logo

Хабарҳо

Соро Умарова - сазовори шоҳҷоиза

Дар кохи фарҳанги шаҳри Исфара даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» баргузор гардид.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақсади фестивал-озмун эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тарғиби сарулибоси аз ҷиҳати экологӣ тоза, эҳёи анъанаву ҳунарҳои суннатии миллӣ, меҳнати хонагии занону духтарон, мебошад.
Дар он ҳунармандони мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон, дӯзандагони инфиродӣ ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат ва аз рӯи чор шарт – намоиши беҳтарин либоси кӯдакона, расмӣ, идона ва арӯсию домодӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Зимни ҷамъбасти озмун, ҳакамон ба маҳсули дасти тарроҳи маркази хизматрасонии «Пайванд» Соро Умарова баҳои баланд дода, ӯро сазовори шоҳҷоиза донистанд.
Ёдовар мешавем, ки алҳол дар шаҳри Исфара 12 коргоҳи атласу адрасбофӣ ва 4 корхонаи қолинбофӣ фаъолият дошта, дар шаҳру деҳоти он ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили юрмадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, алочабофӣ, кешбофӣ, қуроқдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ ва сабадбофӣ ривоҷу равнақ доранд.
Бахтовар КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 222

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед