logo

сиёсат

ТТЭ ҲНИ АЗ БУНЁД ЗИДДИМИЛЛИВУ ХУРОФОТЗАДА БУД

Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки дар оғози Истиқлолияти давлатӣ роҳбарону муассисони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо сармояи хоҷагони хориҷиашон вазъияти сиёсиву иҷтимоии мамлакатро печида карда, сабабгори ҳалокати беш аз 150 ҳазор одам гардиданд.
Раванди воқеоти гузаштаву имрӯза ва аъмоли ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун абзори бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангине, назири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, бесубот кардани вазъи дохилии Тоҷикистон даст набардоштаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони бурунаашон пул меситонанд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд.
Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро метавон аз матолибу гузоришоти ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, дарёфт. Қаламбадастони хоину беномус ба маҳзи ризоияти муассисонашон аз ҳеҷ дурӯғу тавтеасозӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд ва гумон аст, ки барои ислоҳи худ дар ин самт гоми мусбат бардоранд. Зеро чунин бешарафӣ одати деринаву зотии ин гурӯҳи аввомфиреб буда, ба масали тоҷикӣ «Тарки одат амри муҳол аст»…
Ба ёд орем, ки саркардагони наҳзат дар оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҷойи ҳимоят аз истиқлолияти сиёсии кишвар ва арзишҳои миллӣ барои расидан ба қудрат мардуми ноогоҳро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба пойтахти кишвар оварда, мунтаҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд. Он замон, масири тақдирсӯзе, ки душманони миллат мардуми дур аз сиёсатро ба он ворид карданд, роҳи садамавӣ буд, зеро на танҳо истиқлолият, балки вуҷуди давлат зери хатар қарор гирифта буд…
Хушбахтона, дар партави сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон аз чунин вартаи ҳалокат ва нобасомониҳо раҳо шуда, вориди марҳилаи нави созандагӣ гардид. Вале, рушди бонизоми кишвар ва иттиҳоди миллӣ ҳамоно ба аъзои ТТЭ ҲНИ хуш намеомад, ки мунтаҳо дар идомаи ҷиноятҳои сангини хеш моҳи сентябри соли 2015 ба кӯшиши амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ даст заданд. Хушбахтона, исёни Абдуҳалим Назарзода алайҳи давлат ва мардуми тоҷик, ки таҳти роҳбарии раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ роҳандозӣ шуд, ноком гардида, гурӯҳи ҷинояткор дар назди халқу Ватан шармсор шуданд. Ҳаракатҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳи террористӣ бо далелҳои қотеъ собит шуда, 29 сентябри соли 2015 фаъолияти он аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 16 ҳизбу ҳаракати террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон гардид.
Баъд аз ин ҳодиса шаҳрвандони фирефташудаву гумроҳ, иштибоҳоти гузаштаи худро дарк карда, аз сафи ҳизби террористӣ берун шуданд ва тавре маълум саркардаҳои наҳзатӣ ба хориҷи кишвар фирор намуданд. Далели собитшуда аст, ки феълан ТТЭ ҲНИ бо зиёда аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ташкилотҳои террорис- тию экстремистӣ, ба монанди «Ҳаракати исломии Туркистони ғарбӣ», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Салафия», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат - ун - Нусра», ҳамкорӣ дошта, аъзои он бо амалҳои ифротию террористии худ дар амри ангезиши зиддияти фарҳангу тамаддунҳо, давлату миллатҳо ва мардуми осоишта талош меварзанд.
Аз ин рӯ, ҳар даъвое, ки ин гурӯҳи худбохта оид ба озодиву озодандешӣ пеш меоварад, ҳарфи дурӯғе беш нест. Зеро исботи дурӯғпардозиву тавтеасозии террористони наҳзатӣ кори мураккабе набуда, бо як нигоҳ ба таъриху роҳи тайкардаи ТТЭ ҲНИ ҳамаи воқеиятҳо пеши назар меоянд. Ҳеҷ як фарди худогоҳ инкор нахоҳад кард, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст.
Ҷӯрабек ОДИЛЗОДА, сармутахассис оид ба корҳои
дини Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2018    №: 187    Мутолиа карданд: 209

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед