logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ "АКАДЕМИЯИ УМУМИҶАҲОНИИ КЕМБРИҶ"

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Британия 28 апрели соли 2017 санги асос гузошта, ҳамон вақт сохтмончиёнро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят карда буданд.
Инак, бинои мактаби муосир дар давоми якуним сол бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланди меъморӣ бунёд ва бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимии мазкур 6847 метри мураббаъ ва масоҳати умумии сохтмонии он 2345 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Муассиса аз ду бинои 3 - ошёна бо таҳхона ва болохона ва як бинои 2 - ошёна иборат мебошад.
Дар мактаби мазкур 640 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо ошхона бо 150 ҷойи нишаст, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва синфҳои болоӣ мавҷуд аст. Дар муассиса синфхонаҳо барои омӯзиши фанни таълими меҳнат, аз ҷумла азхудкунии пухтупаз, синфхонаи муҳандисӣ барои омӯзиши технологияи муосир, ҳавзи оббозӣ, синфхонаи махсус барои омӯзиши рақсҳои гимнастика ва балет, толори варзишӣ, ҳуҷраи ивази сарулибос ва толори маҷлис барои 90 ҷойи нишаст, ҷойгир мебошанд.
Таълим дар муассиса тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим англисӣ мебошад. Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва таҳсилоти умумӣ дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.
Пас аз хатми муассиса ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дода шуда, онҳо метавонанд таҳсили худро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Япония ва ғайра идома диҳанд.
Омӯзгорону устодон аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усулҳои муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, муассисон ба нақша гирифтаанд, ки то соли 2020 баъди аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҷудо гардидани қитъаи замин барои хонандагони синни аз 18 то 23 - сола коллеҷ бунёд намоянд.
Баъди шиносоии пурра бо шароиту имконоти мактаби нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои бунёди чунин як муассисаи муосири таълимӣ баҳои баланд доданд.
Дар саҳни ҳавлии муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон суҳбати самимӣ доир карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2018    №: 186    Мутолиа карданд: 283
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед