logo

сиёсат

ТТЭ ҲНИ. ТАШКИЛОТИ БАЛВОГАР

Ташкилоти террористӣ ва зиддимиллии ҲНИ, ки даъво аз пуштибонии дину мазҳаб менамояд, дар тамоми замони фаъолияти хеш ба ҷуз аз суистифода намудан, аз бовару эътиқоди мардум ба манфиати худ, амалеро барои миллату давлати Тоҷикистон анҷом надодааст. Ин созмони ифротгаро бо номи дину оин аз аввали пайдоишаш фазоро пур аз афкори заҳрогин намуда, ҳазорон нафарро гумроҳ намуд ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои шуму нопоки хеш ба ҷанги шаҳрвандӣ боис гардид. Кишварро хароб гардонда, миллатро дар ҳоли нобудӣ қарор дод. Сарфи назар аз ин, ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризоияти иҷтимоӣ, тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва аъзои он ба вуқӯъпайвастаро бахшиданд ва ба ин ҳизб иҷозати дубора ба таври расмӣ фаъолият кардан доданд. 

Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ тайи солиёни дароз ҳамеша бар пояи тарҳи озору гилоя ва шикваю шикоят домони интиқоди муғризона барзада, боиси буғранҷ ва мураккаб шудани вазъ дар кишвар мегардиданд. Зимнан, собиқаи пурдоғи ТТЭ ҲНИ гувоҳи он аст, ки сохтани низоми сиёсии динӣ - мазҳабӣ, ки бар пояи таассубу ҷаҳолати мазҳабӣ таҳаққуқ меёбад,  мароми ин ҳизб аз оғоз то ба охир будааст. Ба таъбири сареҳтар, хати маши ТТЭ ҲНИ, чи дар собиқ ва чи имрӯз, ҳамоно бо роҳи суистифода аз бовару эътиқоди мардум бунёди ҷомеа ва давлати динӣ - теократӣ буда ва мебошад.
Барои таҳаққуқ бахшидани  амалкардҳои наҳзатӣ ва аз онҳо истифода намудан ба манфиатҳои геосиёсии хеш баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба таври ошкору пинҳонӣ  то ба имрӯз аз роҳбарияти ТТЭ ҲНИ  ситоиш карда, ба ин восита теша бар решаи низоми сиёсии дунявии минтақавӣ, ки озодандешӣ ва инсонмеҳвариро дар баробари тамомиятхоҳии динӣ-мазҳабӣ тақдир менамояд, мезананд. Имрӯз ҳам фирориёни наҳзатӣ дар хоки бегона туҳматзаниҳою ғаразкориҳоро алайҳи Ҳукумат бо ҳар роҳу васила идома медиҳанд. Ин нодидагирӣ, бетаваҷҷуҳӣ, ғаразпардозӣ, кинатӯзӣ, шайёдӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ихтилофангезию иттиҳомзанӣ ба кори рӯзмарраи масъулини фирории ҳизби террористӣ дар хориҷ табдил ёфтааст.
Хабару гузоришҳои расонаҳои наҳзатӣ ва хабаргузориҳои ба он наздик аз сиёсати давлат ва Ҳукумат дар қиболи ТТЭ ҲНИ ва муҷримони он шадидан интиқод карда, зиндонӣ кардани ононро ғайриқонунӣ арзёбӣ менамоянд. Расонаҳои муғриз ҳуҷҷат, аснод, шавоҳид ва далоили шайъие, ки рӯйи дасти мақомоти тафтишотӣ қарор доранд ва равшантар аз ин, кирдори хашин ва тавтеаталабонаи онҳоро, ки чун рӯзи рӯшан маълум аст, амдан нодида мегиранд. Фаҳмидан мушкил нест, ки дар ботин ва сиришти ҳар роҳбари қудратталаби наҳзатӣ ғурур, такаббур, фиреб, найранг, ҳилакорӣ, ғараз, кина, бухл, адоват, бадбинӣ, бадандешӣ, нафратварзӣ ва амсоли инҳо барин хислатҳои манфури ахлоқӣ  ниҳон аст, ки ҳангоми суҳбату гуфтугӯҳои онҳо буруз мекарданд. Мутаассифона, имрӯз ҳам дар ҷисму рӯҳи аксари муҷримини наҳзатӣ, ки назди додгоҳ ва адолати судӣ ҷавоб мегӯянд, метавон дарди султагирӣ ва тамомиятхоҳиро ба хубӣ мушоҳида кард. Мунтаҳо, ғаризаҳои қудратталабию салтанатхоҳии роҳбарияти олии ҳизб буд, ки ТТЭ ҲНИ-ро ба созмони террористӣ ва экстремистӣ бадал карда, миёни мардум беобру сохт. Шармандагии солҳои навадуми асри бист бояд барои роҳбарияти ин ҳизб сабақ мешуд, аммо эҳсоси қудратталабӣ ва супориши «саҳҳомон» дубора роҳбарияти ин ҳизбро ба омода кардани кудатои сиёсӣ - низомӣ савқ дода, ҳизбро дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва радди маърака кард.
Ҳатто имрӯз ҳам расонаҳои ба ТТЭ ҲНИ наздик, пас аз интишори ҳукми судӣ, ки аз он анқариб се сол сипарӣ мешавад, дар нисбати муҷримини ҳаводиси ибтидои моҳи сентябри соли 2015 (аъзои раёсати олии ҲНИ) садо баланд намуда, ҳукми додгоҳро ғайриодилона унвон мекунанд. Маълум аст, ки роҳбари фирории наҳзат ва «обсофкунҳояш» чун анъана аз беадолатии додгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар шикоят мебаранд, гилагузорӣ мекунанд ва бо ин роҳ худро «мусичаи бегуноҳ»  талаққӣ карда, сармояи гарон дармеоваранд. Ин як технологияи сиёсии онҳо аст, ки бо ин восита мехоҳанд хешро аз банди ҷиноят озод намуда, бо роҳи хиёнат ба давлату миллат аз «саҳҳомон» сармоя ба даст оранд. Худро ба дари созмонҳои байналмилалӣ мезананд ва аз роҳи дурӯғу шайёдӣ даъвои ҳуқуқи башар мезананд. Охир то ба кай «худсафедкунӣ» ва «бадкунӣ» - и наҳзатӣ идома меёбад ва то кай ин авомфиребӣ давом мекунад? Барои нафарони худбохтаи беномус, ки бо пулу сармояи «саҳҳомон» амал мекунанд, ҳеҷ арзише вуҷуд надорад, илло бароварда кардани хоҳиши хоҷа. Аз инҳо ҷуз фақру бадбахтиву монеасози барои кишвар, чизи дигаре ба миллат намерасад. 
Эҳсони ИЛҲОМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 259

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед