logo

сиёсат

НИШАСТАНДУ ГУФТАНДУ ХӮРДАНДУ РАФТАНД

Иштирок ва суханронии роҳбарони ҷинояткори эътилофи нави наҳзатӣ, ки дар он танҳо ҳарфу ном аз паймони миллисту халос, чандест, дар расонаҳои гурӯҳӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сархати ахбор бадал шудааст ва дар фазои иттилоотӣ, ҳамчунон, ҳангома бармеангезад. Ба хотири чӣ ин ҳама ҳангомасозию худситоии наҳзатиҳо? Албатта, ба хотири иҷро кардани нақшаю тарҳҳои душманони берунӣ, ки сармоягузори Кабирию ҳаммаслаконашанд.
Раҳбари фирории ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ тавассути найрангбозию иғвогарӣ ва фазлфурӯшиаш созмонҳои ифротии «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо”- ро аввал ташкил дода, сипас бо онҳо иттиҳод баст. Аммо, ба иллати шинохтани симои воқеии раҳбарияти наҳзатӣ ва шахси Кабирӣ, ду созмони дигари мухолиф - Анҷумани неруҳои созанда (Додоҷон Атовуллоев) ва созмони ифротии “Гурӯҳи 24” аз пайвастан ба ин эътилофи сунъӣ (ИНОТ-2) худдорӣ варзиданд. Ин маънои онро дорад, ки ТТЭ ҲНИ имрӯз асосан аз хешу табор ва наздикони Кабирӣ иборат буда, ҳатто дар байни чанд нафар мухолифи муқими Аврупо ҳам ҷонибдор надорад. Аз ин ҷост, ки эътилофи сохтаи Кабирӣ умри дарозе нахоҳад дошт, чаро ки ба он ҳатто тарафдорони имрӯзиаш ҳам эътимоди решаӣ ва бунёдӣ надоранд.
Набояд фаромӯш кард, ки барои пардапӯш кардани ниятҳои султахоҳӣ, пулпарастӣ ва рифоҳталабӣ М. Кабирӣ усулан аз василаҳои маъмули риёкории сиёсӣ ва иҷтимоӣ кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муқаддасоти динӣ ва сиёсӣ - Худо, дин, мазҳаб, Қуръон, Паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорӣ, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, парламентаризм ва амсоли инҳо бозӣ карда, ҳар яки вожагони калидиро дар ҷояш бо ҳадафи ба даст овардани султа, қудрати сиёсӣ, маданӣ ва тиҷоратӣ суистифода мекунад. Мусоҳибаҳо, суханрониҳо ва матолиби ӯ аз корбурди вожагони болоӣ моломол аст ва тавассути политтехнологияи навин ҷомеаро таҳти фишори равонӣ ва сиёсӣ қарор медиҳад.
Эътилофи наҳзатиҳоро, ки дар пардаи ташкилаи сиёсии “Паймони миллии Тоҷикистон” пинҳон шудааст, ТТЭ ҲНИ ва созмонҳои ба он наздик бо ҳимояту пуштибонии мафкуравию молиявии хориҷӣ таъсис намуданд ва Кабирӣ худро дар раъси он қарор дод. Зиёда аз ин, муддатҳост М. Кабирӣ ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи дигарандешони дохилию хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки дар ҷаласаю нишастҳои гуногун  ҳаммаслаконашро бо таъбири «аврупоӣ шудем дигар» садо карда, онҳоро ба тарзи аврупоии суҳбату гузориш доданҳо ҳидоят намояд. Бо ин васила ҳадсу гумонҳоро нисбат ба созмони ифротгарои наҳзатӣ будани ТТЭ ҲНИ тадриҷан аз миён бардорад. Ин аст, ки дунболи фирефтану гул задани муҳоҷирини тоҷик мегардад ва бо суханҳои дурӯғи худ домани онҳоро пур аз чормағзи пуч мекунад.
Дар нишасти ахири САҲА дар Варшава Кабирӣ ва ҳампаймононаш аз қабл омодагии ҷиддӣ гирифта буданд. Гузоришҳои Кабирӣ ва ҳампаймонҳояш дар ҳошияи конфронси солонаи Варшава тақрибан қавли бузургонро мемонд: “нишастанду гуфтанду хӯрданду рафтанд”. Оре, дар ҷаласаҳо ширкат варзиданд (яъне нишастанд), суханронии пурвоҳима карданд (яъне гуфтанд), аз хони оростаи мизбонони конфронс ҳар чӣ буд, ба ком андохтанд (яъне хӯрданд) ва охируламр бо як ҷаҳон умеду ормон ба “ватан” - ашон - Олмон рахти сафар барбастанд (яъне рафтанд). Тамоми моҷаро, шӯру ҳамҳама ва дамдамаи ба ном неруҳои оппозитисионӣ, вале дар асл террористӣ ҳамин буду бас.
Пас, пурсише дар зеҳн чарх мезанад ба ин мазмун: Ба чӣ дарде мехӯрд ин ҳама воҳимаю ҳангомасозӣ, шиорпароканию худафрӯзӣ, худситоию риёкорӣ, сафсатагӯйию фазлфурӯшӣ? Ба ҳеҷ дарде. Бо фаъолияти муғризона ва иғвогаронаи худ наҳзатиҳо танҳо як мақсадро, ки ҳамеша дарди асосии онҳо буду ҳаст, пайгирӣ мекунанд ва он - ҳукуматхоҳӣ ва салтанатҷӯйӣ мебошад, ки дар хун ва рагу пайванди ҳар як наҳзатии фурсатталаб ҷӯш мезанад. Таъкиди ин нукта зарурист, ки ТТЭ ҲНИ ва роҳбари гурезаи он качкӯли гадоӣ дар даст дар Аврупо доллару евро металабад, то ба дардҳои қудраталабию зӯргӯйиаш марҳам шаванд ва як дараҷа хуруҷи марази хатарноки мансабталошӣ ва қудратталабиашро пойин кунанд. Мардум ҳанӯз дар гузаштаи дур дар ҳаққи ин навъ одамон, ки бо гузашти садҳо сол бӯйи гадоӣ ва тамаъкорӣ аз либосашон намеравад, баҳои ҳақиқӣ дода буд (манзур ҳамон мисраи машҳури “сад сол гузарад, бӯйи гадоӣ наравад”).
Мавриди баҳс дар суҳбату суханрониҳои ахири М.Кабирӣ босмачиёнанд ва аз ин тоифа (босмачиён) қаҳрамон тарошидан дигар ба шиорпарокании рӯзмарраи ӯ табдил ёфтааст. Ин шеваи қаҳрамонсозӣ қаблан - дар охири солҳои ҳаштодум, ибтидои марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ ва чанд муддат аз тарафи иддае аз ҳангоматалабон муд шуда буд ва Кабирӣ дар суҳбатҳои Варшава онро аз нав ба ёд оварда, худро ба ҳамақидаҳои дохилиаш пайваст. Ҳадди ақал дар бораи “хидматҳо”-и Фузайл Махсум дар ҳаққи нахустин муаллимаҳои кӯҳистонӣ маълумоти дақиқ дорад ва яқин медонад, ки онҳо алайҳи озодӣ ва истиқлолияти мардум мубориза бурда, барои ба ҳадаф расидан хуни ҳазорон нафарро рехтаанд. Гумон мекунам, Кабирӣ хуб медонад, ки босмачиён кӣ буданд ва барои халқу миллати тоҷик чӣ ваҳшату даҳшатеро ба ҷо гузоштаанд. Аммо дидаву дониста аз онҳо пуштибонӣ мекунад, чаро ки маҳз босмачиён ва пуштибонони хориҷии онҳо ҳадафҳои наҳзатиро дунбол мекарданд ва барои роҳандозӣ кардани барномаҳои динӣ - мазҳабӣ, бахусус рӯйи кор овардани ҳокимияти мазҳабзадагон ва дуздону ғоратгарон талош намуда буданд. Аз ин ҷост, ки Кабирӣ авлоди худ ва наҳзатро дар симои босмачиёну рӯҳониёни мутаассибу ғосиб зинда кардан мехоҳад ва ин “стратегия”- ро дар суҳбатҳои ахираш дар ҳошияи нишасти Варшава пешниҳод кард. Муҳимтар аз ҳама, ӯ аз ҳозирони нишаст тақозо намуд, ки ин пешниҳодро ҳаводорӣ намуда, дар ин самт аз тамоми имконот истифода баранд. Аммо таърих ҳарфи дурустро зада, газофаҳои наҳзатиро ба ҷояш гузошта ва мегузорад. Ба истиснои баъзе таърихнигорон, ки аз сиёсати зидди босмачигарии Шӯравӣ бадашон меомад, таърихро таҳриф мекунанд ва босмачиёнро қаҳрамонони миллӣ муаррифӣ месозанд. Босмачиҳо мисли наҳзатиҳо ашхоси беҳувият буданд ва барои онҳо на истиқлолияти миллӣ, балки истиқлолияти мазҳабӣ муҳим буд. Тоифаи босмачӣ истиқлолияти мазҳабиро низ ба хотири сарватро зиёд андӯхтан, ғоратгарию тороҷгарӣ ва болои мардум фармонфармоӣ кардан мехостанд. Босмачиёнро, чи дар гузашта ва чи имрӯз метавон дар симои муллоҳои наҳзатӣ мушоҳида кард. Ин аст, ки Кабирӣ ва кабириён бо ҳар роҳу васила мехоҳанд онҳоро сафед кунанд ва қаҳрамонони миллӣ муаррифӣ созанд.
Фаридун ОРИЁӢ,
таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 182

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед