба ин ассотсиатсия дохил мешудем. Хоҳиш буд, аммо имконият набуд. Биёед, вазъи иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва донишкадаи моро дар он сол ба хотир биёрем. Магар шомили чунин ҳамоишҳои бузурги илмию сиёсии ҷаҳонӣ гардидан ба осонӣ даст медод? Не. Ба ҷуз ин раванди таълиму тарбия ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ набуд, агарчи донишкада бо дастпарварону паҳлавонони номӣ шӯҳрати хоса дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсири манфии худро расонид. Инчунин мақомоти идораи давлатӣ дар ин соҳа давоми солҳои охир панҷ маротиба дигар шуд. Миқдори чорабиниҳои варзишӣ кам гардид.
Хушбахтона, аз баракати истиқлоли давлатӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, боло рафтани иқтисоди кишвар соҳа рушду равнақи тоза ёфт. Маблағгузорӣ ба он беҳтар шуд. Баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ кишвари моро беҳтару бештар дар ақсои олам муаррифӣ намуд. «Рӯзи дави олимпӣ» ва «Рӯзи дави миллӣ» дар мамлакат  ба ҳукми анъана даромад. Спартакиадаҳои бонувон, бозиҳои байналмилалии самбочиён, бозиҳои 5-уми кишварҳои Осиёи Марказӣ, мусобиқаҳои варзишии ҷавонону наврасон ва дигар чорабиниҳо бори дигар собит кард, ки ба варзиш дар кишвари офтобрӯя таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.
Боиси зикр аст, ки дар ҳамин моҳе, ки мо узви ассотсиатсия гардидем, дар шаҳри Уралски Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷоми Ҷаҳон оид ба самбо донишҷӯёни мо Бобури Насимҷон ва  Ризвониддин Бурҳонов ҷойи сеюми мусобиқаро соҳиб гардиданд. Донишҷӯён Анвар Юнусов дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба бокс дар Италия, Мурод Тӯйчиев дар мусобиқаи ҷаҳон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ дар Дания, Асомуддин Сангов дар чемпионати Осиё оид ба вазнбардорӣ дар шаҳри Тошканд, Умед Бобокалонов дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Непал бомуваффақият иштирок намуданд.
Муҳассили дигари донишкада, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Акмалиддин Қурбонов дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба самбо, ки дар Булғория баргузор шуд, соҳиби ҷоизаи тилло ва унвони ғолиби мусобиқаи ҷаҳонӣ гардид. Донишҷӯ Айниддин Қурбонов бошад, дар ин мусобиқа танҳо дар бозии ниҳоӣ шикаст хӯрд. Яъне ӯ ба ҷойи дуюми мусобиқа баромад.
-Дар  кунгура кадом масоил баррасӣ гардиданд?
-Кумитаҳои олимпӣ, варзиши наврасону ҷавонон, мушкилоти пешбурди варзишии бонувон, ҳамкориҳо байни кумитаҳои ҷавонон, варзиши макотиби олӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар ҳамоиш таҳлилу баррасӣ шуданд. Пешниҳод гардид, ки дар шумораҳои наздиктарини моҳномаи варзишии ассотсиатсия мақолаҳои илмии устодони соҳаи донишкадаи мо ба табъ расад. Дар ҷараёни кунгура шартномаҳои ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Украина ба имзо расид. Чунин шартномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳову донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва кумитаҳои олимпии Русия, Қазоқистон, Молдавия, Ӯзбекистон, Муғулистон низ баста шуд. Ин имкон фароҳам меоварад, ки аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар шавем, олимони шинохтаи соҳаро аз дигар мамолик  ба таълим фаро хонем, машваратҳо баргузор намоем, дар навиштани китобҳои дарсӣ, рисолаҳои илмӣ ҳамкориҳо судманд дошта бошем.
-Албатта, яке аз кунгураҳо дар кишвари мо низ баргузор мегардад.
-Бале. То ин замон чунин кунгура дар Русия, Украина, Белорусия, Полша доир гардида буд. Аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки яке аз ин кунгураҳо дар пойтахти кишвари мо- шаҳри Душанбе баргузор гардад. Пешниҳодро хуш ва якдилона пазируфтанд. Оид ба ин қарори ассотсиатсия ба тасвиб мерасад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 759

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед