logo

Хабарҳо

Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Ҳамкории судманди Тоҷи-кистону Корея беш аз пеш густариш ёфта, сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, ки моҳи апрели соли 2015 сурат гирифта буд, заминаро барои  татбиқи барномаҳои стратегии Тоҷикистон – бунёди неругоҳҳои хурду миёна ва бузург, эҳёи Роҳи бузурги абрешим фароҳам оварда,  ҳамкории ду кишварро ба сатҳи комилан нав ворид менамояд.
Ин нукта дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси  Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо Маҷлиси намояндагон  Ким Сонг Тэ дар Душанбе зикр шуд.
Гуфта шуд, ки дар пешбурди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ - техникӣ назаррас буда, барои ҳамкорӣ дар бахшҳои  тиҷорат, саноат, энергетика  имконияти бештар вуҷуд доранд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки таҷрибаи Корея дар татбиқи технологияҳои муосири  иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию  иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои марбутаи Тоҷикистон қарор гирад. Бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии  Корея дар Тоҷикистон ниҳоят муфид аст. Инчунин, ифтитоҳи Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОIСA) дар  Тоҷикистон қобили дастгирист.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 183

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед