logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ кард.

Барои иштирок дар ин ҷаласа сарони давлатҳои аъзо ва дигар меҳмонони олимақом ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Қабл аз оғози кори ҷаласа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои иштирокчӣ: Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президентҳои Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Молдова Игор Додон, Озарбойҷон Илҳом Алиев, Русия Владимир Путин, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини раиси девони вазирони  Туркманистон Пурлӣ Агамуродов ва раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедевро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзӯъҳои асосии дигар, аз қабили қабули таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ, баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гашт. Дар ин давра бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Иттиҳод бастаи калони санадҳо омода шуда, барои рушди шарикии гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод, барои дар сатҳи баланд ташкил кардани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ баҳои баланд доданд. 
Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ва Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенко, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, ҳамраиси Фонди ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ Михаил Швидкой иштирок ва суханронӣ карданд. Дар интиҳои ҷаласа як қатор қарорҳо оид ба:
Дар бораи Конвенсияи ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади сулҳ;
Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941 - 1945;
Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар;
Дар бораи соли 2021 татбиқ кардани Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Дар бораи эълони соли 2021 ҳамчун “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
Дар бораи Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2019-2023;
Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории соҳаи технологияҳои иттилоотӣ;
Дар бораи ворид кардани тағйирот дар Низомномаи Шӯрои вазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
Дар бораи роҳбари Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
Дар бораи раиси Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
Дар бораи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Бозии ҷаҳонии кӯчнишинҳо;
Дар бораи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 90 - солагии Чингиз Айтматов қабул гардиданд.
Ҳамчунин, қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2019 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардад.
Дар бораи натиҷаҳои кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳорот доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 282

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед